Скелет ва мушакҳои одам

Косахонаи сари одам зиёда аз 20- устухонро дар бар мегирад. Ба он 5 -устухони косахонаи сар, 15- устухони абрӯ пайваст мешавад. Дар устухони косахонаи сар сӯрохоҳои зиёде мавҷуданд, ки аз он рагҳои хунгард ва торҳои асабимегузаранд. Дар косахонаи сар танҳо ҷоғи поён ҳаракатнок аст. Дар ҷоғи боло ва поёнба таври радаби(ботартиб) дандонҳо ҷойгиранд.

Сутунмӯҳра – асоси узви такягоҳиба ҳисоб рафта, аз 33-34 мӯҳра иборат буда аст. Дорои чор хамигимебошад. Якум хамиги иборат аз 7- мӯҳраи гардан. Дуюм хамигииборат аз 12- мӯҳраи қафаси сина. Сеюм хамигииборат аз 5- мӯҳраи миён. Чорум хамигииборат аз 5 мӯҳраи чорбанд мебошад. Мӯҳраи думғоза аз 4- 5 муҳрахои хурд ташаккул ёфтааст. . Дар мӯҳраи қафаси сина 12- ҷуфт кабурғаҳо ҷойгиранд, ки 7- ҷуфти он аз қисми пеш ба устухони тӯш пайваст мешаванд.Се ҷуфт ба қабурғаи 7- ум пайваст буда, ду ҷуфти дигараш озод аст.

Устухони даст қулфак ва шона чанбари китфро ташкил медиҳанд. Ба он устухони бозу, соиди калон, соиди хурд дохил мешаванд ва онҳо ҳаракатноканд. Банди даст иборат аз устухонҳои пешкаф, каф ва ангуштони даст дохил мешаванд.
Мушакҳо 30-35% массаи одамро ташкил медиҳад. Хосияти мушакҳо ин мутаассиршавї, гузаронидани ҳаяҷон ва кашишхӯримебошад. Мушакҳо дар синни 14-17 солагихуб инкишоф ёфта, дар сини 18-солагибо калонсолон баробар мешавад. Ҳангоми бетанаффус кашишхӯрии мушакҳо, мондашавии мушакҳо ба амал меояд, ки онро олим Сеченов омӯхта барои барқароршавии ҳолати физиологии мушакҳо як намуди фаолиятро бо дигараш иваз намудан лозим аст. Мушакҳо тавассути пайҳо ба устухон пайваст шуда, дар асоси кашишхӯриҳаракатро ҳосил мекунанд. Мушакҳо се хел мешаванд: мушакҳои мимикї, мушакҳои дусара ва мушакҳои фатсиягӣ.

Мушакҳои мимикидар қисми рухсора ҷой гирифта аз як тараф бо устухони косахонаи сар бо дигар тараф бо пӯст пайвастанд. Боқисонда мушакҳои склетитавассути пайҳо бо устухон пайваст мешаванд ва дар асоси кашишхӯри ҳаракатро ба амал меоранд.

Мушакҳои дусара ва сесара дар қисми бозу ҷойгир шуда, мушаки дусара қаткунанда ва мушаки сесара росткунандаи дастҳоянд.

Мушакҳои фатсиягӣ дар қисми шкам ва тахтапушт ҷойгирифта, аз нахҳои паймонанд иборатанд.

Омодакунанда: Ваҳобзода Фурқат, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *