Таъсири васоити ахбори омма ба оила

Элвин Тофлер дар яке аз асарҳояш, ки «Future Shok» – (Тарс аз оянда) ном дошту нахустин бор соли 1974 нашр шуда буд, бар он ақида аст, ки дар оянда мафҳуми оилаи муқаррарӣ тамоман аз байн меравад ва ба ҷои он шаклҳои дигари оила, ки аз оилаи муқаррарӣ ба кулли фарқ мекунанд, пайдо мешавад. Дар асл Э. Тофлер дар аксари асарҳо ва андешаҳояш, ки мо дар ин мавзўъ бисёр истифода нахоҳем бурд, дар мавзўи оила, ки худ тазоҳури фитрии инсонист, тағйирнопазирии фитрати инсонро нисбати пешравии илму техника ба инобат нагирифтааст, ки ин гувоҳи дунёи равонии инсонро хуб таҳлил карда натавонистани ўст. Гарчанде мафҳуми оилае, ки Тофлер дар назар дошта буд, дар бархе аз давлатҳое, ки охири асри 20-ум истиқлолияташонро ба даст оварданд, вуҷуд доштанд. Cабаби асосии дигар шудани мафҳуми оила ва дигар арзишҳои башарӣ ин таъсири ҳодисаҳои гуногуне буд, ки ин давлатҳо дар тўли таърихи худ аз сар гузаронида буданд. Вале бо мурури замон дар ин давлатҳо инқилобҳои бузурги арзишҳои миллӣ ба вуҷуд омаданд, ки яке аз муҳимтарини онҳо ин мафҳуми оила мебошад.

Тарбияи ҳар фард аз оила сар мешавад. Фард дар ҷамъият бо гурўҳҳои гуногуни одамон рў ба рў мешавад ва мутобиқ шудани ў ба ҳаёти дарпешистода аз тарбияи оилавӣ вобастагии калон дорад.

Ҳолати равонии кўдакон ҳамон вақт мустаҳкам ҳисобида мешавад, ки онҳо аз волидон ҳиссиёти амният ва бехатариро нисбати худ ҳис карда тавонанд. Кўдакони аз ин ҳиссиёт маҳрум доимо бо мушкилоти равонӣ дучор мешаванд. Оилаи хуб ин таҳкурсии мустаҳками ҷамъияти бомаърифатро ташкил мекунад. Таълими тамоми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба инсон аз оила сар мешавад ва чун инсон то охири умр таҷрибаи рўзгор меомўзад ҳама маърифати инсониро ў аз оилаи мустаҳкам метавонад дастрас намояд. Ҳамин тавр ояндаи ҳар як миллатро аз шакли оиладории он миллат тахмин кардан мумкин аст. Оё мо метавонем гўем, ки кўдакони мактабҳои мушкилтарбия ё бесаробоне, ки дар кўчаҳо умр ба сар мебаранд аз оилаи мустаҳкам ва бомаърифат даст кашида, бо розигии худ ба ин ҳолат дучор шудаанд?

Нақши оила барои ҳар як миллат ончунон бузург аст, ки аҳамият ва мустаҳкамии он дар тамоми динҳо таъкид карда шудааст. Китоби муқаддаси мо мусулмонон узвияти оиларо, ки муҳимтарин созандаи маърифати фардӣ ва ҷамъиятии ҳар миллат ба ҳисоб меравад, бо чунин оятҳо таъкид кардааст:

«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ў дар ду сол аст. (Ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сўи ман аст». (Сураи Луқмон, ояти 14)

«Ва парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш дигареро ибодат макунед; ва ба падару модар накўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некў бигў! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозўи фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!»». (Сураи Исро, оятҳои 23-24)

Чуноне, ки мебинем Китоби Муқаддас ба оила ҳамчун таҳкурсии асосии ҷамъият таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст. Гарчанде, ки аксари гузаштагони мо, ки ба ин Китоби Муқаддас имон доштанду дар бораи аҳамияти оила бисёр чизҳо гуфтаанд, вале мо бояд худ ҳолати оилаи кунуни ҷамъиятро мавриди назар қарор диҳем. Донишманди бузург Я. Булент Бакилер дар яке аз асарҳояш мегўяд:

«Медонам, ки кўдакони ятиме, ки дар кўчаҳо баъзе машғули фурўхтани обу нонанду баъзе машғули талбидан, аз сароидани шеърҳо дар васфи моҳу офтоб ё гўш кардани афсонаҳо ҳанўз сер нашудаанд. Онҳоро вақте мебинам, ки ба маҳкамаҳо кашидаанд медонам, ки онҳо барои ҷинояти содиркардаи мо ба ин ҳолат гирифторанд. Ин гуноҳи мост. Моро бубахшед».

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 3, соли 2011
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

 

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин