Се сагу як гург

Рӯзе се саг як гургро дар қарибиҳои деҳа дида, ӯро таъқиб карданд. Се саг сиёҳу хокистаррангу зард забонҳояшонро бароварда, беист аз қафои гург медавиданд. Гург мегурехту сагҳо медавиданд.

Давиданд, давиданд, билохира гургро мадори гурехтан намонд. Ва он хаставу бемадор ба сари баландӣ баромаду ду пойи қафояшро ба тагаш гирифта нишасту ба сагҳо рӯ оварда гуфт:

-Истед, канӣ, бигӯед, ки барои чӣ шумо маро таъкиб карда истодаед?

Ин гап сагҳоро ҳайрон кард: дар воқеъ, чаро онҳо худро дар азоб монда, гургро таъқиб кардаанд? Сагҳо дар муқобили гург истода ба фикр рафтанд.

-Ту саги кӣ? –гург дандонҳояшро ҷиз карда аз саги сиёҳ пурсид.

-Ман саги чӯпон,-ҷавоб дод саги хокистарранг.

-Ман саги қассоб, -ҷавоб дод саги хокистарранг.

-Хуб, -гуфт гург сарашро ҷунбонда. Пасон ӯ ба саги зард рӯ оварда пурсид:

-Хӯш ту саги кистӣ?

-Ман саги кулол, -ҷавоб дод саги зард. Баъд аз он гург ба саги сиёҳ рӯ оварда гуфт:

-Ту, саги сиёҳ, ҳақ дорӣ, ки маро пеш кунӣ, зеро ман аз рамаи соҳиби ту гӯсфанд рабудаам. Саги сиёҳ сар ҷубонда гуфтаи гургро тасдиқ кард.

-Ту саги хокистарранг, ҳам ҳақ дорӣ, ки ба ман дарафтӣ, зеро ман рӯжаву устухонҳои молҳои куштаи соҳиби туро кам нахӯрдаам –гуфт гург.

Саги хакистарранг ҳам ба гуфтаи гург сар ҷунбонда, онро тасдиқ кард.

Сипас, гург ба саги зард нигоҳ карда гуфт:

-Ту саги кулол ҳастӣ, чӣ ҳақ дорӣ, ки маро тақиб кунӣ. Магар ман косаю табақи соҳибатро хӯрдаам? Саги зард шарманда шуда, сарашро хам карду роҳи гурезро пеш гирифт. Саги хокистарранг ҳам  “барои рӯдаву устухон гургро пеш карда гаштани ман чӣ лозим буд!? “ -гӯён ба роҳи омадааш рафт. Саги сиёҳ танҳо монд. “Як худи ман гургро чӣ кор карда метавонад!?“ -гӯён аз пайи шариконаш рафт. Гурги доно ба ҳоли сагҳои нодон хандида аз пайи ризқу рӯзиаш рафт.

Омодакунанда: Ибодуллозода Ҳомидҷон, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *