Ташхиси дараҷаи худбаҳодиҳии шахс

Маълумоти умумӣ

Худбаҳодиҳӣ як тарафи муҳиму зарури худшиносӣ буда, маҳорати ба қувваю имкониятҳои худ баҳо дода тавонистан ва ба худ муносибати танқидӣ карданро ифода мекунад. Худбаҳодиҳӣ ин баҳои шахс ба худ, хусусиятҳо, бартарият ва камбудиҳои худ, мавқеи худ дар байни дигарон аст. Дар асоси худбаҳодиҳӣ танзими рафтори шахс ба амал меояд. Дар психология як қатор методҳои эксперименталӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо худбаҳодиҳии шахс, тавсифномаи миқдорию сифатии онҳо муайян карда мешаванд. Худбаҳодиҳиро ба ду намуд ҷудо мекунанд: худбаҳодиҳии мувофиқ ва худбаҳодиҳии номувофиқ.

Худбаҳодиҳии мувофиқ вақте ба амал меояд, ки шахс камбудӣ, нокомӣ, комёбӣ ва бартарии худро дониста бошад. Шахсоне, ки худбаҳодиҳии мувофиқ доранд, ҳамеша худро бехатову доно намешуморанд. Онҳо дар ҳаёт чигунагии мавқеи худро медонанд.

Худбаҳодиҳии номувофиқ ду намудро дорад:

а)худбаҳодиҳии ниҳоят баланд; б) худбаҳодиҳии ниҳоят паст.

Худбаҳодиҳии ниҳоят баланд онро мефаҳмонад, ки шахс майли аз будаш зиёд баҳо доданро ба худ дар вазъиятҳои гуногун дорад. Ӯ одатан ба муқобилияти атрофиёи дучор мешавад ё нисбаташ ҳисси нобовариро зоҳир мекунанд ва ин ба ташкили муносибатҳои байнишахсӣ монеа мешавад.

Худбаҳодиҳии ниҳоят паст онро ифода мекунад, ки шахс ба худ ва қувваи худ боварӣ надорад, аз ташаббускорӣ даст мекашад, имкониятҳои худро пурра дарк намекунад ва нисбати шахсияти худ қадрношиносӣ зоҳир менамояд. Ӯ худро дӯст намедорад, дар натиҷа дигарон низ ӯро эътироф намекунанд, зеро мавқеъаш дар гурӯҳ паст мешавад.

Худбаҳодиҳии номувофиқ шахсияти одамро номукаммал мегардонад. Чунин шахс ҳамеша дар назди дигарон худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Агар худбаҳодиҳии талаба номувофиқ бошад, он гоҳ ӯ худро аз доираи ҳамсолон ҷудо мекунад, ё ин ки боиси ихтилофҳои байнишахсӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки ин хусусият дар синни наврасӣ бештар равшан зоҳир меёбад (баланд мешавад). Аз ин рӯ, наврас бештар бо муаллимон, волидон ва шахсони калонсол низоъ мекунад.

Худбаҳодиҳӣ унсури асосии сохти шахс буда, бо худшиносӣ ва дараҷаи иддао зич алоқаманд аст.

Худшиносӣ — ин аз тарафи одам фаҳмида гирифтани қувваи ҷисмонӣ, имконияту қобилиятҳои ақлӣ, кирдор, маром ва мақсадҳои рафтори худ, муносибати худ бо атрофиён, бо одамони дигар ва бо худ мебошад. Худшиносӣ ин ба таври субъективӣ ҳис намудани мавҷудияти «Ман»-и худ, яъне дарк намудани айнияту шабоҳати худ бо фарзияҳои худ дар замони гузашта, ҳозира ва оянда аст. Фаҳмидани мавҷудияти «Ман»-и худ натиҷаи раванди дуру дарози ташаккули шахс аст, ки он аз даврони кӯдакӣ оғоз меёбад ва онро психологи рус И.С. Кон ҳамчун кашфиёти «Ман» арзёбӣ кардааст. Ташаккули симои психикии «Ман» дар давраҳои минбаъдаи синнусолӣ (2-3 солагӣ, давраи хурди мактабӣ, наврасӣ ва навҷавонӣ) ба ташаккули худшиносӣ мебарад ва дар ташаккули худшиносӣ, худназораткунию худтанзимдиҳӣ, нақши муҳимро мебозад.

Дастур: Ҳар як муҳокимаро бодиққат хонед ва аз ҷавобҳои дар зер овардашуда якеашро интихоб намоед, ки ба шахсияти Шумо бештар мувофиқ аст.

Маводи зарурӣ: номгӯи саволҳо ва ҷавобҳо.

1. Бисёр вақт шуморо чунин андеша безобита мекунад, ки набояд чунин мегуфтед ва ё чунин мекардед.
а) бисёр вақт -1 хол;
б) баъзан — 3 хол.

2. Агар бо шахси олиҷаноб ва ҳозирҷавоб ҳамсӯҳбат шавед, он гоҳ шумо:
а) кӯшиш менамоед, ки бо доногии худ ӯро қоил намоед — 5 хол;
б) бо ӯ баробар намешавед, ӯро ба ҳоли худ мегузоред ва аз сӯҳбат худро дур мекашед — 1 хол.

3. Яке аз фикрҳои ба шумо наздикбударо интихоб намоед:
а) он чизе, ки бештари вақт барори кор ҳисоб мешавад, он натиҷаи меҳнати пурсамар аст -5 хол;
б) барори кор аксар вақт аз омади кор вобаста аст — 1хол;
в) дар шароитҳои вазнин на кӯшишу ғайрат, балки қабул ё таскиндиҳии шахс муҳим аст — 3 хол.

4. Вақте ки нисбати Шумо ҳазл намуданд ва ё тақлид карданд, он гоҳ Шумо:
а) механдед ва хурсанд мешавед аз он, ки дар шумо чизи бемислу монанде мавҷуд аст — 3 хол;
б) шумо ҳам кӯшиш менамоед, ки ягон чизи хандаоварро дар шарики худ ёбеду ба рӯяш хандед — 4 хол;
в) хафа мешавед, лекин пинҳон нигоҳ медоред — 1 хол.

5. Шумо ҳамеша саросемаед, бароятон вақт ҳамеша камӣ мекунад, барои иҷрои корҳо мубориза мебаред ва шояд ин корҳо барои як нафар барзиёд аст:
а) ҳа — 1 хол;
б) не — 5 хол;
в) намедонам — 3 хол.

6. Ба дугона (рафиқ)-атон Шумо атрро барои туҳфа интихоб ва харидорӣ меиамоед:
а) атреро, ки ба шумо маъқул аст — 5хол;
б) атреро, ки аз он дугонаи (рафиқи) Шумо хурсанд мешавад, агарчӣ он ба шумо маъқул набошад ҳам — 3 хол;
в) атреро, ки он дар оинаи нилгун ба наздикӣ реклама шуда буд — 1 хол.

7. Худро дар оинаи нилгун дидан ба Шумо маъқул аст, зеро ки дар он шумо худатонро дигар хел нисбат дар ҳаёт дида муносибат мекунед?
а) ҳа — 1 хол;
б) не — 5 хол;
в) намедонам — 3 хол.

8. Агар ҳамкорони нисбат ба шумо ҷавонтар ба муваффақият ноил шаванд, ин ба иззати нафси шумо мерасад?
а) ҳа — 1 хол;
б) не — 5 хол;
в) баъзан — 3 хол.

9. Ба Шумо эътироз кардан (зид баромадан) ба ягон кас маъқул аст?
а) ҳа — 5 хол;
б) не — 1 хол;
в) намедонам — 3 хол.

10. Чашмонатонро пӯшед ва кӯшиш кунед, ки пеши назари худ се рангро тасаввур намоед:
а) кабуд — 1 хол;
б) зард — 3 хол;
в) сурх — 5 хол.

Ҷамъбасти таҷриба.

50-38 хол. Шумо аз худатон розиед ва ба худ боварӣ доред. Худро аз дигарон болотар медонед ва намоиш додани худро меписандед. Барои фикри худро баён намудан, чӣ қадаре, ки холатон баланд бошад, ҳамон қадар Шумо озодона сухан гуфта метавонед ва дар айни ҳол «Шумо худро дӯст медоред, на дигаронро». Лекин шумо як камбудӣ доред: ба худ хело ҷиддӣ назар меафканед, ягон танқидро қабул намекунед. Ҳарчанд натиҷаи пурсиш ба шумо маъқул нашавад ҳам, худро «муҳофизат» менамоед.

37 — 24 хол. Шумо аз худ ризоед. Худро медонед ва ба худатон боварӣ доред. Қобилияти баромадан аз мушкилиҳои шахсӣ ва ҷамъиятиро доред. Ба Шумо шиори «аз худ ва дигарон розиед», хос аст. Дар шумо худбаҳодиҳии солим мушоҳида мешавад. Шумо аз худ дилпуред.

23 — 10 хол. Эҳтимол аст, ки Шумо ба худ боварӣ надоред. Шуморо шубҳа ва норозигӣ аз дониш, аз комёбиҳои худ, қобилият, аз намуди зоҳирии худ, синну сол, ҷинсатон азоб медиҳад. Истед! Кӣ гуфтааст, ки худро дӯст доштан хуб нест? Алҳол ҳеҷ кас аз шумо худписандӣ, худпарастиро талаб намекунад. Шумо бояд ҳамин шахсияти худро қабул карда, онро ҳурмат кунед ва ин шӯъларо ҳамеша дар худ нигоҳ доред.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *