Тақозои таълим

Барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мо – омўзгоронро зарур аст, ки ба таълиму тарбия бештар диққат дода, аз имконоти замони муосир ба таври васеъ истифода барем.

Таълими замони муосир тақозо мекунад, ки бештар дар рафти таълими фанҳо усулҳои фаъол ва интерактивиро истифода барем. Бо ёрии ин усулҳо омўзгорон ба саволи кўҳнаи чиро таълим додан ва чӣ гуна таълим додан дар шароити олами зудтағйирёбанда ҷавоб меҷўянд.

Ғояҳои асосии усулҳои фаъоли таълим ва интерактивӣ дар он зоҳир мешавад, ки донишро дар шакли тайёр ба таълимгиранда додан имкон надорад. Танҳо барои худсозӣ ва худривоҷдиҳӣ шароити педагогӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки муаллими замони муосир бояд ҷараёнеро ба роҳ монда тавонад, ки ба хонандагон барои «кашф»-и дониш ёрӣ расонад. Маҳз барои ҳамин таълим хонандаро бояд ба ҷустуҷў, тадқиқ ва ҳалли мушкилиҳои муҳими муҳити ўро иҳотакарда ворид созад.

Донистан муҳим аст, ки таълими интерактивӣ баръакси усулҳои анъанавии таълим, ки ба мундариҷаи ин ё он фан таваҷҷўҳ мекунад, бештар ба шахсияти хонанда равона шудааст. Ин фарқиятҳоро ба назар гирифта, гуфтан мумкин аст, ки вазифаи муаллими муосир тағйир меёбад. Аммо ин маънои аз усулҳои анъанавии таълим даст кашиданро надорад.

Мақсад он аст, ки бояд бештар захираи методҳои мо бой гардад. Муаллими касбӣ бояд маҳорати аз усулҳои анъанавӣ ба усулҳои интерактивӣ гузаштанро дошта бошад. Ҳатто, дар ҷараёни як дарс, ҳангоми иҷрои супоришҳои гуногун метавонад аз як усул ба усули дигар гузарад.

Сабаби интихоби методҳои гуногун дар он аст, ки роҳи бештар самарабахштари омўзиши мавод истифода карда шавад. Методи самаранок ҳамон аст, ки мо дар мавриди захираи ками вақт, таҷҳизот, кўшишҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ ба мақсади таълимии дар наздамон гузошташуда расида тавонем.

Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки сабаби истифодаи усулҳои таълими интерактивӣ дар он аст, ки онҳо «шавқовар» мебошанд. Ин ақида нодуруст аст, зеро мақсади ҳар як дарс васеътар буда, танҳо аз ҳавасманд кардани хонандагон иборат нест. Сабаби интихоби ин усулҳо аз он иборат аст, ки онҳо воситаи самараноки омўзиш ба ҳисоб мераванд. Ҳамон усулҳое самараноктар ба ҳисоб мераванд, ки бо истифода аз мавод ва вақти кам мақсадҳои таълимии хонандагон амалӣ шаванд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки бо ёрии ин усулҳо таълим дар муассисаҳои таълимӣ ранги дигар мегирад ва мо бе ягон монеа метавонем ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шавем.

Муродалӣ КАБИРОВ, омўзгори мактаби рақами 16
«Омӯзгор»

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин