Шавлаҳо

Шавлаҳо (Каши) – фоиданок, ғизонок, бомаза ва маҳсулоти арзон маҳсуб меёбанд. Ярмаҳо (Крупы) – манбаи асосии сафедаҳои растанӣ ва карбогидратҳо мебошанд. Дар онҳо бисёр моддаҳои минералӣ ва витамини гурӯҳи B-ро ёфтан мумкин аст, бинобар ин маҳсулотҳои аз ярмаҳо ҳосилшуда, дар ғизодиҳии кӯдакон ба таври васеъ истифода карда мешаванд. Боз як ҷиҳати хуби шавлаҳо дар – ҳаматарафа будани онҳост. Онҳо ба таври хеле хуб бо дигар маҳсулотҳо ба монанди: гӯшт ва моҳӣ, занбӯруғҳои хӯрданӣ ва сабзавот, меваҷот ва равғанҳо метавонанд якҷоя бошанд.

Дар ибтидо ҳақиқатро баён мекунем:

Шавлаи марҷумак (гречневая каша) аз аминокислотаҳои бисёр даркорӣ ва хусусан аз лецитон хеле бой аст. Дар 100 г  шавлаи марҷумак 12,6 г сафедаҳо ва 68 г карбогидратҳо, инчунин калсий, магний, оҳан, калий ва фосфор мавҷуд аст.

Шавлаи ҷави русӣ (овсянная каша) аз ҳама серғизотарин ба ҳисоб меравад. Ҳамагӣ дар 100 г-и ин маҳсулот қариб 15 г карбогидрат мавҷуд аст, ки ин қариб 1/4 миқдори муқарраршудаи ғизои шабонарӯзии инсонро ташкил медиҳад. Шавлаи ҷави русӣ аз ҷиҳати синк нисбати дигар шавлаҳо бартарӣ дорад.

Шавлаи кашкӣ (манная каша) калорянокии хеле баланд дорад, яъне аз ҳама серғизотарин дар байни дигар шавлаҳост (дар 100 г — 331 ккал мавҷуд аст), ғайр аз ин дар ин шавла витаминҳои В1, В2, минералҳо ва калий мавҷуд аст.

Шавла – ғизои дӯстдоштатарини онҳоест, ки чӣ будани нафъи хӯрокро медонанд.

Шавла ба онҳое лозим аст, ки ба саломатии худ аҳамият медиҳанд. Гастрит ва маризии язва ба нафароне, ки шавларо дӯст медоранд ва онро истеъмол мекунанд хавфнок наменамояд, чунки дар таркиби шавлаҳо луоби ҷӯшида мавҷуд аст, ки он пардаи меъдаи моро ҳифз менамояд.

Хусусан шавлаҳо ба нафароне манфиатбахшанд, ки онҳо имконияти муқаррарии хӯрдани таоми пешинро надоранд, чунки дар корхона банданд. Шавла аз моддаи пардаи ҳуҷайраи растаниҳо бой буда, ҳазми ғизоро ба танзим медарорад ва ҳолати рагҳои хунгардро мукаммал мегардонад ва ин амал метавонад кори дилро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад.

Шавла барои сарфакорӣ ёрӣ мерасонад.

Шавла дар худ шумораи зарурии оҳан, мис, синк, сафедаҳо ва инчунин витаминҳои гурӯҳи В, РР дорад. Бинобар ин, ҳар рӯз бо хӯрдани як табақча шавла Шумо аз харидан ва истеъмол кардани витаминҳои дорухона сарфа менамоед. Шавла барои фарбеҳ нашудан кӯмак мерасонад.

Растаниҳои хӯшадор ҳамроҳи шири дар таркиби шавлабуда метавонанд дар организм мубодилаи моддаҳои органикиро мӯътадил гардонанд, ки ин худ ҷавобгӯ ба вазни мо аст. Шавла мунтазам ҳал шуда, аз тарафи организм ҳазм мегардад, ки таъмингари дурударози сер будани моро ифода менамояд. Дӯстдорони шавла дар ҷараёни тамоми рӯз равғанро кам ислеъмол мекунанд, бинобар ин аз фарбеҳшавӣ дар амонанд.

Шавла барои хуб будани ҳолати рӯҳии мо мусоидат мекунад.

Тибқи натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда, нафароне, ки мунтазам шавларо ҳар пагоҳирӯзӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба он нафароне, ки шавларо тамоман истеъмол намекунанд, гирифтор ба рӯҳафтодагӣ набуда, балки дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Диетологони америкоӣ бар он назаранд, ки нафарони дар наҳориашон шавларо истеъмолкунанда хашмгиниро камтар эҳсос мекунанд.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали «maktab.tj» барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *