Торт Сникерс

Маҳсулоти лозима барои бисквит:
Тухм 6 дона, шакар 3,5 стакан, майонез 1 қ. ошӣ, ҷурғот 1 стакан, 1 қ. чоӣ  моддаи ковоккунанда, 250 гр маргарини мулоим,  3 стакан орд.

Крем: 250 гр равғани маска,  ширқиёми пухта 1 қуттӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Тарзи тайёр кардани хамир:

1. 6 зардии тухмро бо 1,5 стакан шакар,250 гр маргарини мулоим ,1 қошуқи оши майонез,1 қошуқи чойи модаи ковоккунанда ва 3 стакан орд аралаш карда хамир мешурем.

Тарзи тайёр кардани безе:

1. 6 сафедии тухмро 5 дақиқа бо миксер лат мезанем,2 стакан шакарро оҳиста оҳиста ҳамроҳ мекунем ва то тайёр шуданаш яъне то сахтак шуданаш лат мезанем.

Тарзи тайёр кардани крем:

1. 250 гр равғани масаро бо 1 қутти ширқиёми пухта аралаш мекунем.

Тарзи тайёр кардани бисквит:
1 . Хамири шуридаамонро ба 3 қисм ҷудо карда ба муддати ним соат ба яхдон мегузорем.

2. Ба лаълии тафдон равған молида 1 қисми хамирамонро гирифта тунук мекунем ба болои лаълии тафдон.

3. Аз болои хамир безеи тайёр кардаамонро мемолем ва ба тафдон дар дараҷаи паст мегузорем. Тақрибан 120 дараҷа.

4. Ҳамин тавр 2 коржи дигарамонро низ пухта мегирем.

5. Коржи якумамонро ба болои лаъли гузошта нисфи кремро мемолем каме чормағз мепошем.

6. Аз болояш коржи дуюмро гузошта боқимонда кремамонро мемолем чормағз мепошем.

7. Коржи сеюмамонро мегузорем, болои коржи сеюм яъне коржи охиронамонро бо глазуру чормағз оро медиҳем.

8. Мегузорем то як шаб истад то ки кремро ҷабида гирад. 

Торти мо омода гашт бо иштиҳои том.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *