140 – саволу ҷавоби тестӣ аз фанни экология

1. Табиат чист?
Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, маҷмўи нисбатан собит ва муташаккиле, ки дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст.
2. Биосфера чист?
Калимаи юнонӣ буда, био –ҳаёт, сфера кура. Қабати махсуси Замин, ки дар он организмҳои зинда маскун ёфтаанд.
3. Атмосфера чист?
Пардаи ҳавое, ки моро иҳота кардааст, калимаи юнонӣ атмо- буғ, сфера қабат мебошад.
4. Истилоҳи экосистемаро кадом сол, кадом олим пешниҳод кардааст?
Соли 1935 А.И Тенслӣ.
5. Асосгузори илми биосфера кадом олим мебошад?
В. И. Вернадский.
6. Биомасса чист?
Миқдори умумии организмҳоро дар рўи замин биомасса меноманд. Аз калимаи юнонии био – ҳаёт, масса -миқдор гирифта шудааст.
7. Атмосфера аз кадом қабатҳо иборат аст?
Аз 5 – қабат, тропосфера, стратосфера, мезосфера, экзосфера, термосфера.
8. Хок аз кадом қисмҳо иборат аст.
Сахт, моеъ, газ ва организмҳои зинда.
9. Эрозия чист?
Аз таъсири обу ҳаво шуста ва хароб шудани қабати болоии хок (калимаи юнонӣ- эрозис шуста шудан аст).
10. Омили антропогенӣ чист?
Омилҳое, ки дар натиҷаи фаолияти инсон ба вуҷуд меоянд ва ба организмҳои зинда таъсироташонро гузошта, сабаби тағйири муҳити зист мешаванд.
11. Таъсири омили биотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад, кадомҳо.
Фитогенӣ, зоогенӣ, микрогенӣ – 3 намуд.
12. Омили биотӣ чист?
Таъсири мутақобилаи байни фардҳо, популятсияи намудҳо ва ҷамоаҳост.
13. Таъсири инсон ба муҳит чанд намуд аст?
2 намуд -бошуурона ва тасодуфӣ.
14. Чанд фоизи нури Офтоб ба Замин омада мерасад?
43%
15. Таркиби химиявии ҳаво аз кадом газҳо иборат аст? бо %?
Нитроген 78.09%, оксиген 20,95%, гази аргон 0,93%, гази карбонат 0.03%.
16. Ҳаёт дар руи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4,3 милион сол пеш;
17. Синэкология чист?
Аз калимаи юнонии син -ҳамроҳ, якҷоя таркиб ёфтааст.
18. Мутализм чист?
Як намуди ҳамзистии организмҳо, ки барои ҳарду тараф фоидаовар аст.
19. Замин нисбат ба Офтоб чанд маротиба хурдтар аст?
555000 маротиба
20. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда ва ғайри зинда, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд. .
21. Эйдэкология чист?
Шакли намудҳои омўхташуда калимаи юнонӣ буда, маънои намудро дорад.
22. Гидрофитҳо чист?
Растаниҳое, ки дар ҷойҳои обӣ ва соҳили дарё мерўянд (калимаи юнонии гидро – обӣ аст).
23. Кадом шогирди Арасту оид ба растаниҳо маълумот пешниҳод кард?
Теофраст
24. Биомасса ба чанд қисм ҷудо мешавад?
3- қисм, биомассаи хушкӣ, биомассаи хок, бимассаи уқёнуси олам.
25. Популятсия чанд намуд мешавад?
3-намуд.
26. Геосфера чист?
Номи умумии табақаи замин, ки аз литосфера, гидросфера иборат аст (калимаи юнонии гео – замин, сфера – кура).
27. Дар рўи замин чӣ қадар намуди ҳайвонот ва наботот паҳн шудааст?
1,5 млн ҳайвонот, 3,5 млн растаниҳо.
28. Омили абиотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад?
3 гурўҳ, иқлимӣ, эдофикӣ, орографӣ.
29. Планктон, нектон ва бентос чист?
Калимаҳои юнонӣ, плактос- беҳаракат, нектос- шиновар, бентос – чуқурӣ мебошад.
30. Омили экологӣ чист?
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаолият ва хусусиятҳои фардҳо, популасияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд.
31. Муҳити ишғолкардаи организмҳо кадомҳоянд?
4 қисм: обӣ, хушкӣ, фазоӣ, организмҳои зинда ҳамчун муҳити зист.
32. Ҳаёт то кадом баландӣ вуҷуд дорад?
20 км.
33. Биосеноз чист?
Калимаи юнонии био- ҳаёт, сайнос – умумӣ мебошад. Маҷмўи организми зинда, ки дар қитъаи муҳити муайян якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар робитаи мутақобиланд, ки ба зисти онҳо таъсир мерасонад.
34. Таҳмонии экологӣ чист?
Мавқеи дар низоми умумӣ биосеноз, силсилаи равобити биосенотикӣ ва талабот ба омилҳои абиотии муҳит таҳмонии экологӣ номида мешавад.
35. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
143,1 млн.км.кв.
36. Экология ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?
Экологияи аҳолӣ, ҷонварҳо, кайҳон, химия, биология, муҳит (ва ғайра).
37. Демэкология чиро меомўзад?
Асосан миқдор, сабабҳои тағйирпазирӣ, афзоиш, фавт, сину сол, рафтор ва таъсири тарафайни популятсияҳоро ба муҳити зист меомўзад.
38. Қонуни ҷумҳури оиди ҳифзи табиат кай қабул шудааст?
Соли 1993 27-декабр, ки аз 12 фасл иборат аст дар моддаи 74 оварда шудааст.
39. Истилоҳи экологияро кадом олим ва дар кадом асараш кай пешниҳод кардааст?
Аввалин шуда соли 1866 табиатшиноси олмон Э. Геккел «Морфологияи умумии организмҳо» пешниҳод кардааст.
40. Аутэкология чиро меомўзад?
Робитаи мутақобилаи фардии ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳоро ба муҳити атроф, устувории онҳоро ба омилҳои биотӣ меомўзад.
41. Экология чиро меомўзад?
Муносибати организмҳои зинда, наботот, ҳайвонот в микроорганизмҳоро байни худ ва бо муҳити атрофро меомўзад.
42. Мезосфера чист ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Қабати мобайни атмосфера аз 50-55 км. то 80 км. баландӣ дораду (калимаи юнонӣ мезо- мобайн сфера кура).
43. Дарозии экватор чанд км аст?
40076км
44. Нейстон чист?
Организмҳое, ки ба пардаи қабати поёнии об часпида, дар рўи он ё дар зери он ҳаракат намекунанд. (калимаи юнонии нейстон –ғайришиновар).
45. Дарозии нурҳои аён чӣ қадар аст?
Аз 433 то 70 нанометр
46. Мафҳуми ноосфераро кадом олим, кадом сол пешниҳод кардааст?
Э. Леруа соли 1927
47. Шиддати оптималӣ чист?
Шиддати омилҳоеро, ки барои фаъолияти зиндагии организмҳои зинда мусоидат мекунад номида мешавад.
48. Чанд фоизи кураи Замин дар зери таъсири инсон қарор дорад?
56%.
49. Гемостазияи популятсия чист?
Нигоҳдошташавии шумораи якхелаи фардҳо дар популятсия.
50. Биосфера кадом қабатҳоро дар бар мегирад?
Атмосфера (тропосфера), гидросфера, литосфераро то чуқуриҳои 2-3 км.
51. Экосистемаҳо чанд намуданд?
2 намуд: табиӣ, кишоварзии сунъӣ.
52. Робитаи трофикӣ чист?
Як намуди зинда ё фавт шудани намуди дигар ё боқимондаи моддаҳоеро, ки дар натиҷаи фаъолияташ ҷудо мешавад, истеъмол мекунад.
53. Биосенозҳо чанд намуд мешаванд?
2 намуд: сернамуд , камнамуд.
54. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда в ғайризиндаро, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд.
55. Мафҳуми экологияро бори аввал кӣ пешниҳод кардааст?
Э. Геккел.
56. Истилоҳи биосенозро кадом олим пешниҳод кард?
К. Мебиус.
57. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр дохил мешаванд?
Арал.
58. Аменсализм чист?
Муносибати як ё ду намуд, ки барои як намуд зараровар барои намуди дигар на фоида дорад на зарар (калимаи лотинӣ амен – аблаҳ, беақл).
59. Муҳити зист чанд намуд аст?
2 намуд: доимӣ, муваққатӣ.
60. Популятсия чанд намуд дорад?
3 намуд: таназуллӣ, ивазшаванда, муқаррарӣ.
61. Гидробионт чист?
Аз калимаи гидро –об, био – ҳаёт гирифта шудааст.
62. Ч. Дарвин шакли талош ва муборизаи зиндагиро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардааст?
Муборизаи дохили намудӣ, байни намудӣ, шароити номусоид.
63. Гидробионтҳо ба чанд намуд ҷудо мешаванд?
3 намуд: плактон, нектон, бентос.
64. Кул чист?
Пастхамии табии бо об пуршуда.
65. Автотроф чист?
Калимаи юнонӣ буда, авто худ, трофо ғизо, хӯроку ғизогирии организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд.
66. Кадоме аз конҳои гази табиӣ ба Тоҷикистон таалуқ дорад?
Қизилтумшуқ.
67. Бактерия чист?
Намуди организми якҳуҷайрае, ки ядрои муқаррарӣ надорад бо роҳи тақсимшавӣ афзоиш мекунанд.
68. Зичии ҷойгиршавии фардҳои популятсия кадомҳоянд?
Таваллудшавӣ, миқдори фавтшудагон, афзоиш, суръати афзоиш.
69. Инсоният дар як сол чӣ қадар литр оксиген фурў ва чӣ қадар гази карбонат хориҷ мекунад?
644738 млрд. литр оксиген, 559640 млрд. литр карбонат хориҷ мекунад.
70. Асосгузори илми хокшиносӣ кадом олими рус аст?
Докучаев В. В.
71. Тропосфера чист?
Қисми калонтарин, аз рўи масса қабати калонтарини атмосфераи Замин мебошад.
72. Пеститсидҳо чӣ гуна модда мебошад?
Моддаҳои химиявие, ки барои маҳви касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо пешбинӣ шудаанд.
73. Омил чист?
Сигналҳои ба организм дохилшавандаро меноманд.
74. Ҳаёт дар рўи замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4 милион сол пеш.
75. Муҳит чист?.
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаъолият ва хусусиятҳои фардҳо, популятсияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд.
76. Вирус чист?
Организмҳои то ҳуҷайра буда, фақат дар таркиби ҳуҷайраҳои организмҳо дохиланд, зист ва афзоиш мекунанд.
77. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1959 Дарвин.
78. Қабати ионосфера аз кадом баландӣ оғоз мешавад?
Аз баландии 80км
79. Усули математикӣ, биологӣ, моделсозӣ дар куҷо гузаронида мешавад?
Вазифаи созиши моделҳои гуногун оиди таркиб, шумора ва рафтори популятсияюҳо ва силсилаҳои экологиро таҳқиқ мекунад.
80. Синэкология чиро меомузад?
Таркиби пайдоиш, инкишоф, муносибати организмҳоро дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи онҳоро ба муҳити зист меомўзад.
81. Мавзўъҳои таҳқиқоти экологӣ кадомҳоянд.
Популятсияҳои организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема.
82. Эрозия чанд намуд мешавад?
Эрозия бо таъсири об, бод, одам.
83. Ҷамъи олами ҳайвонотро чӣ меноманд?
Фауна меноманд.
84. Ба омили эдафикӣ чиҳо дохил мешавад?
Растаниҳо бо ҳайвонот.
85. Аввалин организмҳо дар дохили кадом муҳит ба вуҷуд омадааст?
Муҳити обӣ.
86. Шакли ҳаёт чист?
Гурўҳи растаниҳо ва ҳайвонҳоро меноманд, ки аз ҷиҳати шакл, қад, таъби тараққӣ хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ шабеҳи якдигар мебошанд.
87. Популятсия чист?
Аз калимаи юнонии популс – халқ, аҳолӣ гирифта шудааст.
88. Кули Сарез дар кадом дарё пайдо шуд?
Мурғоб.
89. Чанд фоизи масоҳати заминро об ишғол кардааст?
71%
90. Ифлосшавии радиоактивии биосфера ба кадом омили экологӣ вобастагӣ дорад?
Ба омили антропогенӣ
91. Усулҳои гирифтани пеши роҳи ҳашаротҳои зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ.
Истифода бурдани усулҳои биологӣ
92. Дар олами наботот нисбати ифлосии муҳити атроф эҳсосноктарин кадом шўъба ҳисоб мешавад?
Гулсангҳо ва ушнаҳо
93. Кай ва кадом сол кули Сарез пайдо шуд?
20 феврали соли 1912
94. Гидросфера чист?
Қабати обии кураи заминро гидросфера меноманд.
95. Пиряхи калонтарини Осиёи Марказӣ кадом аст?
Федченко
96. Биосфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм, гидросфера, литосфера, атмосфера
97. Сарватҳои зеризаминӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд?
Маъданӣ, ғайримаъданӣ, сузишворию энергетикӣ
98. Гидросфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм, обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои зеризаминӣ, обҳои дар таркиби атмосфера мавҷуд буда.
99. Ноосфера чист?
Ноосфера сфераи хирад ё кураи ақл аст.
100 Бедленд чист?
Заминҳои корношоям.
101. Дар Тоҷикистон чанд кӯл вуҷуд дорад?
1300 кӯл
102. Яке аз калонтарин кӯли Осиёи Миёна кадом кӯл аст?
Қарокул
103. Аз 71%-и обе, ки кураи Заминро ташкил кардааст чанд фоизаш оби шафоф ширин аст?
3%
104. Дар Тоҷикистон чанд дарё вуҷуд дорад?
947 дарё
105. Чанд фоизи заминҳои Тоҷикистон кишт карда мешаванд?
6%
106 Релеф чист?
Пасту баландиҳои хурду бузурги рўи Замин мебошад.
107. Кулҳои Яшилкул ва Зоркул дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ ҷойгиранд?
Дар Помир
108. Дар сурати харобшавии қабати озонӣ кадом касалиҳо авҷ мегирад?
Саратони пуст
109. Назарияи боришҳои ишқориро кадом олим пешниҳод кард?
Р. Смит
110. Кадом олим китоби «Таърихи ҳайвонҳот» нисбати ҳайвонҳо маълумот додаст?
Арасту
111. Кадом олим китоби «Таърихи табиӣ»-ро навиштааст?
Плиней
112. Кадом олим дар асари худ «Гидрогеология» оиди таъсири организмҳои зинда ба сатҳи Замин итилоъ додаст?
Ж. Б. Ламарк
113. Истилоҳи биосенозро кадом олим ба экология дохил кард?
Э. Геккел
114. Китоби экологияи ҳайвонҳоро кадом олим навиштааст?
Ч. Элтон
115. Кадом қабати осмон нурҳои ултрабунафшро 6500 маротиба км. менамояд?
Қабати озонӣ
116. Шумораи гази карбон дар таркиби фазо ба чанд фоиз расидааст?
15%
117. Дар натиҷаи зиёдшавии кадом газ боришоти турш ба вуҷуд меояд?
N
118. Манбаи асосии гази карбонати ҳаво кадомҳоянд?
Вулуонҳо, гармчашмаҳо, сӯзиши сарватҳои табиӣ, ҳаракати нақлиёт, нафаскашии мавҷудоти зинда.
119. Оксигени атмосфера аз чӣ вобастагӣ дорад?
Фаъолияти растаниҳои автотрофӣ
120. Миқдори ҳаво чӣ қадар аст?
5000 трлн тонна
121. Илмҳои биологиро ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд?
Илмҳои бунёдӣ –таксономӣ
122. Дар натиҷаи хушкшавии кадом баҳр ҳар сол 150 млн тонна намакҳои гуногун ва пестисидҳоро бод парешон мекунанд?
Баҳри Арал
123. Ҳаҷми умумии оби кураи замин чӣ қадарро ташкил мекунад?
1,4 млрд км3
124. Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра чанд фоизи масоҳати заминро ишғол менамоянд?
71%
125. Дарозтарин Дарёи Тоҷикистон кадом аст?
Дарёи Сир
126. Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Айвоҷ
127. Калонтарин дарёҳои Осиёи марказӣ кадомҳоянд?
Аму, Сир
128. Кадом Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ камобтарин ва чанд фоизи масоҳати он биёбон мебошад?
Қарокалпокистон -20%;
129. Канали Қайроқум аз кадом дарё об мегирад?
Сирдарё
130. Кадом дарё резишгоҳ надорад?
Зарафшон
131. Маҳали серборишоттарин дар ҳудуди Тоҷикистон кадом аст?
Хоҷа-Обигарм, Варзоб
132. Кадом намуд иқлим дар Тоҷикистон бартарӣ дорад?
Мӯътадили континентӣ;
133. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1859 Дарвин пешниҳод кард.
134. Обро бо чанд усул тоза месозанд?
Механикӣ, биологӣ, химиявӣ,
135. Кадом сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оби тоза эълон кард?
Соли 2003
136. Кадом сол экология ҳамчун илми мустақилона эълон карда шуд?
Соли 1910
137. Қони намаки Хоҷа Мӯъмин дар кадом минтақа ҷойгир аст?
Восеъ
139. Формулаи озониро нишон диҳед?
О
140. Уфуқ чист?
Қисми ба назар намоёни маҳал.

  1. Ассалому алейкум ман мехостам шумо саволхои тести барои имтихони синфи 9 аз фанни химия,алгебра ва таърихро бахри мо дар сайтатон чой медодед хуб мешуд

  2. Ин кори моён не ёфта ба шумо равон кунем шумо бояд ёфта бахри мо пешниход кунед.

  3. Муслим:

    Саволу чавобхои тести аз таьрих хамрох мекаодед бехтар мешуд!

  4. салом Ман мехостам саволу чавоб аз фанни биология (синфи 5-11) гирам илтимос равона кунед.

  5. али:

    салом.маводхои аттестатсияро дар хаминчо мо дастрас карла метонем ё ки не?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *