Табрикот ба модар «Зодрӯз муборак!»

Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Таваллудат муборак модар!

Муборак зодрӯзат Модари ҷон
Набинад ғам вуҷудат Модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гӯям дурудат Модари ҷон.

Осмонро гуфтам, метавонӣ оё
Баҳри як лаҳзаи хеле кӯтоҳ рӯҳи модар гардӣ,
Соҳиби рафъати дигар гардӣ.
Гуфт не – не ҳаргиз,
Каҳкашон кам дорам, нурбон кам дорам,
Маҳу хуршед ба паҳнои замон кам дорам.
Эй волотар аз осмон таваллудат муборак!

Аз ту меҳрубонам бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад. То ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаи ҷуброн кунам. Дӯстдорат ҳастам то абад! Зодрӯзат муборак модарҷон!

Имрӯз беҳтарин рӯз аст… чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман. Худованд туро офарид то модари ман бошӣ. Ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре, ки ҳарчӣ бихоҳам ӯро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!

Модари зебову меҳрубони ман имрӯз ба —- умин баҳори зиндагӣ шудед… Умедворам бо ҳам садумин баҳори зиндагиатро ҷашн бигирем. Таваллудат Муборак!

Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту сар хам хоҳанд кард зеро ту яке аз онҳоӣ. Модаре, ки ҳамеша ҳавои бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам ки модари ман ҳастӣ. Ин рӯзи зебо яъне таваллудатро браоят табрик мегӯям.

Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули рӯят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.

Модар мехоҳам номатро шабеҳи гул гӯям, аммо гул хушк мешавад. Модар мехоҳам номатро шабеҳи хуршед гӯям, аммо хуршед ҳам ғуруб мекунад. Модар мехоҳам номатро шабеҳи ҷонам гӯям, чун ки рафти зи барам, ман ҳам набошам…
Модари бехтар аз ҷонам уммедворам ҳамеша ба бахти ман шоду саломат бошӣ. Зодрӯзат муборак !

Сад сола шави ИЛЛОҲО эй модари ҷон,
Ҷоят ба дилу дидаву номат ба забон.
Ҳарчанд, ки падар азизу ҳам мӯьтабараст,
Саҳми ту зиёд бувад зи саҳми падар.

  1. hilola:

    Хело оли ахсан!☺

  2. Ёкубов Бузургмехр Валиевич:

    аз оли хам гузаштаги! Канд занед!

  3. Ёкубов Бузургмехр Валиевич:

    Тифлию домони модар хуш бихиште будааст,
    То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
    (Абдурахмони Чоми)

  4. Рустам:

    Сенария барои тачлили рузи модарон

  5. Ассалом . Ба ман саволнома ва табрикоти модар дар рӯзи 8 март лозим аст. Аз шумо хоҳиш мекунам ба ман кумак кунед

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *