Тарбияи маънавии мактабиён ва проблемаҳои таҳқиқи он

Моҳияти тарбияи проблемаи тапрбияи маънавии мактабиён дар ҳуҷҷати тақдирсози ҳаёти ҷомеа Конститутсия (Сарқонун)- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манбаи арзишноки кулли сокинони мамлакат аст, ба таври боварибахш чунин сабт гардидааст; «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад».

Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (2004) самтҳои гуногуни маълумоти умумӣ ва раванди таълиму тарбияи маънавии мактабиёнро дар шароити демократикунонии ҳаёти ҷоимеа муайян кард, ки Консепсияҳои миллии маълумот ва тарбия ҳамчун рукнҳои асосии он барои дар амал ҷорӣ намудани маърифатнокӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи насли наврас шароиту имскониятҳои мусоид фароҳам оварданд.

Вале мутаассифона дар натиҷаи ҷараёни буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҷангҳои хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки дар кишвари акнун соҳибихтиёри мо дараҷаи маънавиёти сокинони ҷумҳурӣ, бахусус наврасону ҷавонон ба сатҳи паст фаромада буд, ба ҳаллу фасли бисёр масоили умдаи сатҳи мактабу маориф мушкилоти зиёде ворид шуданд.Агар аз як тараф оқибатҳои ғамангези ҷанг, музди ночизи омӯзгорону маорифчиён ва умуман зиёиён, шароити тоқатнопазири таҳсилот боиси аз таълимгоҳҳо дур шудани бисёре аз омӯзгорону устодони варзида шуда бошанд, аз тарафи дигар ҳолати номураттаби муносибатҳои бозоргонӣ, вазъи номукаммали таъминоти моддию маънавӣ сабаби бад шудани рафтору ахлоқи наврасону ҷавонон, давомоти бади хонандагон ба таҳсил ва оқибат тарки мактабу маориф намудани мактабиён гардиданд.

Падидаи дигари номатлубе, ки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо боқӣ монда буд, мафҳумҳои «ахлоқ» ва «маънавӣ»-ро фарқ накарда, дар радифи ҳамдигар истифода бурдани онҳо аз тарафи олимоу омӯзгорон ва муаллимони китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва ҳатто рисолаҳои монографӣ буданд. Чунончӣ, дар тарҷумаи китоби дарсии «Таърихи педагогика», аз нашри панҷуми русӣ, ки ба қалами Н. А. Константинов, С.Н. Медынский, М.Ф. Шабаева тааллдуқ дорад, соли 1982 аз ҷониби Б.Худойдодов (мутарҷим), А. Афсаҳзод (сармуҳаррир) ва И.Мирзоева (муҳаррир) тарбияи ахлоқӣ тибқи эҷодиёти педагогҳои бузурги хориҷӣ Пестолоци[2] ва Герцен[3] ҳамчун тарбияи маънавӣ баргардонида шудааст, ки мутлақо хато мебошад.Чунки тарбияи маънавӣ ба тарбияи ахлоқӣ омехта карда шуда, ба таври хараҷу мараҷ бе фарқият ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудаанд. Илова бар ин, дар ҳамин китоб доир ба асари хеле пурқимати педагоги барҷастаи рус В.А. Сухомлинский «Олами маънавии мактаббача» («Духовный мир школьника») тибқи тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ чизе гуфта нашудааст. Ҳол он ки дар шакли русии ҳамин китоби «Таърихи педагогика»1 мӯҳтаво ва моҳияти асари номбурдаи В.А. Сухомлинский («Духовный мир школьника») тасҳеҳи аниқ дода шудааст. Мисоли дигаре, ки ба асари донишманди бузурги рус И. Ф. Свадковский «Нравственное воспитанное» тааллуқ дорад, мутаассифона, тарҷумони тоҷик Б. Сиддиқова, зери таҳрири К. Олимов дар шакли «тарбияи маънавӣ»2 ба қалам додаанд. Тасаввур кардан он қадар душвор нест, ки дар тарҷумаи нодурусти чунин як рисолаи бутуни илмию таҳқиқотӣ саҳву хатоҳои бисёри омезишие дар мафҳумҳои мантиқии «ахлоқӣ» ва «маънавӣ» содир карда шуда, боиси фарқ накардани ин ду калима дар забони тоҷиӣ шудааст.

Ба тақлиди ҳамин падидаи номатлуб ду маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, ки аз ҷониби педагогҳои тоҷик бо унвони «Тарбияи маънавии мактаббачагон» яке соли 1984 (зери таҳриру таҳияи М. Юнусов ва Ғ. Мирзоев)3 ва дигаре соли 1991(бо сарсухан ва таҳрири Н. Сафаров)[4] аз чоп баромада буданд, омехтагиҳои на танҳо маънавию ахлоқиро пайгирона муаллифон таҳия кардаанд, балки қисматҳои дигари тарбия, аз қабили тарбияи меҳнатӣ, атеистӣ, интернатсионалистӣ (башардӯстӣ), ватандӯстӣ ва дигар усулҳои тарбияро ба тарбияи маънавӣ мансуб донистаанд.Ҳол он ки дигар унсурҳои мантиқии тарбия танҳо манбаи каму беш ташаккулдиҳандаи тарбияи маънавӣ шуда метавонаду вассалом. Муаллифони ин дастурҳои методӣ бошанд, саҳван тамоми қисматҳои тарбияро хоси тарбияи маънавӣ донистаанд.

Чунончӣ, дар сарсухани муҳаррири маҷмӯаи «Тарбияи маънавии мактаббачагон» М. Юнусов тибқи моҳияти мақолаи М. Ҳошимов чунин тавзеҳ додаст, ки мантиқан ба тарбияи маънавӣ ҳеҷ алоқамандие надорад.Дар мақолаи М. Ҳошимов «Баъзе масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоби мактаббачагон» доир ба нормаю принсипҳои ахлоқи коммунистӣ ва вазифаи коллективи педагогии «мактаби падару модарон роҷеъ ба тарбияи ахлоқу одоби мактаббачагон дар мисоли таҷрибаи мктабҳои пешқадами республика материалҳои пурқимате дода шудааст. Вай дар хусуси одобро дар мактаб, хона, кӯча ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кардани талабагон ва усулҳои омӯзиши онҳо ба муаллимон дастурҳои муфид медиҳад». Агар муаллифи мақола одобу ахлоқро ҳамчун манбаъ ва меъёри ташаккули маънавии хонандагон ба қалам медод, онгоҳ ба фикри М. Юнусов розӣ шудан мумкин мебуд. Дар ҳар маврид ахлоқу рафтори намунавӣ барои хонандагон баяд ҳатман манбаи дониш, омили асосии маърифатомӯзӣ ва ё меъёри муайяни камолоти маънавии хонандагон маҳсуб гардад. Вагарна аз ҳам ҷудо, дар парокандагӣ ташхису таҳқиқ кардани унсурҳои тарбия ва ё омехтагии беасоси мантиқан бенизоми муҳокимарониҳои қалбакӣ тибқи пороблемаи муносибати комплексӣ ба таълиму тарбияи замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расониданд.Чунин муносибатҳои сатҳӣ ва диктатории коммунистӣ ва яккасардории бюрократӣ ба пай дар пай ворид сохтани мушкилоти навбатии манфӣ ба сохтори мактабу маориф ва маълумоти умумӣ сабабгор шудаанд., ки он солҳои тулонӣ боиси шах шудани қолаби кӯҳнаи сохтакорӣ гардиданд. Дар натиҷаи рававнди демократии соҳибихтиёрӣ ва пош хӯрдани идораи бюрократии коммунистӣ, созмони парлумони бисёрҳизбӣ ва интихоби умумихалқии раъйпурсӣ бар ивази сар задании ҷангҳои хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва оқибат шикастани қолаби кӯҳнаи диктаторию идораи бюрократии сохтакорӣ муяссар шуданд.

Дар натиҷаи раванди демократии сохтмони ҷомеаи адолатноки соҳибистиқлол хавфи аз байн рафтани забони тоҷикӣ ва парешонию маҳви давлати ҷавони мамлакати кӯчаки тоҷикон барҳам зада шуданд, ки ҷои бисёре аз калимаву ибораҳори забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои истеҳсолоти хоҷагии халқи кишвар истилоҳоти туркию аврупоии бегона пахш карда буданд.

Мушкилоти дигаре, ки пас аз ба соҳибихтиёрӣ ноил гардидани мамлакати ҷавони ҷангзадаи Тоҷикистон ба низоми маълумоту таҳсилоти мактабу маориф, илму фарҳанг ворид гардид, ин куллан аз баҳри тарғиботи атеистии зиддидинӣ баромадан гардид, ки мувофиқи нишондоди ҳукумати қонунӣ, бахусус ташаббуси сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ ба барномаи давлатии маълумот «Таърихи дин» ворид карда шудааст. Тибқи чунин тадбири хирадмандона акнун каломи пурғановати дини мӯбини ислом ва асосҳои маънавию ахлоқии динҳои християнӣ, буддоӣ, ҳиндуӣ, масеҳӣ, католикӣ дар радифи арзишҳои баланди китобҳои муқаддаси «Ригвидо», «Авесто, «Куръони маҷид», «Забур»- и Довуд, «Таврот»-и Мӯсо, «Инҷил»- Исо ба мактабиён омӯзонда мешаванд. Аз диди бисёр олимону пешвоёни дин ҳамчун манбаи маърифатии камолоти маънавӣ ва ташаккули шахсияти кулли сокинони мамлакат, бахусус мактабиён омӯзиши таърихи дин ҳамчун оинаи тамаддунасоси арзишҳои фарҳангӣ маввриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудаанд, ки новобаста ба қарорҳои парлумони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсия (Сарқонун)- и ҶТ ба ҳукми қонун дароварда шудааст.

Мушкилоти дигари навбатие, ки ба ҳаллу фасли бисёр масоили проблемаи таълими маънавии мактабиён дар шароити дигаргунсозии ҷамъияти демократӣ ба миён омад, шакли русии «Духовое воспитание»-ро аз шакли тоҷикии «тарбияи маънавӣ» фарқ накардани васоити ахбори умум аст, ки то ҳанӯз баъзан тибқи гуфтори пандомӯзи садо ва симои марказӣ, чопи маводи омӯзишии рӯзномаю маҷаллаҳои педагогӣ, дастуру нишондодҳои методию илмӣ баъзе олимону рӯзноманигорон, методистону омӯзгорон ва маорифчиён дар тарҷумаи маводи рӯзмарраи таҳқиқотӣ ва истифодаи маводи фаровони хориҷӣ мафҳумҳои калимоти «маърифат», «ахлоқ», «маънавиёт»- ро дар радифи ҳаммаънои калимоти русии «образование» (познание), «нравственность», «духовеность» гузошта, айнан ба ҳисоб нагирифтани муносибатҳо, хусусиятҳо, анъана, расму оинҳои динию ахлоқиро риоя накардан мебошанд.Тенденсияи тақлидкорона қабул кардану ғайри мазмунан дида гирифтан ва таҳқиқ кардани ин ва ё он проблемаи тарбияи маънавӣ муқоиса бо «Духовное воспитание» дар ҷараёни омӯзишу парвариши раванди амиқсозӣ ва фарқияти мушаххаси масъалаҳои ҷориро мураккаб ва печ дар печ гардонид. Аз ин рӯ, ба мо лозим омад, ки дар натиҷаи таҳқиқи проблемаи тарбияи маънавии мактабиён ба луғатҳои тафсирӣ ва фарҳангии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ муроҷиат намоем.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ «маърифат» якум ба маънои илму дониш, дуюм — шинохтан, донистан, сеюм- биниш, тамиз, фаҳм, чаҳорум- шиносоӣ, ошноӣ, пранҷум- маълумот дар бораи тасаввуф, ҷаҳоншиносӣ, яъне чаҳор дараҷаи ирфонии суфия: шариат, тариқат, маърифат, ҳақиқат тафсир гардидааст. «Маънавӣ» бошад, якум ба маънӣ, дуюм-фикрӣ, рӯҳӣ, яъне дар радифи «маърифат» маънавиёт олами фикрӣ ва рӯҳии инсонро фарогир аст.Пас агар калимаи «маънавӣ» умуман аз решаҳои «маънӣ» ва «маъно» иборат бошад, якум, мазмуни калом, мафҳум, дуюм, фикр, ғоя, сеюм, моҳият ва мазмун, чаҳорум, ҳолати ваҷди рӯҳӣ (дар тасаввуф) ва панҷум сабабу воқеияти ҳосили ҷамъи «маъно» ва «маънӣ» мафҳуми васеи маънавиётро ифода мекунанд.Вале ҳарчанд, ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи «маънавӣ» дар баробари калимаи «маънавиёт» ҳаматарафа маънидод карда шуда бошад ҳам, вале мутаассифона мансубияти маъноии калимаи «маънавӣ» муқобили калимаи «моддӣ» ба таври хато гузошта шудааст.Дуюм, дар раванди шарҳу тафсири ҳарду калимаҳои ҳаммаънои «маърифат» ва «маънавӣ» мураттибони фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳумҳои мантиқии ин вожаҳоро ҳамчун ҳамрадифи якдигар сарфи назар кардаанд.

Дигар ин ки ҳам дар чопи кӯҳнаи «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ва ҳам дар чопи нави «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006) калимаи «маърифат» дуруст тарҷума карда шуда бошад ҳам,(1.знание;наука; 2. познание; 3. просвещение; образование; 4. осведедомленность; познание;5. мудрость), вале дар баробари тарҷумаи аниқи калимаи «маънавиёт» (духовный мир; интелектуальний мир, духовные ценности; духовная культура; духовность) ва калимаи «маънавӣ» (1.Духовний, идейный; 2. Смысловой – таҳтуллафзӣ) инчунин нодуруст иловатан бо нишондоди тарҷумаи калимаи русии «моральный», «нравственный» мураттибон мутлақо саҳв кардаанд. Ҳол он ки маънои калимаҳои «моральный», «нравственный» на бештар ба ифодаҳои одобу ахлоқи инсонӣ шабоҳат доранд.Дар маҷмӯъ ахлоқ, яъне одоби ҳамидаи инсонӣ фақат ҳамчун омили ҳалкунандаи пайдоиши маърифат ва ташаккули шахсияти комил меъёри асосӣ шуда метавонад. Бинобар ҳамин, ҳамрадифи айниятдори ҳамдигар донистани ду калимаи гуногунмаънои «маънавӣ» ва «ахлоқӣ» (ва ё одоб)билкул нодуруст ва мутлақо хатои мамҳз мебошанд.Чунонеки мураттибони чопи нави «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Д. Саймуддинов ва диг.) худ низ дар ҷои дигари он шаклгирии амиқу дурусти маънавии ифодаҳои «маънан» (по смыслу, по содержанию) «маънидод» (обьъяснение, толкование, коментарий), «маънидор» (1.осмысленный, сознательный; 2.содержательный, тольковый, дельный; 3.многозначительный; выразительный), «маънӣ» (1. значение, смысл; 2. содержание; 3. сущность; суть; 4. экстаз- ваҷд, эҳсоси баланд; 5. повод, причина, «маъно» (маънӣ), «маъноӣ» (маънавӣ)- ро пурра эътироф кардаанд.1 Пас мо бо боварии том гуфта метавонем, ки ахлоқу одоб ҳамчун маҳаки муқаррароти маърифат ва ченаки асосии сатҳи ташаккули маънавии шахсият маҳсуб мешавад, ки аз қадимулайём маърифат ва маънавӣ тавъам ба ҳам зичу алоқаманд дар радифи ҳамдигар нашъунамо ёфтаанд. Мисоли баркамоли чунин гуфтаҳо «Маснавии Маънавӣ»- и Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки мафҳуми маънавӣ мисли «маърифат» ба маънои дониш омадааст.

Чуноне ки бузургон фармудаанд:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Дар ин ҷо ҳадаф аз ишора ба Қуъон аз як тараф агар манбаи ахлоқ нишон дода шуда бошад, аз тарафи дигар манбаи илму дониш қарор гирифтани Каломи шариф маънидод шудааст. Маориф ва мактаб бошанд,ҳамчун калимоти ҳаммаъно дар радифи маърифат тибқи истифодабарӣ дар замони муосир дахл доранд.Олимон исбот намудаанд, ки «Тайи 70-80 соли охир ҷойи онро (яъне маърифатро)» калимаи «маълумот» ишғол намуд…Маънои калимаи «маърифат» нисбат ба калимаи «маълумот» васеъ ва доманадор аст»,2 ки аз он калимоти дигари «маориф», «ирфон» ва «ориф» тасрифгардидани шаклҳои арабиасоси забони тоҷикӣ рушду такомул ёфтаанд.Ба ҳамин тариқ, маърифат ҳамчун категорияи диалектики дониш тавассути ақлу идрок ва зеҳну шуури инсоният аз оғози шинохтану донистани ҷаҳон сар карда, то ба сириштану бунёд сохтани олами маонии тафаккур, заковат, хирад шакл гирифтааст. Бинбар ҳамин маърифатпарварии олам масъалаи умдаи фалсафӣ буда, манбаъ ва меъёри дарки маънавии инсоният дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо мебошад, ки бо мурури афкору усулҳои мухталифи воқеияти давру замонҳои гуногун марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст.Ҳанӯз то давраи ҳукмронии давлати Сомониён ва замони салтанати Куруши Кабир кашфиёти нодири илму маърифат, тараққиёти донишҳои ҳандасаю нуҷум, калому забони дарӣ, риёзиёту тиб, фалсафаю дини Зардуштӣ аз замонҳои офарида шудани китоби муқаддаси «Авасто», бахусус сурудаҳои «Готҳо» бо шиори пандомӯзи «Пиндори нек, кирдори нек, гуфтори нек» рушду такомул ёфта, чун манбаъ ва хазинаи маонии давраи бунёди салтанати пуриқтидори давлати Сомониён ва боигарии маънавии сокинони кишварҳои паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Кашфиёти археологӣ ва ҳафриёти Саразми назди Панҷакент, Ҳулбуки Кӯлоби бостонӣ, Кофирқалъаи соҳили Вахш ва бисёр дигар бозёфтҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки тибқи шаҳрсозӣ ниёгони мо лоиҳакашии қалъа, кӯшку қасрҳо ва ороишу биноҳоро бо сабти нишонаҳои хати паҳлавӣ зебу зиннат дода, осори маърифатомӯзи қадимиро ба наслҳои ояндаи давраи ҳукмронии Сомониён мерос мондаанд.

Гузаштагони тоҷик дар давоми 200 соли ҳукмронии арабҳо фаъолияти илмию адабии хешро ривоҷу равнақ дода, дар марказҳои хилофат ҷараёни шуубия (асарҳои пурмазмуни аҷдодони хешро ба забони арабӣ тарҷума ва эҷод кардани адибони тоҷик) ва ҳанафия (яке аз пешвоёни фиқҳи аҳли суннат Имоми Аъзам Абӯҳанифа барои насли оянда аҳкоми шариатро дар қиёс ба фиқҳ таҳким бахшид)- ро ба пояи баланди худшиносӣ ва маърифатӣ густариш додаанд. Намояндагони воломақоми ҷараёни шуубия Ибни Муқаннаъ (724-759), Башир ибни Бурд (714-784), Абунувос (762-813) ва ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа (699-764)бар зидди беадолатиҳои ножодпарастӣ мубориза бурда, дар замони Сомониён низ баробарии ҳамаи халқҳо, хоса мусулмононро тарғиб мекарданд, ки то ҳанӯз манбаи худшиносӣ ва ифтихори миллии халқи тоҷик дар таърих мақоми арзанда доранд.

Дар замони давлатдории Сомониён тамоми нобиғаҳои нотакрори соҳаи тиб Абубакри Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҳаким Майсарӣ ва Абулқосим Заҳравӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва ибни Рушд ба ташаккули ақидаҳои хаёлии олимони асроимсиёнагии Аврупо Томас Мор, Оувен, Фуре, Томазо Компанелӣ, Френсис Бекон мусоидат намуданд. Ҳарчанд ки дар тӯли қарнҳо аз тохту този ғоратгаронаи Искандари Мақдунӣ, зӯроварии бераҳмонаи арабҳо, шоҳаншоҳии ғазнавиён, истисмори чингизиён, сулолаи туркҳои бодиянишин пояи давлатдории тоҷикон тӯли ҳазор сол завол ёфт, лекин муборизаҳои озодандешию худогоҳии мардуми тоҷик ба арсаи тамаддуни миллӣ олимону шоирони баркамоли форсу тоҷикро ба мисли Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Алхоразмӣ, Саъдию Ҳофиз, Камолу Ҳилолӣ, Мавлавию Ҷомӣ, Зебуннисою Бедил, Восифию Кошифӣ, Донишу Айнӣ ва бисёр дигар олимону донишмандон ва саромадони воломақоми назму насри каломи бадеъро ҳамчун поягузорони ақлу заковат, хираду маърифат ва манбаи тафаккури маънавии наслҳои муосир ба миён оварданд. Ҳарчанд ки назариётчиёни асримиёнагии таълимоти тасаввуф ҷараёни маърифатро ба чор зина- шариат,тариқат,ҳақиқат ва маърифат тарҳрезӣ намуда, ҳастии воқеиро тавассути ваҷд, ваҳӣ, иноят ва илҳом барин ҳолатҳои рӯҳии фавқулҳиссӣ маънидод кардаанд, вале таҳлили ақидаҳои ахлоқии динии илоҳиёт дар таълимото Имоми Аъзам тибқи қиёс ва фиқҳи ислом ба рушду такомули маърифати рӯҳшиносӣ ва равонии ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун манбаи фалсафаи ахлоқ заминаи мусоиди маънавӣ фароҳам овардааст, ки ҷараёни ташаккули маърифат минбаъд дар муборизаҳои ғоявию сиёсии ҳаёти давлатдории тоҷикон аз аҳамият холӣ намондааст. Пешвоёни ҷараёни тасаввуф Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Насириддини Тӯсӣ, Сӯҳравардӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Ибни Рушд, Ибни Сино, Шайх Саноӣ, Шайх Саъдӣ, Хофизу Ҷомӣ, Ансорӣ ва Иқбол маърифатпазирии оламро эътироф карда, нақши ақлу ҳисро эътироф намудаанд, ки ҳастии ҳақиқиро тавассути ваҷд, ваҳӣ, иноят ва илҳом донистан имконпазир аст.Ба қавли донишманди муосири тоҷик М. Ҳазратқулов «масъалаи маърифати тасаввуфӣ аз ҷанбаҳои амалию назарии ба ҳам алоқаманд вобастагӣ доранд, ки онҳоро фақат ҷудо тасаввур намудан мумкин аст, дар асл бошад, ҷиҳатҳои мазкур ҳамдигарро тақвият дода, имконияти дарки ҳақиқатро аз роҳи тариқат фароҳам меоваранд, ки моҳияташон на фақат аз ҳулули махлуқ (инсон) бо холиқи худ (Худо) иборат мебошад, балки худшиносии шахсии инсонро низ ифода мекунанд». 1Вале «суруди озодӣ», ки ҳамчун каломи мавзуни маърифати озодихоҳӣ ва шиносномаи миллат аз замири қалби устод С. Айнӣ ба ҳамвавтанон бо каломи фасеҳу мавзун садо дод, мардуми тоҷикро раҳнамои маънавӣ гардид;

Эй ситамдидагон, эй асирон,

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй асирон,

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Чуноне ки Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: «Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид.Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.

Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва фаъолият муҳайё сохт.Оҳиста- оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дӯрдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд.Мактабу маориф ва илму фарҳанг босуръат инкишаф ёфтанд. Фарзандони халқи тоҷик бо мадади бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар инкишофи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд.Вале ба назари мо аз ҳама муҳимаш он буд, ки дар он даврон забони тоҷикӣ аз нав ҷон гирифт ва тавассути софкории адибону олимон, завҳмати пайвастаи зиёиён хеле суфтаву ғанӣ гашт. Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллат қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт»2.

Шоири муборизи роҳи истиқлолияту озодӣ М. Турсунзода таронаи «Асри ман» — ро, ки ҳамчун гимни мамлакат дар асри ХХ эътирофи умум шуд, ба сохти давлатдории тӯли 1000 сол заволёфта бахшидааст:

Шиквае аз ту надорам, асри ман,

Чун туӣ омӯзгорам, асри ман.

Бахти хоболӯди ман ҷунбондаӣ,

Соҳибэъҷозат шуморам, асри ман.

Ҳарчанд ки даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба бюрократизми яккасардории коммунистӣ роҳ дода, ба низоми диктатории идораи маҷбурии тақсимоти номураттаби ҳудуди миллӣ роҳ дод, вале рушду нумуъи муносибатҳои тиҷоратӣ, инкишофи босуръати илму техника, саноату тандурустӣ, мактабу маориф, бунёди театрҳои халқиву давлатӣ, пешрафти саноату маданият, бунёди нерӯгоҳҳои обию барқӣ, нақбҳои кӯҳӣ, осорхонаҳои таърихӣ- кишваршиносӣ, сохтмони заводу фабрикаҳо, автоматикунонии истеҳсолот, созмони истеҳкомҳои кайҳоншиносӣ ва ҳисоббарориҳои электронӣ, технологияи коммуникатсионӣ ва компютеризатсияи сартосарии мамлакат, бахусус муассисаҳои таълимӣ ва дастовардҳои арзишманди мавҷудаи СССР гувоҳӣ медиҳанд.

Мутаассифона, муташанниҷ гардидани фазои байналмилалии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, рӯ ба касодӣ овардани идораи бенизоми бюрократӣ, ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гаштани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, завол ёфтани низоми диктатории коммунистӣ,паҳн гардидани мавҷи бекорӣ, паст гардидани музди маоши меҳнаткашон, суст гардидани мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии КПСС, ба майдони мубориза ворид гардидани ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, тариқи райъпурсии умумихалқӣ рӯ ба интихоби парлумонӣ ниҳодани меҳнаткашон ва табаддулоти ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ боиси пош хӯрдани СССР гардид. Дар қатори дигар ҷамоҳири Шӯравӣ Тоҷикистон низ ба нуқтаи даргири ҷангҳои шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ҳолати номураттаби муносибатҳои бозаргонӣ дар ҷараёни мураккаби бӯҳрони шадиди иқтисодию сиёсӣ, музди ночизи маорифчиёну омӯзгорон, шароити бади таъминоти моддӣ, тандурустӣ ва маишӣ, тарк намудани мактабу маориф аз ҷониби хонандагону омӯзгорон ва ба корҳои сердаромад гузаштани онҳо, давомоти сусти мактабиёну донишҷӯён, ба сатҳи паст фаромадани рафтору ахлоқи наврасону ҷавонон, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтани мавҷи бесаводӣ ва дигар самтҳои муташанниҷу ихтилофоти умумихалқӣ проблемаи аввалиндараҷаи тарбияи маънавии мактабиёнро ба миён ворид сохтанд, ки минбаъд дар тули 20- соли давраи истиқлолият ташкил намудану созмон додани тадбирҳои фарҳангию чорабиниҳои озмоишӣ, илмию тадқиқотӣ ба ҳаллу фасли бисёр масоили марбут ва беҳдошти мушкилоти бамиёномада мусоидат намуданд. Аз ин лиҳоз, мувофиқи қарордоди ислоҳоти соҳаи мактабу маориф тарбияи маънавии мактабиёну ҷавонон ҳамчун проблемаи зарурии пешгирӣ намудани ҷараёни афзоиши ҳаннотӣ, авбошӣ, косташавии афзоиши одобу ахлоқи кӯдакону наврасон ва умуман сатҳи пасти маърифатии табақаҳои гуногуни аҳолӣ дер боз арзи ҳастӣ намуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон, ки бар ивази ҷонбозиҳо ва талафоти бисёри моливу ҷонӣ муяссар гардид, омӯзиши афкори педагогии ниёгон, танзими расму оинҳо ва анъанаҳои халқӣ, ташкили осорхонаҳои таърихӣ- кишваршиносӣ ва ҳарбӣ- ватандӯстӣ дар заминаи бунёди арзишҳои фарҳангӣ ва бозёфтҳои археологӣ, рушду нумӯъи илму фарҳанги ғании адибону олимони тоҷик, пешвоёни дини мӯбини ислом, ҷорӣ намудани фанни таърихи дин, барҳам додани атеизми аз замони собиқ Иттииҳоди Шӯравӣ меросмонда ва боз бисёр дигар тадбирҳои танзими ҳаёти ҷамъиятӣ ба сомон расонида шуданд.

Мувофиқи қарордоди иҷлосияи 16-и ш. Хуҷанд, ки дар таърихи сулҳи тоҷикон ҳамчун воқеаи сиёсии тақдирсоз ба ваҳдат ва оштии миллӣ замина гузошт, рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ташаббуси сарвари давлат ва сиёсати сулҳҷӯёнаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ваҳдати миллӣ эълон карда шуд. Минбаъд дар таълимгоҳҳои кишвар омӯзиши таҷрибаи сулҳу оштии миллии тоҷикон бо даъватҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат, мулоқоту вохӯриҳои ӯ бо лидерони сиёсии мухолифин дар шаҳрҳои Кобул,Истамбул, Теҳрон, Маскав пеш гирифтани роҳи демократию созандагии ҳаёти ҷамъиятӣ дар мамлакати соҳибихтиёр, муаррифии таҷрибаи пешқадами сулҳҷӯёнаи тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ, аз минбари СММ ба оламиён нишон додани иқдоми сарвари давлати тоҷикон баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани пояҳои халалнопазири ризоияти миллӣ, бунёдгузориҳои иншоотҳои муҳими роҳу пулҳои мошингард, нерӯгоҳҳои обию барқии пуриқтидор, нақбҳои боҳашамати кӯҳӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва идораю муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам омадани шароити мусоид мувофиқ омад.

Дар заминаи созандагию бунёдгузориҳои ҳаёти нави демократӣ, ташкили конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, вохӯрию мулоқотҳои мактабиён бо сарвари давлати тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо олимону бостоншиносон,омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои тахрихии 1100-солагии давлати Сомониён, 2700- солагии китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто», компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани таълимгоҳҳои кишвар бо техникаю асбобҳои аёнии замонавӣ, танзими барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ бо дастуру китобҳои дарсӣ, қадам ба қадам баланд бардоштани музди моҳонаи омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ, беҳдошти некӯаҳволии сокинони мамлакат ва баланд гардонидани сатҳи маърифатомӯзии наврасону ҷавонон оварда расониданд.

Қобили қайд аст, ки фармони бамавриди Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми марти соли 2000-ум «Оид ба таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ, эҳёи ананаҳои мардумӣ ва фарҳангии халқ», таҷлили ҷашни 2700- солагии китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто» барои тамоми зиёиёну меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи рӯҳбаландӣ ва қадршиносӣ гардид, ки аҳли васеи омма ва зиёиён, бахусус маорифчиёну мактабиён, адибону олимон, санъаткорну бостоншиносон- ҳамагон аз ҷапшни фархунда ва иқдоми хайрхоҳонаи сарвари давлати тоҷикон ифтихормандона рӯҳу илҳоми тоза ва ғизои маънавӣ гирифтанд.

Омӯзиши таҷрибаи пешқадами коллективҳои педагогии мамлакат, ташкилу гузаронидани озмоишҳои таҳқиқотӣ дар таълимгоҳҳои такягоҳӣ, ҳамкориҳои сотсиологӣ ва чорабиниҳои фарҳангию илмию методӣ собит месозанд, ки созмон додани Ҷамъияти ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мулоқоту вохӯриҳои сарвари давлат бо кулли маорифчиёни кишвар, баргузории ҷашнвораҳои умумихалқии наврӯзӣ ва ҷаҳонишавии он, омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои таърихии 1100-солагии давлати Сомониён, соли фарҳанги сулҳ эълон гардидани соли 2010, 2700- солагии китоби муқаддаси «Авасто», бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон соли 2003 эълон шудани соли оби тоза ва минбаъд 2005-2015 эълон гардидани 10-солаи амалиёти «Об- барои ҳаёт», аз минбари СММ эълон гардидани соли 2006 соли тамаддуни Ориёӣ, солҳои 2007-2009 таҷлил бахшидан ба 1150 солагии сардафтари адабиёти форс- тоҷҷик Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Ҷалолуддини Балхӣ, 1310- солагии пешвои мусулмонони олам Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит, 130-солагии устод С. Айнӣ, бузургдошти забони тоҷикӣ, соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 ба мустаҳкаму пойдор гардидани ваҳдату якдилӣ ва маърифати пандомӯзи сокинони мамлакат, бахусус камолоти маънавии мактабиён мусоидат карданд.

Дар муддати зиёда аз 10 сол ҷараён гирифтани тадбирҳои танзими ҷашну оинҳои халқӣ ва анъанаҳои мардумӣ(аз соли 1999 то 2010), пас ба ҳукми қонун дохил намудани он 8-уми июли соли 2007, созмону таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ва тадбирҳои фарҳангӣ ба истиқболи 20-солагии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, созмони симпозиумҳои байналмилалӣ ва ба мааре\кази фааааарҳанги исломии умумиҷаҳонӣ табдил ёфтани пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе(2009), қабули қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»(2003), Қонуни нави забони давлатӣ (5-уми октябри соли 2009), ноил гардидан ба маориф ва фарҳанги техникӣ аз ҷониби мактабиён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳё гардидани созмони талабагии «Ахтарон», «Ворисони Сомонӣ» ва «Сомониён» ва рушду нумуи фаъолияти худидораи талабагӣ дар таълимгоҳҳои мамлакат аз музаффариятҳои бунёдгузори раванди демократикунонии замони истиқлолият мебошанд, ки ба ташаккули тафаккури маънавию техники наврасоу ҷавонон ва донишҷӯён мувофиқат кардаанд.

Тибқи паёмҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру нишондодҳои бамавриди ӯ ва ислоҳоти соҳаи маориф ба мо муяссар гардид, ки нақшаҳои озмоишӣ таҳия карда, масъалаҳои зарурии ҳамкориҳои мактаб, оила ва аҳли ҷомеаро дар бартараф сохтани мушкилоти раванди таълиму тарбияи маънавии хонандагон ва дар семинару маҳфилҳо, озмуну конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо бо пешқадамони истеҳсолот, ветеранҳои меҳнат, ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ баррасӣ намоем.

Таҷрибаи таҳқиқотӣ аз тариқи озмоишҳои педагогӣ нишон медиҳад, ки ба кори эҷодӣ ва самаранок ташкилу гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, мувофиқи нақшаи пешакии иловагӣ тарҳрезӣ намудани дарсҳои ҳозиразамон, аз қабили дарс – озмун, дарс- конфронс, дарси ҳамгиро, дарси ҷамъбастӣ, дарси ҳисоботи эҷодӣ, дарс- саёҳат, дарс- викторинаи илмӣ, дарс- мубоҳиса, дарс- мусобиқа, дарс- семинар, дарси ҳозирҷавобон, дарси саволу ҷавоб, дарсҳои санҷишӣ, дарсҳои лабораторӣ, дарси таҷрибавӣ ва дарсҳои амалӣ, таъмини иштироки хонандагони лаёқатманд ба маҳфилҳои «Дониш», «Техникони наврас», «Табиатшиносони наврас», «Адибони наврас», «Дастони моҳир», «Ихтирокорони наврас», «Санъаткорони наврас», мақсаднок ташкил намудани ҳафтаҳои фаннӣ, озмуну мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯрӣ бо мутахассисони касбӣ, духтурон, муҳандисон, ихтирокорон, варзишчиёни номдор, санъаткорони касбӣ, олимону шоирон, соҳибкорони ватанӣ, таҷлили ҷашнвораҳои муҳими таърихӣ, зодрӯзи олимону шоирон ва нависандагону ходимони барҷастаи илму фарҳанг вобаста ба дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ, инфиродӣ, равоншиносӣ ва майлу рағбати касбинтихобкунии хонандагон ҳамчун маълумоти амиқи иловагӣ ба рушду такомули малака, маҳорат ва қобилияти донишандӯзиву маърифати шогирдон оварда расониданд.

Вале мутаассифона дар ҳаллу фасли проблеммаҳои тарбияи маънавии мактабиён то ҳанӯз мушкилоти зиёди ҷараёни таълиму тарбия ҷой доранд, ки дар бартараф намудани онҳо мо ҳамагон — муҳақиқон, омӯзгорону маорифчиён, падару модарон ва аҳли ҷомеа дар ҳамкории зич амал намуда истода, ба масъалаҳои зарурии мактабу маориф эътибори ҷиддӣ диҳем:

— баланд бардоштани мақоми Кумитаи падару модарон ва Ассосиатсияи волидону омӯзгорон, ки дар бисёре аз таълимгоҳҳои кишвар фаъолият намуда, танҳо ба ном вуҷуд доранду вассалом:

— барои тарбияи маънавии наврасону ҷавонони лаёқатманд тавассути озмунҳо ва маҳфилҳо, санҷидани корҳои эҷодии хонандагон ва навгониҳои омӯзгорону устодони эҷодкор перомуни фаъолияти роҳбарикунандаи Ассосиатсияи омӯзгорони эҷодкор:

— ба танзим даровардани мувофиқати нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру рисолаҳои илмӣ- методӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ зимни талаботи ислоҳоти соҳаи маориф:

— аз нав эҳё намудани Университети падару модарон ва баланд бардоштани сатҳи маънавию маърифатомӯзии валидо;

— барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҷинояткориҳои ноболиғон ва вазъи мухолифатомези наврасону кӯдакони таълимгоҳҳо ташкилу гузаронидани вохӯрии мактабиён бо намояндагони органҳои ҳуқуқ дар ҳузури волидони хонандагон:

— мукаммал гардонидани мазмун, мундариҷа ва усулҳои озмоишӣ – тадқиқотӣ вобаста ба шароити маҳалли мавҷудияти таълимгоҳҳо ва хусусияти фарқкунандаи онҳо:

— мувофиқи озмоишҳои педагогӣ ва нишондоду дастовардхои мактабҳои такягоҳӣ ба минбари таҷрибаи пешқадам пешниҳод намудани татбиқи роҳу усулҳои иноватсионии таълиму тарбия:

— мувофиқи нақшаҳои иловагии тарбиявӣ таҳким бахшидан ба мазмуну мундариҷаи соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои ҳозиразамони эҷодӣ, дарс- конфронс, дарс- семинар, викторинаҳои илмӣ, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои технологӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва ғайраҳо:

— фарогирии пурраи наврасони душвортарбия ба мактабҳои махсуси ҷумҳуриявӣ дар шароити шаҳрҳои марказии ҷумхуриявӣ ва вилоятии мамлакат:

— ба роҳ мондани усулҳои фаъоли таълим, ҳамгиро ва тафриқа, тариқи истифоди технологияи компютерӣ ва иноватсионӣ дар партави ислоҳоти соҳаи мариф:

— ташкили осорхонаҳо ва гӯшаҳои таърихиву кишваршиносӣ ва ҳарбиву ватандӯстӣ тибқи таҳкими худшиносӣ ва пойдории анъанаҳои миллӣ перомуни экспедитсияи ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ « Тоҷикистон – кишвари азизи ман»:

— натиҷагириҳо аз дастовардҳои соли маъориф ва фарҳанги техникӣ ва омодагӣ ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давлатшоев Иззатулло, мудири шӯъбаи масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва робита бо оила ва ҷомеаи ПРМ АТТ

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *