Чашм

Чашмам, ки ба чашми он сиёҳ чашм афтод,
Аз чашми бадаш ба чашми ман чашм афтод.

Чашм ин як узви кӯчак, вале муҳим дар аъзои бадан аз ҳадоёи Худовандӣ бар инсон ва ҷумлаи зиндаҷон дар табиат аст. Субҳгоҳон ҳар боре, ки пилкҳо боло шуда чашм боз мегардад, оламро бо тамоми ҳастияш бо як назора дарк мекунем ва тасвири хубӣ ва бадии атрофу акнофи хешро ба қалб мефиристем ва забонро низ огоҳ месозем. Чунончӣ ба шукуфаҳои дарахтон нигоҳ карда мегўем: «Оҳ, чӣ қадар зебост!». Дар ин ҷост, ки бояд дуруд бар зоти поки Эзиди тавоно бифиристем, ки чунин неъматеро барои пайкари инсон арзонӣ доштааст.

Аз дидгоҳи тибб бинигарем, чашм оинаи тамомнамои сиҳатии бадан аст. Чашмони барроқ, тез ва нофиз нишонаи солим будани шахс аст ва аломатҳои зардӣ, пажмурдагӣ, сурхӣ ва фурурафтагии чашм тақозо менамояд, ки бояд соҳиби он ба зудӣ пеши духтур ташриф бибарад.

Феҳрасти бемориҳои чашм: Бемориҳои чашм ба таври умум иборатанд аз камнурӣ, афтодани парда дар чашм, обрезиши чашм, глоукома, шабкурӣ, илтиҳобот ва ғайра.

КАМНУРИИ ЧАШМ. Хуршед ҳувайдост, аммо нури дигаре ҳаст, ки дар дидаи мо нест. Камнурӣ дар ҳар синне, ки набошад, иллатеро дорост ва бояд он иллат ошкор ва бартараф гардад. Нахуст бояд гуфт, ки фишори зиёд ва мудовим болои чашм, ки бештар дар касоне, ки шуғлашон мутолеа мебошад (олимон, нависандагон) инчунин заргарон, соатсозон, меъморон, наққошон ва ғайра ашхосе, ки шеваи корашон зарофаткорӣ ва резакориро тақозо мекунад, чашмро заифу нотавон месозад. Касоне, ки шабу рӯз ба кори мутолеа ва кор бо компютер машғуланд, диди чашмашон бештар заиф мегардад ва ин табақа аз мардум агар эҳтиёт ба харҷ надиҳанд, ғафсии айнакашон сол аз сол бештар хоҳад гашт.

ПЕШГИРӢ ВА МУОЛИҶАИ КАМНУРИИ ЧАШМ БА ШЕВАИ ТИББИ СУННАТӢ:

Нусха: шираи барги турбро бигиранд ва каме асал ба он илова кунанд ва ба чашм чаконанд, чашмро тез гардонад.

Нусхаи дигар: хӯрдани оби сабзӣ ( 100 гр. аз тарафи субҳ) ба муддати 40 рӯз нури чашмро зиёд мекунад ва низ дамкардаи қисмати рўизаминии он ҳамин хосиятро доро мебошад.

Ҷиҳати ғизодиҳии чашм бояд дар ғизои рўзмарра маводе, ки саршор аз витомини А, Е ва С мебошад истифода намуд.

ОБРЕЗИШИ ЧАШМ: Таҳқиқоте, ки дар замина анҷом шудааст, авомили обрезиши чашмро камбуди моддаи кимиёвӣ ба номи калий медонанд. Дар ҳар сурат донишманд ва табиби номии амрико – Ҷарвис дар ин маврид таҳқиқоти илмӣ анҷом додаст ва чунин нусхаро пешкаш намудааст: 1 қошуқи чойхӯрӣ сиркои себ, 1 қатра йод ва 1 истакон обро бо ҳам омехта карда, ҳангоми сарфи ғизо хӯрда шавад.

СУРХИИ ЧАШМ: Сурхии чашм дар асари сардардиҳо, фишори хун, тасаллуби шароини мӯйрагҳо (атеросклероз) инчунин зарба, садама ва ҳассосият( аллергия) ба миён мояд.

ПЕШГИРӢ АЗ СУРХИИ ЧАШМ: Каме пахтаро дар шири тоза тар карда чашмҳоро бибандед ва тарбандӣ кунед ва муддати 5 дақиқа нигоҳ доред сипас бо оби ҷӯшидагии сард бишӯед.

ШАБКУРӢ: одатан касоне, ки аз оғози торикии шом пеши роҳи худро намебинанд, вале рӯзона диди чашмашон маъмулӣ аст, онҳоро мегӯянд – шабкӯр. Илми тиб маълум кардааст, ки шабкӯрӣ дар асари камбуди Витамин «А» дар организми инсон ба вуқӯъ мепайванданд.

ПЕШГИРӢ АЗ ШАБКУРӢ:

Нусха: Дорчиниро бо чою асал бихӯред, барои шабкӯрӣ муфид аст.

КАТАРАКТА – тирагии мардумаки чашм мебошад.

Сабаби катарактаи модарзодӣ он аст, ки дар давраи ҳомилагӣ модари тифл бемории инфексионӣ – вирусиро аз сар гузарондааст ва низ камбуди калтсий ва витаминҳо маҳсус будааст.

Катарактаи оидиҳолшуда дар асари садама ё бемориҳои дигар аз қабили қанди хун ё пирӣ ба миён меояд. Нишонаҳои ин қисми катаракта иборат аз лаккаҳои сиёҳ дар пеши чашм, коҳиши диди чашм ва ба мурури замон то сарҳади нобиноӣ расидан аст.

ТАРЗИ ПЕШГИРӢ ВА МУОЛИҶА: Он чӣ дар байни мардум таҷриба шудааст ва натиҷаи хуб додааст,  аз тарафи тибби мардумии “ОРИЁН” ба ниёзмандон тақдим мегардад.

Нусха: Рўзе 3 маротиба як қошуқчаи чойхӯрӣ шираи алоэро бихӯранд ва 2-3 қатра аз онро бегоҳӣ пеш аз хоб дар чашм чаконанд.

КОМПЮТЕР, ХАСТАГӢ ВА ҲАСССОСИЯТ(АЛЛЕРГИЯ)-И ЧАШМ.

Нусха: Як қошуқчаи чойхўрӣ аз гули говзабонро дар ним истакон оби ҷўш дамкарда пахтаро дар он тар кунанд ва чашмро шустушў диҳанд ва дар охир компрес кунанд. Ҳарорати об бояд каме гарм бошад ва ин амалро бегоҳӣ анҷом диҳанд.

Нусхаҳое, ки дар мавриди чашм тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.

Тибби мардумии “ОРИЁН”

  1. hamchunin kasone ki majburand ruzona bo computer kor kunand metavonand dar 40 daqiqa 1 bor chashmashonro istirohat bidihand va ba masofati 6 metr durtar az khudashon ba muddati 5 daqiqa nigoh kunand va pilk bizanand nigoh kunand… mamnun

  2. Рустам:

    Салом. ки мегуяд,ки пардаи чашмро бе апирация гирифта мешавад ё не ?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *