Шоҳин ва Чингизхони Муғул

Як рӯз субҳ, Чингизхони Муғул ва дарбориёнаш барои шикор берун рафтанд. Ҳамроҳонаш тиру камонашро бардоштанд ва Чингизхон шоҳини маҳбубашро боли рӯи соидаш нишонд. Шоҳин аз ҳар пайконе дақиқтар ва беҳтар буд, чароки метавонист дар осмон боло биравад ва он чиро ӯ медид инсон намедид.

Аммо бо вуҷуди тамоми шуру ҳаяҷон гурӯҳ шикоре накарданд. Чингизхон ноумед ба тарафи урду баргашт, амамо барои он ки нокомиаш  боиси тазъифи руҳияи ҳамроҳонаш нашавад, аз гурӯҳ ҷудо шуд ва тасмим гирифт, ки  танҳо қадам бизанад.

Бештар аз ҳад дар ҷангал монда буданд ва наздик буд, аз хастагӣ ва гурӯснагӣ аз пой биафтад. Гармии тобистон тамоми ҷӯйборҳоро хушконда буд ва обе пайдо намекард. Нохост  чашмаш дид, ки аз рӯи санге обе ҷорӣ мешуд. Хон шоҳинро аз рӯи бозуяш бар замин гузошт ва ҷоми нуқраи кӯчакашро, ки ҳамеша ҳамроҳаш буд, бардошт. Пур шудани ҷом муддати зиёде тӯл накашид, аммо вақте мехост, онро ба лабаш наздик кунад, шоҳин бол зад ва ҷомро аз дасти ӯ берун андохт.

Чингизхон  хашмгин шуд, аммо шоҳин ҳайвони маҳбубаш буд, шояд ӯ ҳам ташна буд. Ҷомро бардошт, хокро аз он пок кард ва дубора пураш кад. Аммо ҷом то нима пур нашуда буд, ки шоҳин дубора онро гирифт ва обро берун рехт. Чингизхон ҳайвонашро дӯст медошт, аммо медонист, набояд бигзорад касе ба ҳеҷ шакле ба ӯ беэҳтиромӣ кунад, чароки агар касе аз дур ин саҳнаро медид, баъд ба сарбозонаш мегӯфт, ки Фотеҳи Кабир (Чингизхон) наметавонад як паррандаи соддаро ором кунад. Ин бор шамшеро аз ғилоф берун кашид, ҷомро бардошт ва шурӯъ кард ба пур кардани он. Як чашмаро ба об дӯхта ва дигарашро ба шоҳин. Ҳамин, ки ҷом пур шуд ва мехост онро бинӯшад, шоҳин дубора бол зад ва ба тарафи ӯ ҳамла кард. Чингизхон бо як зарбаи дақиқ синаи шоҳинро шикофт.

Ҷараёни об хушк шуда буд. Чингизхон, ки мусалам буд, ба ҳар шакле обро бинушад, аз саҳро боло рафт, то сарчашмаеро пайдо кунад. Аммо дар камоли тааҷуб мутаваҷеҳ шуд, ки он болои баркаи обе хурди аст ва дар сатҳи он яке аз  хатарноктарин морҳои минтақа мурда буд. Агар аз об хӯрда буд, дигар дар миёни зиндагон набуд. Хон шоҳини мурдаашро дар оғӯш  гирифт ва ба урдугоҳ баргашт. Дастур дод, муҷассамаи заррин аз ин парранда бисозанд.

Ва рӯи яке аз болҳояш навишта кунанд:

“Як дӯст, ҳато вақте коре мекунад, ки дӯст надорад, ҳанӯз дӯсти шумост”.

Омодакунанда: Ҳасанзода Бузургмеҳр, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин