30 саволу ҷавоб аз фанҳои ҷамъиятӣ

1. Маҷлиси Олӣ чист? Мачлиси Олӣ – парламенти ҶТ, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии халқ мебошад.

2. Парламент чист? Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор буда, дар Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ ном дорад.

3. Маҷлиси Олӣ аз чанд палата иборат аст? Маҷиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.

4. Маҷлиси Миллӣ чист? Палатаи болоии Маҷлиси олӣ буда, ба таври ғайримустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзоён ба таври ғайримустақим интихоб мешаванд, як ҳиссаи онро (8 н.) Раиси Ҷумҳур пешниҳод мекунад.

5. Маҷлиси Миллӣ чанд аъзо дорад? Маҷлиси Миллӣ мувофиқи Конститутсия 33 аъзо дорад.

6. Маҷлиси намояндагон чист? Палатаи доимо амалкунанда ва касбӣ мебошад. Мутобиқи Сарқонун 63 аъзо дорад.

7. Давлати демократӣ чист? Демократия калимаи юнонӣ буда, ҳокимияти халқ аст. Давлати демократӣ давлатест, ки дар идоракунии он халқ ба воситаи мақомоти намояндагӣ ё бевосита иштирок мекунад.

8. Давлати ҳуқуқбунёд чист? Давлате, ки ба ҳуқуқ асос меёбад. Давлате, ки волоияти қонун, кафолати давлати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият вуҷуд дорад.

9. Волоияти қонун чист? Волоияти қонун маънои онро дорад, ки қонун барои ҳама як хел аст. Аз коргари оддӣ то сардори давлат вазифадор аст, ки онро риоя кунад.

10. Кафолати давлатии қонун чист? Кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон. Давлат бояд иҷрои ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намояд.

11. Ҳокимият ба кадом рукнҳо (қисмҳо) тақсим мешавад? Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад: Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ. Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад. Дар ҶТ Ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ буда, халқ бо воситаи намояндагонаш дар таҳияву қабули қонунҳо иштирок мекунад. Хокимияти иҷроия – раиси он президенти ҷумҳурӣ буда, ба он ҳукумат дохил мешавад. Ҳокимияти судӣ – ба таркиби он суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди Олии иқтисодӣ ва суди ҳарбӣ дохил мешаванд.

12. Нишонаҳои давлати демократиро гӯед? Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халқ интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст. Гуногунандешӣ – плюрализми афкор вуҷуд дорад. Таҷзияи (тақсими) ҳокимият вуҷуд дорад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия , судӣ. Бо шаҳрвандон дар конститутсия ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дода мешавад. Дар давлати демократӣ иктисоди бозоргонӣ амал мекунад.

13. Шаклҳои идоракунии давлат. Шаклҳои идоракунии давлат ду хел аст: монархия ва республика. Монархия – яккаҳукумронӣ буда, мутлақ ва конститутсионӣ мешавад, республика – ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, иштироки васеи халқ таъмин шуда, сардори давлат интихобӣ аст сарқонун ва мақомотҳои қонунгузору намояндагӣ, иҷроия ва судӣ вучуд дорад.

14. Ҷумхурият чист? Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад. Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор – парламент мавҷуд буда, халқ намояндагони худро ба ин интихоб мекунад ва онҳо ирода ва манфиатҳои халқро ифода менамоянд. Ҷумҳурият Сарқонуни худро дорад. Сардори давлат ба роҳи интихоби умумихалқӣ ба муҳлати муайян интихоб мешавад.Ҷумҳурият президентӣ , парламентӣ ва омехта мешавад.

15. Ҷумҳурияти президентӣ чист? Дар Ҷумҳурии президентӣ – президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавҷуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад. Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, президенти он сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) аст. Ваколат (салоҳият)-и президент самтҳои сиёсати хориҷиро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад, вазорату кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро бо роҳи пешниҳод кардан ва маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон таъин ва озод мекунад. Раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳоро таъин ва озод мекунад.

16. Тартиботи сиёсӣ чист? Тартиботи сиёсӣ – ин усули амалисозии ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа аст. Ин дар натиҷаи ҳамкорию зиддияти қувваҳои сиесӣ, фаъолияти тамоми муассисаҳои сиесӣ ба вуҷуд меояд. Тартиботи сиёсӣ мефахмонад, ки ҳокимият чӣ хел амалӣ мешавад, бо роҳи бовар кунонидан, дар асоси қонун ё бо роҳи зӯрӣ. Типҳои тартиботи сиёсӣ: демократӣ ва зиддидемократӣ. Типи зидди демократӣ: тоталитарӣ ва авторитарӣ мешавад.

17. Шакли давлатдории Тоҷикистон? Шакли давлати Ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президент аз тарафи халқ ба таври умумӣ, мустақил, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад. Сохтори давлати Тоҷикистон унитарӣ – ягона, содда буда, мақомотҳои олӣ ва маҳаллии идоракунӣ вуҷуд дорад.

18. Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед. ҶТ давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. ҶТ ва Тоҷикистон ҳаммаъноаянд. Давлати соҳибихтиёр давлатест, ки аз ягон давлати дигар вобаста набуда, мустақилона сиёсати дохилию хориҷиро амалӣ месозад, дорои ҳудуд, забон, Сарқонун, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аст. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он дин ва муассисаҳои динӣ ба корҳои давлат ҳуқуқи дахолат кардан надоранд.

19. Суруди Миллии Тоҷикистон:

Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод. Зи дуррии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо Ту аз умеди рафтагони мо нишонаи, Ту баҳри ворисон чаҳони ҷовидонаи Хазон намерасад ба навбаҳори ту, Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаи, Бақои ту бувад, бақои хонадони мо, Мароми ту бувад, мароми ҷисму ҷони мо. Зи ту саодати абад насиби мост, Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

20. Раиси ҳокимияти иҷроияи ҶТ кист? Раиси ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) дар Точикистон президент – Раиси Ҷумҳур аст (моддаи 64 конститутсия)

21.Вилояти суғд, шаҳри Хуҷанд ва ҶТ чӣ қадар аҳолӣ доранд? Вилояти Суғд беш аз 2 миллион, шаҳри Хуҷанд беш аз 180 ҳазор, ҶТ 8 миллион.

22. Калонтарин шаҳрҳои ҶТ, марказҳои вилоятҳо кадоманд? Калонтарин шаҳрҳои чумҳурӣ – Душанбе, Хучанд, Кўлоб, Кўрғонтеппа, Турсунзода, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Ҳисор аст. Маркази вилояти Суғд – Хучанд, маркази вилояти Хатлон – Курғонтеппа, маркази вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Хоруғ аст.

23. Қаҳрамонони Тоҷикистон кистанд? Ин унвони олии давлати Точикистон буда, бо ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ шудааст. Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум мебошанд.

24. Қаҳрамонони Чанги Бузурги Ватанӣ кистанд? Аз Точикистон Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 55 нафар буда, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Туйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Неъмат Қаробоев ва дигаронанд. Дар шаҳри Хуҷанд ба шарафи онҳо хиёбон ташкил шуда, суратҳои қаҳрамонони вилоят гузошта шудааст.

25. Адибони машҳури халқи тоҷик (аз адабиёти классики ва муосир) Адибони машҳури халқи тоҷик Рудакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, К. Хуҷандӣ, Ҷомӣ… С. Айнӣ, М. Турсунзода, Сотим Улуғзода, А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, М. Қаноат, Лоиқ, Фарзона…

26. Асосгузори адабиёти классикӣ ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик кист? Рӯдакӣ ва С. Айнӣ

27. Ходимони барҷастаи илми ҶТ кистанд? С. Айнӣ (аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон), Б.Ғафуров, С. Умаров (дуюмин президенти АФ Тоҷикистон) Акбар Турсунов, Мухаммадчон Шакурӣ…

28. Ходимони намоёни давлатии ҶТ кистанд? Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Б. Ғафуров, Т.Улҷабоев, Ҷ.Расулов, Р. Набиев, Қ. Махкамов, Эмомали Раҳмон.

29. Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон кай қабул шудааст; он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст? Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, аз 10 боб, 100 модда иборат аст. Боби I Асосҳои сохтори Конститутсионӣ. Боби II Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд. Боби III Маҷлиси Олӣ. Боби IV Президент Боби V Ҳукумат. Боби VI Ҳокимияти маҳаллӣ. Боби VII Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон. Боби VIII Суд. Боби IX Прокуратура. Боби X Тартиби тағйири Конститутсия.

Ба Конститутсияи ҶТ ду маротиба иловаҳо ворид шуд. Дар натиҷаи райъпурсӣ аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003. Дар натиҷаи райпурсии соли 1999 парламенти Тоҷикистон ду палатагӣ доимамалкунандаи касбӣ шуда, мӯҳлати интихоби президент на зиёда аз ду бор шуд. Соли 2003 мӯҳлати интихоби президент 7 сол шуда, ҳак дорад аз 1 бор зиёд интихоб шавад. Мӯҳлати ваколати судяҳои халқӣ аз 5 сол ба 10 сол гузаронида шуд.

30. Рамзҳои давлати Тоҷикистон кадомҳоанд ва моҳияти онҳо. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ мебошад.

  1. ZikRiAlloH:

    Асаллом Алайкум илтимос чавобхои саволхои имтихони зоологияи синфи 7-ропартоед????

  2. Ташаккури зиёд ба Маъмурияти сомонаи Maktab.tj барои чунин маълумотхои лозима.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *