Сенарияи ҷашни Наврӯз

Эй навбаҳори гулфишон, шод омадӣ,шод омадӣ,
Бар покмарзи тоҷикон,шод омадӣ,шод омадӣ.
Дар шеърҳои Рӯдакӣ бошад ҳувайдо ҳусни ту,
Илҳомбахши шоирон,шод омадӣ,шод омадӣ.

Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, меҳмонони олиқадр. Дуруд бар ҳамаи оламиёну одамиён,ба ҳамаи шумоён хайру мақдам гуфта, ба даргоҳи Худованди ҷонофарин ҳазор бор шукр мекунем, ки ба ин рӯзҳои хотирмону пурфайз сиҳату саломат расидем.

Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ! Инак ба диёри нозанини мо боз Баҳори оламафрӯз қадам мегузорад, боз чаҳ-чаҳи булбул ва шилдироси ҷӯйбор ба гӯш навои дилнишине мерасонад. Ба ин муносибат мо барномае мураттаб сохтем, ки он аз тантанаҳои айёми бедоршавии табиат Баҳори зиндагӣ, баҳори дилкушо ба шумо шодмонӣ мебахшад. Инак, барномаи тайёрнамудаи мо дар пешкаши Шумо. Марҳабо ба ҷашни Наврӯзӣ.

Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад. Наврӯз ҷашни табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегарад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ оварад.

Оре, Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст.
Инлаҳза таҳти садои мусиқӣ Бобои Деҳқон ва Маликаи сол Баҳори оламафрӯзро ба ҷашни хеш даъват намоем.

Эй баҳори сабзу тар, хуш омадӣ, хуш омадӣ,
Эй ҷамоли баҳру бар, хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Аз қадамҳоят ҳама гул мекунад,
Эй арӯси гулбасар, хуш омадӣ, хуш омадӣ.

1.Наврӯз бо виҷагиҳои хоси худ расми ниёи мост. Ягонагие, ки дар маросим, ҷашнҳо ба падидор аст ва он бо боварҳои мазҳабии мардум омехта, ҷудонопазир аст ва аз даврони бостон то кунун мардум таҳти чатри ҳокимятҳои гуногун ва дар шароиту авзои ижтимоию иқтисодӣ дар канори он будаанд. Ҳоло навбатро ба табрикҳо медиҳем.

Эй боли пари озод, Наврӯз муборак бод,
Эй субҳи дили обод, Наврӯз муборак бод.
Афсонаи рангинро, ин ҳастии ширинро,
Бар рӯи шумо бикшод, Наврӯз муборак бод.

2.Ин аст ки асрҳо мо Наврӯзро истиқбол мегирем ва дар зери партаву шамъу чароғ ба обу оина менигарем ва китоби осмониро мекушоем ва шукру сипосгузорӣ ба Парвардигори оламҳо мекунем ва оғози нахустин лаҳзаи Соли навро мунтазир мешавем. Ҳоло хонандагон ба манзури шумоён шеърҳои пурмазмун қироат мекунад. Марҳамат.

Наврӯз, биё, ки ҷои ту дар дили мост,
Наврӯз, биё, ки ҷои ту манзили мост.
Наврӯз, биё, ки ҷои ту дар хонаи чашм,
Бо нури руҳат равшании маҳфили мост.

3.Бояд гуфт, ки Наврӯз таҷдиди хотираи бузургест. Хотираи ниёгони бузург ва ҳама таборон ба табиат ва мо низ дар ин рӯз тамоми корҳои маснӯиро пушти сар мекунему азизони хешро ёд меоварем. Мо тавассути Наврӯз аз нав зиндагии ҷисмонию рӯҳонии хешро таҷдид мекунем ва дар домони табиат аз файзи заминию осмонии он лаззат мегирем ва чеҳраи мо аз шодмонӣ мешукуфад. Ҳоло дар иҷрои ___________________________ як мусиқии дилкаш мешунавем.

Наврӯз, биё,ки баргзор пазмонат,
Он ки сари саҳро зи саҳар пазмонат.
Аз он ки замини мо бигардад зархез,
Он ки бикашад зи хок зар пазмонат

4.Чунон ба назар мерасад, ки тамаддуни маснӯии қарни мо ҳар қадар печидатару сангинтар гардад, ниёз ба бозгашт асту бозшинохти табиатро дар вуҷуди мо ҳаётитар мекунад ва аз ин ҷост, ки Наврӯз бар хилофи дигар суннатҳову ҷашнҳо, ки тавонотар мешавад, ҳар сол дурахшонтар мегардад. Ҳоло дар иҷрои духтарони зебои мактабамон ба рақси гурӯҳӣ медиҳем. Марҳамат.

Наврӯзи Аҷам,ту ҷашни миллат ҳастӣ,
Ту рамзи салоҳу сулҳу ваҳдат ҳастӣ.
Дар ин суханон як олами маъниҳост,
Бар мардуми бахту саодат ҳастӣ.

5.Наврӯз тайи ин сипеҳри бузург барои инсон фурсате барои осоишу ромиш нест, балки ниёзи зарурии ҷомеа ва шукуфоию тавоноии миллати фарӯангдӯсти мо будааст: дунёе, ки ҳар лаҳза навшавист ва Наврӯзи фаррухпай ҳам қадимӣ аст ва ҳам ҷадид. Ҳоло навбатро дар иҷрои хонандагон ба ҳаҷвияҳо медиҳем.

Наврӯз, ба ту арзи таманно дорам,
Як олами ишқи поку воло дорам.
Наврӯз,марав зи пеши ман дар гӯшат,
Ман тоза ба тоза гуфтаниҳо дорам.

  1. рахмат сенарияи бехтарин

  2. Дар сомонаи шумо сенарияхо кам хастанд, сенарияхо бисёртар мешуд хуб мешуд.

  3. Сомон.:

    Бехтарин.

  4. Ташаккур!ба сенария,сенария хуб такдим шудааст.

  5. икбол:

    ташакур ба сенария

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *