Табрикот ба хоҳар «Зодрӯз муборак!»

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»!
Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»

Имшаб домани ту пур аз ҳадяҳои кӯчаку бузург мешавад. Аммо ман ҳеҷ надоорам, ки ба ту ҳадя кунам ҷуз диле, ки ба ман пас додӣ. Таваллудат Муборак хоҳаракам!

Садои як парвоз, фуруди як фаришта, оғози як меъроҷ, шурӯъи як зиндагӣ, таваллудат муборак хоҳари меҳрубонам.

Ёди аёми зебое, ки гузашт, кунҷи қалбам гарм аст! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯхат шодоб, ончӣ шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рӯзгорат хуш бод. Тавллудат эй хоҳари меҳрубонам муборак!

Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
*****
Ҳамеша лабханд  бар лабонат.
Ишқ дар қалбат
Лутф да нигоҳат
Муҳаббат дар чеҳраат
Бахшиш дар рафторат,
Ва ҳақиқат дар забонат ҷорӣ бошад.
Таваллудат муборак!
****
Дар ин рузи тиллоӣ  ту омади ба дунё
Вуҷуди покат омад ба ҷамъу хилвати мо.
Дар тақвимҳо навиштем дар ин рӯзу дар ин моҳ
Аз осмон фиристод Худо як моҳи зебо.
Таваллудат Муборак!
****
Дар ин рӯзи пур аз ишқ ту бо ханда шукуфтӣ,
Бо як гиряи сода ба дунё бале гуфтӣ.
Бубин бар осмонҳо пур аз нуру парандааст,
Қалбҳо пур аз ишқу,  лабҳо чӣ  пур хандааст
Зодрӯзат Муборак хоҳарҷон!
*****
Зодгоҳ ва таъри таваллуди хеҷ кас дар хеҷ нақша ва  тақвим  нест,
Чунки  одамон ҳар лаҳза  дар тапиши қалби касоне ки дӯсташон доранд мутаваллид мешаванд.
*****
Омадаи ба дунё дил хуш шуда шоҳпарак
Ин аст сӯҳбати ман таваллудат Муборак!
Таваллудат Муборак ширинаки мо!
*****
Ба забоне ки тавон гуфт  туро мегӯям
Ба замоне ки тавон рафт  туро меҷӯям.
Ҷумлаҳо лол ва оҷиз зи баёнанд вале
Банда табркии таваллуд ба замони хушият мегӯям.
Азизам  таваллудат Муборак
Ин ша АЛЛОҲ то охири умр зинда бошӣ!
******

Ба рӯят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.

****

Қадат гул, чеҳра гул, пироҳанат гул,
Лабат гул, остин гул, доманат гул.
Ба ин гулҳо, ки дори дар сару по,
Ки парварда ба рӯзи зоданат гул.
Зодрӯзат муборак хоҳари зебову гулам.
Умедворам ҳамеша ҷавону зебо ва хушбахт бимонӣ!

****

Сар сабзу  бадан  саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрӯзат хушрӯз,
Эй бор Худо, чашми бад аз рӯи ту дур.
****

Ҷамолат офтоби ҳар назар бод,
Зи хубӣ рӯи хубат хубтар бод.
Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро.
Дили шоҳони олам зери пар бод!
****
Рӯзи мавлуди шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдили пайваста бод.
Армугони мо дар ин рӯзи мурод ,
Даста-даста хадяву гулдаста бод.
Чунон зиндагӣ кунед, ки номатон вирди забони хамагон гардаду то cурайё бирасад. Мавлуд муборак!
****
Ёди ҳар як сӯҳбати некат кунам,
Аз самими қалб табрикат кунам.
Умри ту эй хоҳарам бодо дароз,
Бош доим сарбаланду сарфароз.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *