Эҷодкорӣ модарзодист ё маҳорате, ки сайқал мехоҳад?

Бешубҳа, ҳар касе, ки бо эҷод сарукор мегирад, ба дарки он мерасад, ки эҷодкорӣ дар маҷмўъ ва нигорандагӣ хосатан кори начандон саҳлу осонест. Зеро эҷод танҳо хат навиштан ё худ чанд ҷумлаи парешонро ба ҳам овардан нест, балки навиштан фақат як ҷузъи нигорандагист.

Эҷодкорӣ маҳсули кўшишҳои тўлониву пайдарпай аст, кўшише, ки арзишҳои тозаро ба вуҷуд меорад. Маҳсули эҷод ба якборагӣ ва бе замина сурат намегирад. Он истеъдод ва маҳоратест, ки дар раванди фаъолияти бошуурона ҳосил мешавад. Барои мисол, мувофиқи ривоятҳо, Архимед қонуни гидростатикаро ҳангоми саршўӣ дар ҳаммом эҷод карда буд. Машҳур аст, фарёди ў, ки гўё аз ҳаммом берун шуда, «Эврика!», яъне«Ёфтам!» гуфтааст. Вале агар мо ҳамаи кўшишу саргардониҳои ўро дар ин мавзўъ ба инобат нагирифта, даъво кунем, ки Архимед ин кашфиёти худро, яъне хосияти вазнбардории обро танҳо дар вақти саршўӣ пайдо карда буд,хато мекунем. Аслан, саршўӣ дар ҳаммом нуқтаи авҷи кўшишҳои ў буд.

Ҳамчунин, Эдисонқабл аз эҷоди чароғи электрикӣ дар ин робита наздики 200 маротиба таҷриба гузаронида буд. Аз ин рў, гуфтан мумкин аст, ки ҳама гуна эҷод, аз ҷумла нигорандагиву суханварӣ заминаҳои устувор дошта, ба осонӣ даст намедиҳад. Зеро ба вуҷуд овардани чизи нав кори саҳл нест. Тавре мегўянд, «фикр хунҳо мехўрад, то ранг мегирад сухан».

Саволе, ки эҷодкориро чӣ гуна омўхтан мумкин аст, ҷавоби якранг, ягона ва мушаххас надорад? Имрўз дар кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ тартиб додани курсҳои омўзиши нависандагӣ маъмул шудааст, вале дар ҳамаи ин курсҳо таъкид мешавад, ки барои муваффақ шудан ба эҷодкориву нависандагӣ роҳи кўтоҳе, формулаи сеҳрноке ва ё фариштаи илҳомбахше вуҷуд надорад. Ба таъбири дигар, бо як рўз давидан инсон ба муваффақият ноил намегардад, балки барои расидан бояд ҳар рўз қадаме гузорад. Ҳар рўз қадаме гузоштан ба сўи муваффақият аз як рўз давидан мушкилтар, вале муфидтар аст.

Курсҳои омўзишӣ, дастурамалҳо ва омўзгорону муаллимон дар мавзўи эҷодкорӣ танҳо метавонанд роҳбалад бошанд, қоидаи роҳро омўзанд, мушкили расиданро осонтар кунанд, аммо кори ниҳоиро боз ҳам худи инсон анҷом медиҳад. Ў бояд кўшиш кунад, арақи ҷабин резад, шабҳои бехобӣ кашад ва барои расидан ба ҳадаф устувор бошад.

Ҳеҷ як инсон бо қобилиятҳои фақулодда ба дунё намеояд. Баръакси ин, яқин аст, ки ҳар нависанда корро замоне аз гузоштани қадами аввал шурўъ кардааст. Дар ин роҳ монеаҳои бешумореро паси сар гузоштааст, гоҳ-гоҳе аз худ гузаштааст, борҳо андешаи тарки эҷодро кардааст, бо лашкари яъсу ноумедӣ даст ба гиребон шудааст ва агар имрўз шахсияти шинохтаву муваффақ аст, аз он аст, ки ба ҳамаи садду монеаҳо ғолиб омадааст.
Дар ин ҷода муҳим он аст, ки инсон дар баробари ҳар монеае, ки сари роҳи эҷод қарор мегирад, қадами наве ба сўи ҳадаф гузорад. Ин қадамҳоро дар ҷодаи эҷод аз омўзиши имло, сарфу наҳв, донишҳои ҳуқуқӣ, таҳлилу қиёс, дарки моҳият, усулҳои навҷўӣ, дарёфти мавзўъ ва ғайра иборат донистан мумкин аст.

Эҷодкориву нигорандагӣ монанди касбу ҳунарҳои дигар қоидаву усулҳо ва маҳорату малакаҳои ихтисосие дорад, ки бояд омўхта шавад. Ҳаваскорони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ҳатто китобе нахонда, мехоҳанд асари ҷудогонае таълиф кунанд. Онҳо ҳеҷ як рўзномаеро варақгардон накарда, талош мекунанд, матлаби публитсистие эҷод кунанд ва масъалаеро мавриди арзёбӣ қарор диҳанд. Вале магар шиновариро наомўхта, ба дарё ғутта задан мумкин аст?

Пас ба онҳое, ки барои муваффақ шудан роҳи кўтоҳ, формулаи сеҳрнок ё фариштаи илҳомбахш меҷўянд, маслиҳат ҳамин аст, ки ҳарчи зудтар қадами аввалро ба сўи ҳадаф гузоранд, валебо нияти устувор гузоранд. Эҷодкорӣ модарзодӣ нест, балки маҳорат аст, маҳорате, ки дар табиати инсон ҷой гирифта, ба сайқал ёфтан моил аст.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *