Сенарияи гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзуи “Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Барандаи 1: Ай офтоби тобон бишнав саломи моро
Ай тутии шакарлаб эй мурғакони хушгап
Ай сокили дурахшон бишнав саломи моро
Эй халқи Тоҷикистон бишнав саломи моро.
Барандаи 2: Зи хок то ба кайҳон бишнав саломи моро
Ай соҳиби маҳфил ай ҷони мову ай дил
Ай заргари Зарафшон ай куҳкани Бадахшон
Бишнав саломи моро
Саломи пур аз меҳру сурур нисори шумо бод меҳмонони олиқадр, омузгорони азизу меҳрубон толибилмони муҳтарам ва кули азизони дилу дида.
Барандаи 1: Иҷозат диҳед дарси тарбиявиамонро бахшида ба рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоем.
Барандаи 2: Ҳеч шодди нест андар ин ҷахон
Бартар аз дидори рӯи дустон
Ҳеч шодди нест бар дил талхтар
Аз фироқи дустони пурҳунар.
Барандаи 1: Чи тавре ки дар боло қайд кардем дарси тарбиявии мо бахшида ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия (сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқи қабул карда шуд.
Барандаи 2: Конститутсия аз чанд боб ва чанд мода иборат аст?
_______________________________________________________________________
Акнун бигуед, ки боби 1 кадом модаҳоро дар бар гирифтааст?
Барандаи 1: Саволҳо дар бораи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Барандаи 2: Аввалин бор конститутсия кай ва дар кадом мамлакат қабул шудааст?
Ҷавоб: Соли 1787 дар И.М.А аввалин маротиба қабул шудааст.
Барандаи 1: Конститутсия аввалин маротиба дар кадом сохти ҷамъияти ба вуҷуд омадааст?
Ҷавоб: Конститутсия аввалин маротиба дар сохти буржуази ба вуҷуд омадааст.
Барандаи 2: Аввалин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки буд?
Ҷавоб: Ч. Қаҳор Маҳкамов
Барандаи 1: Эмомали Раҳмон бори аввал кай президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд:
Ҷавоб: 6-уми ноябри соли 1994
Барандаи 2: Мувофики қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз сини чандсолагӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Ҷавоб: Аз сини 16 солагӣ.
Барандаи 1: Шаҳрвандим аз сини чандсолагӣ метавонад соҳиби шиноснома шавад?
Ҷавоб: Аз сини 16 солагӣ.
Барандаи 2: Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон аз синни чандсолагӣ амалӣ мегардад?
Ҷавоб: Аз синни 16 ва 14 солагӣ барои ҷиноятҳои вазнин.
Барандаи 1: Ноболиғ кист?
Ҷавоб: Ашхоси ноболиғ эътироф мегардад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд, вале ба синни хаждаҳсолагӣ нарасидаанд.
Барандаи 2: Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуфта шудааст?
Ҷавоб: Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфташудааст, ки оила дар паноҳи давлат мебошад ва дар бораи оила ғамхорӣ мекунанд.
Барандаи 1: Рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро номбар кунед ва маълумоти мухтасар диҳед.
Ҷавоб: Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барандаи 2: Тоҷикистонам, диёри беназир
Ҳаргиз озоре набини баъд аз ин.
Шеърҳо дар васфи Ватан-Тоҷикистон аз тарафи хонандагон
___________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Барандаи 1: Хишти коҳии ваҳдатат поянда бод
Шоҳсутуни давлатат поянда бод
Барандаи 2: Саҳнача аз ҷониби хонандагон
Барандаи 1: Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам,
Барандаи 2: Ман ба дунё шуҷратафкан Тоҷикам.
Барандаи 1: Хуни ман хуни ниёгони маност
Барандаи 2: Хамнажодам бо таҳамтан тоҷикам.
Барандаи 1: Суруд дар васфи Ватан дар иҷрои хонанда(гон)-и синфи ____________ ________________________________________________________________________
Акнун мо мехоҳем бо рақси мавзуне таъби шуморо болида созем:
Барандаи 2: Сухани чамъбастиро ба ҷонишини директор _______________________ медиҳем.
Чаканпуш, ки бошад сунати мо,
Чакан зам менамояд зинати мо.
Агар мо қадри аҷдодон надонем,
Каси дигар надонад қимати мо.

  1. Барои омода намудани ин сенария аз шумо миннатдорем ва аз шумо мехохем сенарияхоинав ба навро барои мо омода кнед

  2. Фариза:

    Рахмат барои омода кардани ин сенария.Илтимос дар васфи забон сенария тайёр кунед то рузи 14-уми сентябр илтимос.

  3. Акбар:

    Илтимос барои рузи парчам сенария тайёр кунед. Бисёр мунтазирем.

  4. бародари азиз оиди рузи прездент ки 16 ноябр баргузор мешавад маълумот дихед илтимос таъчилиаст бародари хамватан

  5. агар маро шунида бошед ягон чавоб дихед

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *