Тарбияи кӯдакон

Вақте мебинем, ки фарзандамон бо дӯстонаш сӯҳбат карда, ногаҳон ҳарфи зиште ба онҳо мегӯяд, бе шак мо нороҳат мешавем. Агар падару модари боинсоф ва дилсӯз бошем, бояд коре карда, фарзандамонро тарбия карда, аз гуфтани суханҳои бад ба канораш барем.

Мутаассифона, падару модар аз хатои фарзанди худ на фақат ташвиш нестанд, балки гоҳе хушҳолӣ низ менамоянд. Худ шоҳид будам, ки писаре дар назди падари худ ҳақоратеро ба забон овард, падар аз ин «ширинзабонӣ»-и фарзанд хушҳол гашт, гӯё писараш ягон сурае аз Қуръонро азбар карда бошад. Он мард хушҳолона ба атрофиён хитоб карда гуфт: «дидед, ки писари ман ҳақоратро ёд гирифтааст». Бехабар аз он ки шояд рӯзе ба сабаби ин беаҳамиятӣ он ҳарфҳои зиштро ба рӯйи падар гӯяд. Фикр кунед, ки кӯдакон ҳарчизеро тавассути озмоиш меомӯзанд, масалан талхро аз ширин ва сардро аз гарм ба сабаби озмоиш фарқ мекунанд, ҳамин тавр суханонро низ меомӯзанд ва месанҷанд, то кадомаш аз дигараш қавитар аст ва назди падару модар кадоме мақбултар аст.

РОҲИ ҲАЛ

1-Кӯдакон мисли тутӣ ҳастанд, аз ин рӯ, ҳар суханеро, ки шунаванд бе дарки маъно онро такрор кардан мегиранд. Чӣ ҳақорат бошад, ё сухани хубе. Пас аввалин роҳи ҳалли ин мушкилот дар дасти мо волидон мебошад. Мо бояд дар назди кӯдак ҳама вақт ҳарфҳои хубро бизанем, то ӯ аз мо ҳарфи хуб ёд гирад.

2-Агар фарзанди мо каме бузургтар бошад ва вақте мо аз забони вай чунин ҳарфҳои зиштро шунавем, маълум аст, ки ӯ маънои он ҳарфҳоро медонад, аз ин рӯ, бояд бо хубӣ ба ӯ фаҳмонем, ки: «фарзандам ин ҳарфе, ки ту мезанӣ ҳарфи хубе нест». Пас бар ивази ин ҳарфи зишт бар вай мебояд ҳарфи муфиду бо маъние биомӯзонем.

3- Бештари вақт кӯдакон барои «гузаронидани гапи худ» аз калимоти зишт ва садои баланд истифода мекунанд, зеро аз мӯҳити хона ба ин бовар расидаанд. Агар падару модар дар хона аз калимоти зишту бад истифода кунанд, қабеҳӣ ва зишт будани он калима аз зеҳни кӯдак меравад ва ӯ фикр мекунад, ки парҳез кардан аз ин қабил ҳарфҳо он қадар муҳим нест. Пас волидайн бояд кӯшиш кунанд, ки ҳеҷ вақт аз ин ҳарфҳои бад истифода накунанд.

4-Бояд диққат диҳем, ки фарзанди мо аз куҷо ин гуна суханони бадро ёд гирифта аст, то ба он ҷо рафтанашро маҳдуд кунем. Масалан, агар сухани бадеро аз дӯсташ ёд гирифта аст, бояд бигӯӣ, ки ман фалониро хеле эҳтиром мекардам, аммо вақте чунин суханони зиштро мегӯяд, ман дигар намехоҳам, ки ба ӯ рафиқӣ намоӣ. То фаҳмад, ки сухани бад сабаби бадбинии дигарон мешавад, то худ аз он парҳез кунад.Мо калонсолон бояд дар ивази ин гуна сухани бад барояш калимаи хубе таълим диҳем, ки ҳама вақт, ҳатто дар вақти асабоният аз он калимаи хуб истифода кунад.

5-Дар ивази ҳар калимаи зиште, ки аз фарзандатон мешунавед, ӯро ҷарима кунед ва он пуле, ки аз ӯ меситонед, дар як ҷо ҷамъ карда, ба бечорагон садақа кунед, то бо дуои онҳо сабаби ислоҳи фарзанд шавад.

6-Агар ҳарфҳои зишти ӯ хитоб ба шумо бошад, тез бо кадом роҳе набошад ба ислоҳи ӯ бархезед. Дар мавриди имтиёзоте, ки барои фарзандонатон аҳамият дорад фикр кунед ва барои танбеҳ онҳоро маҳдуд кунед.

Вақте фарзандон ба синни булуғ наздиктар мешаванд, фосилаи онҳо бо падару модар зиёд мешавад ва мехоҳанд, ки аксари вақт бо дӯстонашон бошанд. Дар ин мавридҳо бояд кӯшиш кунем, то муҳаббати моро аз даст надиҳанд.

Танбеҳ ва муҷозот мумкин аст, ки муассир набуда, балки вазъиятро мушкилтар кунад. Мо ба унвони як шахси таҷрибаандӯхта шахсиятҳо ва дӯстонро таҳлил карда, бар асоси он ба онҳо бархӯрд мекунем. Набояд бархӯрдамон дар мавриди ҳама яксон бошад. Масалан, танбеҳ кардан дар мавриди баъзе аз кӯдакон фоидаовар аст. Вале танбеҳи баъзе кӯдакон сабаби ислоҳ не, балки боз ҳам зишттар гаштани онҳо мегардад. Дар мавриди кӯдаконе, ки рӯҳияи саркаше доранд, бояд аз шеваи ҳадя додан ва изҳори муҳаббат кардан истифода кунем.

«Рисолат»

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *