Шикорчӣ

Дар як замоне як шикорчии хубе буд. Шикорашро бисёр хуб нишон мегирифт (мезад). Дар як рӯзи тафсони тобистон дар ҷангал шикор менамуд. Тирҳояшро дар пушташ монда буд. Дар ин вақт, дар он тарафи дарё як хирсеро дид. Шикорчӣ тирашро омода карда аз купрук (пул) гузаштани хирсро интизор шуд. Дар он вақт хирси хурде низ ба назди купрук омад. Шикорчӣ худ ба худ: «Купрук хеле борик аст, ҳардуяшон дар як вақт гузашта наметавонанд. Ҳозир ҳардуяшон ҷанҷол мекунанд. Ин хирси калон, хирси хурдиро мезанад»- гуфта фикр карда, ба онҳо наздик шуд. Хирсҳо рӯ ба рӯ омаданд. Бо забони худ чизе гуфтанд. Шикорчӣ ҷанг мекунанд, гуфта интизор шуд. Он чист! Хирси калонӣ нишаста хирси хурдиро дар пушташ гирифта, бо ин тарз купруки борикро якҷоя гузаштанд. Шикорчӣ ба ин ҳолат хеле ҳайрон шуда монд. Худ ба худ «Ҳайвонҳо ҳам кӯмакрасониро медонанд. Мо инсонҳо инро намекунем. Бо сабабҳои хурду ночиз ҷанҷол мекунем», гуфта, аз шикори хирсҳо даст кашид ва ба хонааш баргашт.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин