Сенарияи соати тарбиявӣ бахшида ба Рўзи Президент

Салому сад салом эй нури дида,

Салом аз ҷониби моён расида.

Саломамро қабул фармоед дӯстон

Салом аз хонандагони ин дабистон.

Доир ба рўзи  таҷлили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон.

Мо хонандагони синфи 6 Б барномаеро тайёр намудем, ки пешкаши шумоён мегардад. Инак шеър дар бораи Президент дар иҷрои Расулова Нигина дода мешавад.

Ҳар давлат сарвар дорад. Сарвари давлатро президент мегӯянд. Президенти давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон ғамхори бачагон аст. Сухан дар бораи пешвои миллат ба Меҳринисои Қурбоналӣ дода мешавад.

Бувад як хислатат дарки ҳама рафтори номатлуб,
Аз ин ашхоси номатлуб Меҳанро нигаҳбонӣ

Шеър дар бораи Пешвои миллат Иброҳим,Назаралӣ, Бузургмеҳр

Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,
Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ.

Ҳоло суруд дар иҷрои хонандагон доир ба пешвои миллат. Фазилат, Меҳринисо, Шарифа, Фахриддин ва Аминҷон.

“Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯи Замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод аст. Мову Шумо, бе муболиға дар болои ганҷ қарор дорем, ва ҷоиз нест, ки минбаъд муҳтоҷу дастнигари дигарон бошем” ин аст сухани Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқаш.

Ҳоло саҳнача дар иҷрои хонандагон доир ба саховатмандии подшоҳи одил. Фазилат, Меҳринисо, Шарифа, Фахриддин ва Аминҷон.

“Имрўз халқҳои сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда  ниёз доранд. Тоҷикистонро низ хираду дўстӣ ақлу заковат ба сўи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ месозад” –
ин аст сухани Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқаш.

Ҳоло рақс дар иҷрои хонандагон Меҳринисо, Нигина, Шарифа, Фазила   оид ба суруди пешвои миллат. Бо ҳамин соати тарбиявиро  хотима мебахшем. Хуш бимонед устодон ва ҳамсинфон.   

Омодакунанда:  Мафтуна Хайруллоева, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи НТҶ, гурӯҳи 3

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин