Рӯзи Модарон (8-март)

Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Ид муборак, модари  хушруйи ман!!!

*****

Модар ту  биҳишти ҷовидонӣ Модар
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нури  зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.

*****

Эй кошки то абад намирад модар
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст
Эй кош ки поён напазирад модар

Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош  ҳамеша ҷовидон мебудӣ
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар

****
Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон.Рӯзат муборак модарҷон!

*****
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша  модар боқист
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист
Дар гӯиши ошиқона, номи модар
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист

*****
Аз ту меҳрубонам  бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад.То ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву  ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаӣ ҷуброн кунам.
Дустдорат ҳастам то абад!
Идат Муборак Модар.

*****
Модар аст чашму чароғи зиндагӣ
Модар аст сарчашмаи озодагӣ
Модар аст тасвири ишқу ошиқӣ
Модар аст нақши баланде ҷовидон
*****
Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту  сар хам хоҳанд кард, зеро ту яке аз онҳоӣ. Модаре, ки ҳамеша фикри  бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам, ки модари ман ҳастӣ. Ин рӯзи зебо, яъне  Рӯзи Модарро бароят аз самими ҷон табрик мегӯям.
******
Модар аст мақсуди ҳасту буди мо
Модар аст болотарин мавҷуди мо
Модар аст омӯзгори маърифат
Модар аст як оламе аз муҳаббат
*****
Хубу дилрабо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик,
Чашмаи сафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Аз таҷаллии рӯят нур дар дилам ҷорист,
Шамси Пурзиё ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Хуштаронаву хушгил, ҳар куҷо ба ҳар маҳфил,
Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Гоҳ маҳзани розӣ, дар карашма устозӣ,
Гоҳ пурҳаё ҳастӣ эй зан, эй зани Тоҷик.
Дар садоқату дар меҳр устувору пойдорӣ,
Сар ба по вафо ҳастӣ, эй зан, эй зани Тоҷик.
Неъмати Оташ.

*****

Эй Модари ҷон,
Эй Хуштар аз ҷон.
Дар рӯзи идат,
Шеъри маро хон.
Идат Муборак!
Идат Муборак!

Бо нури рӯят,
Наврӯзи ман ту.
Дар рӯи олам,
Дилсӯзи ман ту.

Идат муборак!
Идат муборак!

Пайваста бошӣ,
Ту бар сари мо.
Эй модари ҷон ,
Болу пари мо.

Идат Муборак !
Идат  Муборак!

*****
Меҳри бепоёни Модар зина бод,
Чеҳраи хандони дилбар зинда бод.
Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае,
Дар само хуршеду ахтар зинда бод.
Аз дарахти хушку бебар суд нест,
Майсаву себаргаи тар зинда бод.
Бар диёри нозанини Тоҷикон,
Гармии хуршеди ховар зинда бод.
Дар дили ёрони боаҳду вафо,
Донаи умеди бовар зинда бод.
Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар,
Тифлию домони модар зинда бод!

****
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.

*****

Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

  1. Бисёр хуб, Рахмат

  2. Рахмати калон.Сайти бисёр зур.

  3. мактаб.т факат ба пеш

  4. Шарифхон:

    Рахмат барои хамааш

  5. Шахзод:

    Хело пандхои дилписанд аст,ва барои модар харкадаре гуем,камаст дар хакикат модар ганчинаи ноебаст…

  6. Мухаммад...........:

    Орифона ошикона

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *