Тӯҳфаи аждаҳо

Буд набуд, дар як кишвар писаре бо номи Абӯбакр буд. Писарак рӯзгори хушу обод дошт, аммо хушбахтии ӯ дер давом накард. Ӯ ҳанӯз хурдсол буд, ки модараш аз олам гузашт ва падараш зани дигар гирифт. Модарандари ӯ зани бераҳм ва золим буд. Ин зан Мансур ном писаре дошт. Писари вай беодоб ва саркаш буд. Модарандар доимо Абӯбакрро озор медод, намегузошт, ки либоси дуруст пӯшад ва саривақт хӯрок хӯрад. Пасмондаи хӯроки писари худро ба Абӯбакр медод. Ҳамаи кори хона бар дӯши Абӯбакри бечора буд. Ӯ аз саҳар то бегоҳ беист кор мекард, вале боре ҳам модарандар ӯро ором намегузошт. Ягона фикри ин зани зишт нобуд сохтани Абӯбакр буд. Бо ин мақсад ӯ рӯзе Абӯбакрро наздаш хонда, гуфт:

-Эй нокас, бирав, кӯзаро дар ҳавзи аждаҳои обӣ бишӯй, танҳо дар ҳамон ҳавз, на дар ҷойи дигар!

Абӯбакр  дар бораи ин ҳавз қиссаҳои ваҳмангези зиёде шунида буд, аммо ӯ бояд фармони модарандарро иҷро мекард.

Писараки бечора ба фикр фурӯ рафта буд ва дар бешазор аз пешаш баромадани кафторро нафаҳмида монд.

Кафтор пурсид:

-Ба куҷо меравӣ?

-Ба ҳавзаи аждаҳои обӣ барои шустани кӯза, – ҷавоб дод Абӯбакр.

Кафтор ботааҷҷуб гуфт:

-Оё ту намедонӣ, ки дар он ҷой аждаҳои обӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебарад? Аз роҳат баргард!

-Наметавонам, ман модар надорам, модарандарам фармудааст, ки ин корро бикунам, ман маҷбурам… – гиряолуд гуфт Абӯбакр ва боз ба роҳи худ равон шуд.

Ӯ хеле роҳ рафт ва вақти нисфирӯзӣ ба як фил рӯбарӯ шуд.

-Аз ин роҳ баргард, ки он туро ба сӯйи ҳавзи аждаҳо мебарад, – гуфт фил.

-Медонам, – ҷавоб дод Абӯбакр, – аммо роҳи ба қафо баргашт надорам, бояд гуфтаи модарандарамро иҷро кунам.

-Писарҷон, ба он ҷой нарав, ҳеҷ кас аз он ҷой барнагаштааст, – бо алам гуфт фили меҳрубон.

Аммо абӯбакри софдилу ҳалолкор роҳи худро давом додан гирифт, зеро барояш назди модарандар баргаштан бо марг баробар буд.

Ҳамин тавр ӯ чандин шабу рӯз роҳ тай кард ва оқибат ба назди ҳавзи афсонавӣ расид. Барнохост шамолу тӯфон хеста оби ҳавз ба талотум даромад ва аз миёни оби каб-кабуди он махлуқи бадҳайбате баромад. Ин аждаҳо буд. Вуҷуди Абӯбакри хурдсолро тарс фаро гирифт, вале ӯ худро ба даст гирифта ба аждаҳо нигарист.

-Ту кистӣ ва дар назди ҳавзи ман чӣ кор мекунӣ? – бо қаҳр пурсид аждаҳо.

-Маро модарандарам барои шустани кӯза ин ҷой фиристод, – ҷавоб дод Абӯбакр.

Аз ин суханони ӯ аждаҳо ба ханда даромад ва аз овози гӯшкаркунандаи он кӯҳҳо ба ларза даромарданд.

Модарандарат барои кӯзаро шустан фиристода бошад, пас биё рафтем, – гӯён аждаҳо писаракро дар миёни худ печонида, худро ба қаъри ҳавз зад. Абӯбакри бечора аз тарс чашмонашро пӯшид ва вақте ба худ омад, дид ки дар қасри зебое истодааст, дар наздаш нозу неъмати фаровон, халтаҳо пур аз биринҷу ҷуворимакка ва арзан, шаш деги мисин дар назди оташдон.

-Бароям хӯрок паз, – фармон дод аждаҳо ва худ ба қасри дохилиаш барои истироҳат кардан рафт.

Абӯбакр, ки писари кордон ва меҳнатдӯст буд, ба кор шурӯъ намуд ва дар андак вақт дар шаш деги калон хӯрокҳои болаззат пухт. Бӯйи хӯрокҳои пухтааш иштиҳоовар буд. Аждаҳо барои санҷиши кори Абӯбакр гурбаи худро равон кард. Абӯбакри  раҳмдил гурбаро хуш пазируфта ба наздаш як табақи пур аз хӯроки болаззат гузошт. Гурба хӯрокро зуд ва боиштиҳо хӯрда, ба меҳмондӯстии Абӯбакр қоил шуд ва ба назди Аждаҳо омада ӯро хеле таъриф намуд. Аждаҳо баъди суханони гурба бо тамасхур гуфт: “Ӯ ҳанӯз як шарти маро иҷро кардаасту халос”. Гурба дар дил дуо мекард, ки Абӯбакр ҳамаи шартҳои Аждаҳоро хуб иҷро намояд.

Бори дуюм Аждаҳо бо гурба назди Абӯбакр омад ва ба ӯ фармон дод, ки тахтапушташро бишӯяд. Абӯбакр ба пушти Аждаҳо нигаристу тарс вуҷудашро фаро гирифт, зеро хорҳои теғмонанди тахтапушти Аждаҳо ҳамагонро талхакаф мекард. Бо вуҷуди ин Абӯбакри софдилу ҷасур ба молиши тахтапушти ӯ сар карда, дар андак фурсат пушти онро тозаву озода намуд, ки ин амали хуб меҳри Аждаҳоро нисбат ба писарак афзун намуд. Аждаҳо қаноатмандона гуфт:

-Раҳмат ба ту писарам, ту калонсолонро эҳтиром менамоӣ. Бишин бар пушти ман, туро ба хонаатон бибарам.

Абӯбакр бар пушти Аждаҳо нишаст ва ин махлуқи бадҳайбат дар як мижжа задан ӯро ба соҳили ҳавз расонид ва вақти хайрухуш ба дасти писарак як халтаи калон дода, хоҳиш кард, ки онро вақти ба хона расидан бикушояд.

Абӯбакр хушҳол шуду чӣ тавр ба хона расиданашро нафаҳмида монд. Дар хона Абӯбакрро дида чашмони модарандар аз косахонаи сар гӯё баромаданд, ӯ боварӣ надошт, ки писар зинда баргаштааст. Модарандари баднафаси бадкирдор аз дасти писарак халтаро гирифта зуд онро кушод ва дид, ки халта пур аз тангаву тилло ва  ҷавоҳирот аст. Модарандари бераҳм баъди ин  ҳодиса Абӯбакрро зери мушту лагад гирифта шиканҷа медод ва мегуфт:

-Ту дурӯғ мегӯйӣ, то ҳол касе аз назди Аждаҳо зинда барнагаштааст.

Абӯбакр гиряолуд ҷавоб дод, ки:

-Аждаҳо меҳрубону инсондӯст аст ва маро то соҳил худи ӯ овард.

Саропои модарандар аз рашку ҳасад месӯхт ва оқибат аз ҳасудиву баднафасӣ фарзанди ягонаи худ – Мансурро наздаш ҷеғ зада амр дод, ки рафта дар ҳавзи аждаҳои обӣ кӯзаро бишӯяд ва бе тӯҳфа барнагардад.

Писари тарсуи ӯ ноилоҷ ба роҳ баромад.

Мансури золиму танбал баъди чанде роҳ рафтан ба кафтор вохӯрд.

Кафтор пурсид:

-Ба куҷо рафта истодаӣ?

-Модарам маро ба назди аждаҳои обӣ барои шустани кӯза ва овардани тӯҳфа фиристод, – бадқаҳрона ҷавоб дод Мансур.

Кафтор дилсӯзона гуфт:

-Оё ту намедонӣ, ки дар он ҷой аждаҳои обӣ ҳамаро ба коми худ фурӯ мебарад? Аз роҳат баргард!

-Ту дурӯғ мегӯйӣ, бародарам Абӯбакр аз он ҷой зинда баргашт ва тангаву тиллои зиёде бо худ овард.

Инро гуфта, ба сӯйи кафтор санг партофт ва ба роҳи худ равон шуд.

Ӯ хеле роҳ рафт ва нисфирӯзӣ бо фил рӯбарӯ шуд.

-Аз ин роҳ баргард, ки он туро ба сӯйи ҳавзи аждаҳо мебарад, ҳеҷ кас аз он ҷой зинда барнагаштааст, – бо алам гуфт фили меҳрубон.

-Ту ҳам дурӯғгӯй ҳастӣ, бародарам Абӯбакр аз он ҷой зинда баргашт ва тангаву тиллои зиёде бо худ овард. Инро гуфта, Мансури бадхашм ба сӯйи фил низ санг партофт ва ба роҳи худ равон шуд.

Баъди чанд шабонарӯз ба назди ҳавзи афсонавӣ расид. Барнохост шамолу тӯфон хеста оби ҳавз ба талотум даромад ва аз миёни оби каб-кабуди он Аждаҳо бадҳайбат баромада боғазаб пурсид:

-Ту кистӣ ва чаро ба ман халал мерасонӣ?

-Маро модарам барои шустани кӯза ва овардани тангаву тилло ин ҷой фиристод, – ҷавоб дод Мансур.

Аз ин суханони беандешаи ӯ аждаҳо писханде карда, ӯро ба миёни худ печонид ва ба қаъри ҳавз фурӯ кашид. Дар даруни ҳавз Мансурро низ халтаҳо пур аз биринҷу ҷуворимакка ва арзан, шаш деги мисин дар назди оташдон мунтазир буданд.

-Бароям хӯрок паз, – фармон дод аждаҳо ва худ барои истироҳат дохили қасраш рафт.

Мансури бекорхӯҷаву танбал ва тайёрхӯр дар умраш коре накарда буд. Ӯ чӣ кор карданашро намедонист, ки аз нодонӣ  биринҷу ҷуворимаккаву арзанро болоиҳам рехта, ба зери дегҳо алов гузошт ва рехтани обро фаромӯш кард , ба хӯрок намак низ наандохт. Бӯйи ғализи сӯхта ҳама ҷойро фаро гирифта буд. Ҳамин вақт гурбаи Аждаҳо омад, вале Мансур онро лагаткӯб кард. Гурба базӯр ҷон ба саломат бурда, аз ин писари бетарбият назди Аждаҳо шикоят кард. Аждаҳо гуфт:

-Ӯро санҷиши дигаре дар пеш аст.

Аждаҳо бо гурба назди Мансур омад ва фармон дод ки тахтапушти ӯро шӯяд. Мансур боғазаб ба сӯйи Аждаҳо дод зад:

-Махлуқи бадҳайбати пир, пушти хордори туро ҳеҷ гоҳ нахоҳам шуст.

Аз ин суханон Аждаҳо ба қаҳр омада думи худро бар замин зад ва аз зарби он замину замон ба ларза  даромад. Бо ин ҳама бадкории Мансур Аждаҳо худро ба даст гирифт ва кӯзаи ӯро бо як халтаи пур ба дасташ дода. То соҳил гусел кард ва вақти даромадан ба ҳавзаи худ гуфт:

-Ин халтаро дар хонаатон бурда кушо.

Мансур дар фикри тангаву тилло чӣ тавр ба хона расидани худро нафаҳмида монд. Модари бадкораву баднафас ӯро бо халтаи пур дида, хурсанд шуд ва бо писараш ба хона даромаданд. Дару тирезаро маҳкам пӯшониданд ва халтаро кушоданд. Аз даруни халта мору каждуми бисёр баромада, ба модару писари бераҳму бадкирдор ҳамла карданд. Модару писар доду фиғон бардоштанд, аммо мардуми деҳа, ки аз онҳо безор шуда буданд, ба онҳо эътибор надоданд. Ҳамин тариқ, бадкоронро мору каждумҳо хӯрданд.

Воқеан, кори бад ба ҳамагон бадӣ меорад. Мо бояд ҳамеша дар пайи хубии дигарон бошем, то мисли модарандари бадкирдор ва писари танбалу бадрафтораш ҷазои бад нагирем.

Омодакунанда: Вализода Муниса, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи стоматология, гурӯҳи 3

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин