Рӯзи артиши миллӣ (23-феврал)

Ба падар

Рӯзи Мардро ба марди ҳақиқие,  ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегӯям. Рӯзат муборак!
Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб “падарҷон”  падар вожае аст саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бар меояд. Падари азизам рӯзат муборак!***
Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринӣ. Рӯзи падар муборак бод!
****
Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуъоям кун, ки бо дуъоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзат муборак!
***
Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури туро дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам» рӯзат муборак!
***
Падарам, тоҷи сарам , ту эътибори манӣ, ту такягоҳи манӣ. Бидуни туву муҳаббатҳои бепоёни ту ҳеҷам. Уммедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам. Беҳтарин падари дунё, рӯзат муборак!
***
Падари Меҳрубону хубам аз заҳмате, ки дар ин солҳо барои ман кашиди сипосгузорам, ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонат то абад бар сарамон бимонад. Рӯзат Муборак!
***
Падар, ту тапиши қалби хонаӣ. Вақте ҳар субҳ, бо тулӯи Ишқ аз хона берун меравӣ ва бо кашиши ишқ, дубора боз мегардӣ. Туро ба ман Ҳадя доданду ман имрӯз, тамоми ҳастиямро ба ту ҳадя хоҳам кард. Агар бипазирӣ… Рӯзат муборак Падарҷон!
Падарам роҳи тамоми зиндагист, падарам дилхушии ҳамешагист. Рӯзат Муборак Падарҷон!
***
Падари азизам, рӯзи падарро бароят табрик мегӯям ва самимона бар дастони пуробилаат бӯса мезанам.
***
Падар бишнав ин ҳарфи Фарзанди хеш,
Азизу гиромиву дилбанди хеш.
Туи мояи буду пайдоишам,
Канорат ба нозу ба осоишам.
Падар такягоҳи вуҷуди манӣ,
Ту сармояи ҳастиву буди манӣ.
Падари азизам Рӯзат муборак!
***

Ба шавҳар

Вақте муҳаббататро бо ҳамаи вуҷудат ба ман тақдим кардиву маро шармандаи лутфи Каримонаат ва дили қашангатро моломол аз ишқ ба ман кардӣ бори дилдодагиро сахт бар дилам ниҳодиву амонати ишқро дар вуҷудам ниҳодӣ ва аҳд кардам, ки такягоҳат дар ҳама лаҳзаҳои умрат бошам. Рӯзи мардро ба шумо ҳамсари азизу меҳруббонам табрик мегӯям!
***
Ҳамсари беҳамтои ман, бо як дунё ишқ рӯзи мардро ба ту меҳрубонтарин ва танҳо такягоҳам табрик мегӯям ва орзуи беҳтаринҳоро бароят дорам. Дӯст дори ту…
***
Ҳамсари азизам бобати тамоми хубиҳоят сипосгузорам ва рузи мардро ба ту ки дар хотирам беҳтарин марди олами табрик мегуям. Бо ишқ ҳамсарат …
***
Дар ин рӯзи азиз, дар ин лаҳзаҳои қашанг зеботарин калимае, ки метавон гуфт якест «Дуст дорам» бо ҳамроҳи як осмон ишқу таманно тақдим ба ту ҳамсари азизам, Рӯзат Муборак!
***
Азизам аз самими қалб дӯстат дорам ва уммедворам битавонам ҷавобгӯи муҳаббатҳои ту бошам, ва солее дар канори ҳам зиндагии зеботар аз қабл дошта бошем. Ҳамроҳи ҳамешагии ту …

  1. Ман мехохам мавзъхои даркориамро гирам

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *