Техникаи бехатарӣ ҳангоми кор бо компютер

Ҳангоми кор бо компютери шахсӣ ва ё фардӣ ҷиҳати нигоҳ доштани саломатӣ, техникаи бехатариро риоя намудан лозим аст. Фаромўш насозед, ки шумо бо таҷҳизоти барқӣ сару кор мегиред, аз ин рў техникаи бехатариро ҳангоми кор бо он фаромўш насозед! Ба симҳои компютерӣ бемақсад даст нарасонед, шояд он дорои симҳои урён бошад ва дар ин ҳолат қувваи барқ метавонад ба шумо таъсири манфӣ расонад. Гоҳ-гоҳ таҷҳизотҳоро бо латтаи намнок пок кунед ва онро дар ҳолати тоза нигоҳ доред. Ҳангоми пок кардани монитор онро аз барқ ҷудо кунед. Ба экрани компютер ҳаракат кунед, тамоман даст нарасонед.
   Пешакӣ муайян кунед, ки компютератонро болои миз чӣ тавр бояд гузоред, зеро масофаи байни монитор ва чашми шумо бояд 60 — 70 сантиметрро ташкил диҳад.
Блоки системавӣ бояд дар ҷойи боэътимод гузошта шавад, зеро ба ногоҳ афтида, ба поятон осеб нарасонад. Компютер бояд ҳаргиз наларзад ва наҷунбад, чунки чунин ҳолат метавонад ба фаъолияти кори диски дурушти компютер зарар расонад, ва дар оянда эҳтимолият дорад, ки он аз кор мебарояд. Ба ҷойи гузоштани монитор хуб аҳамият диҳед. Ҷойеро интихоб кунед, ки ба чашматон нури равшанӣ (табиат) нарасад.

Баъд аз 30-60 даққиқаи кор бо компютер аз ҷо бархоста, 5 даққиқа истироҳат кунед. Дар назди компютер қомататонро рост гиред. Мусиқиро бисёр баланд нагузоред. Ба видео ё аксҳо аз наздик нанигаред. Ҳатман фосиларо риоя кунед. Инҳо беҳтарин тавсияанд барои ҳифзи сиҳатии шумо. Саломат бошед!

1+
  1. Умедҷон:

    Саломат, бошед барои маслмҳати олӣ.

    0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *