Ҳуҷайраи растанӣ

Нақша:

  1. Физиологияи ҳуҷайраи растанӣ.
  2. Таърихи омӯзиши ҳуҷайра.
  3. Сохти ҳуҷайраи растанӣ.

Назарияи омӯзиши ҳуҷайра 150-170 сол қабл аз тарафи олимон М. Шлейден ва Т. Шван соли 1838 пешниҳод шуда буд. Ин наворӣ ба фикри Ф. Энгелс яке аз се кашфиёти бузурги  соҳаи фанҳои дақиқ ба шумор меравад. Якум тавлиди илмии назарияи ҳуҷайрагӣ дар бораи ҳаёт мебошад, ки узв ҳамчун атом воҳиди хурдтарини худро ёфт. Дуюм, ягонагии олами узвиро тасдиқ кард. Сеюм қонуни биогенез: ҳамаи мавҷудоти зинда аз зинда пайдо мешаванд, ё ки дар тақсимшавии ҳуҷайраҳои мавҷудаӣ ҳуҷайраҳои нав ҳосил мешаванд. Ҳар як ҳуҷайраи растанӣ бо ҷилди ҳуҷайра пӯшонида шудааст. Ҳуҷайраҳои духтарӣ, ки аз ҳуҷайраи меристемавӣ дар ҷапаёни тақсимшавии митозӣ ҳосил шудаанд. Баъди қатъ шудани афзоиши ҳуҷайра дар даруни девори якумини ҳуҷайра моддаҳои нав болои ҳам ҷамъ шуда дар натиҷа девори дуюми ҳуҷайра ҳосил мегарданд.

Ба моддаҳои кимиёвии асосии девори ҳуҷайра селлюлоза,моддаҳои пектинӣ, сафедаҳо, липидҳо дохил мешаванд.

Селлюлоза – яке аз паҳншудатарин моддаи сохтмонии девори ҳуҷайраҳои растаниҳои сабзи олӣ ба шумор меравад. Вай аз 1000-1400 боқимондаи В-Д-глюкоза, ки бо бандҳои В 1,4-глюкозидӣ ба ҳам пайваст шудаанд, иборат мебошад. Мавҷуд будани бандҳои В-1,4 гликозидӣ барои ҳосилшавии “кӯпрукчаҳои” арнӣ дар ду самт шароит муҳайё мекунанд. Боқимондаи глюкоза ба осонӣ ба об пайваст мешавад. Селлюлоза ба оҳар монанд аст, хусусан ба он қисме, ки онро амилоза меноманд. Дар вақти пурра таҷзияшавии селлюлоза ҳамчун оҳар ба глюкоза мубадал мешавад.

Фарқияти онҳо дар он аст, ки оҳар аз дисахаридҳо-малтоза ва селлюлоза бошад ва селлобизаҳо иборат аст.

Оҳар  моддаи захиравӣ буда, тез ба мубодилаи моддаҳо дохил мешавад. Селлюлоза бошад, моддаи ҷилди ҳуҷайра мебошад.

Протоплазма – системаи гуногунтаркиб гетерогени мебошад. Вай аз ядро ва ситоплазма иборат аст. Дар ситоплазма органеллаҳо ҷойгиранд, яъне он қисмҳои ҳуҷайра, ки ҳар кадоми онҳо монанди узвҳо дар узв сохти махсус дошта вазифаи муайянеро иҷро мекунанд.

Таркиби химиявии протопластҳои узвҳои гуногун чунин аст: об 75-85%, сафедаҳо 10-20%, липидҳо 2-3%, ангиштобҳо 1,0% намакҳо қариб 1,0%. Ин бузургиҳоро дар вақти ҳисоб ба таносуби молекулярӣ ин тавр пешниҳод кардан лозим аст. Ба 105 молекулаи об тахминан 500-600 молекулаи моддаҳои ғайри узвӣ, 5-6 молекулаи сафеда, 50-60 липидҳо ва қариб 10 молекулаи моддаҳои дигари узвӣ рост меояд. Миқдори умумии молекулаҳои дар ҳуҷайрабуда 1010-1012 мерасад.

Сохти дохилии растаниҳо. Ҳаста (ядро)

Ядрои ҳуҷайраҳои эукариотӣ бо пардаи ядроӣ пӯшонида шудааст, ки онро аз ситоплпзма, хроматин, ядроча ва кариоплазма ҷудо мекунанд. Ядро калонтарин органелла мебошад, ки 5-10 мк андоза дорад. Ҷилди ядро аз ду мембрана иборат буда сӯрохичаҳои зиёде дорад.

Тӯри эндоплазматикӣ.

Тӯри эндоплазматикӣ, ин системаи мураккаби найчаҳое, ки бо мембранаҳо иҳоташуда, аз ядро шурӯъ карда тамоми сохторҳои алоҳидаи мезоплазмаро ба ҳам пайваст мекунад. Ин систернаҳо якҷоя шуда вакуоларо ҳосил мекунанд.

Аппарати Голҷӣ.

Аппарати Голҷӣ аз тарафи олими итолиёвӣ Голҷӣ (1898) кашф шудааст. Вай аз диктиосомаҳо иборат аст. Диктиосомаҳо дар навбати худ аз дастаи ҳамвори лаъличаҳо (халтачаҳо ё ки систернҳо) иборатанд, ки байни онҳо қабатҳои тунуки геалоплазма ҷой мегиранд. Лаъличаҳо бо мембрана иҳота шудаанд. Ҳар як лаълича дар мобайн борик буда, дар канорҳо ғафстар мебошанд. Дар як даста аз 5 то 10 лаълича мушоҳида карда мешавад. Ба ғайр аз ин дар таркиби диктиосомаҳо вакуолаҳои зиёди андозаашон гуногун дохил мешаванд. Аппарати Голҷӣ дар ҳосил шудани мембрана, ҷилди ҳуҷайра ва ҳосилшавии полисахаридҳо иштирок мекунанд.

Лизосомаҳо.

Лизосомаҳо – ҳубобчаҳои хрд буда, тақрибан 1 мкм андоза дошта, бо мембранаи якқабата иҳота карда шудаанд. Мембранаи лизосомаҳо ҳамаи ферментҳои гиднақшитикии дар ӯ ҷойгиршударо пурра ҷудо мекунанд. Лизосомаҳо метавонанд моддаҳои бегонаи ба ҳуҷайра дохилшударо таҷзия карда безарар кунанд.

Вакуола.

Вакуола-органеллае мебошад, ки фақат барои ҳуҷайраи растанӣ хос аст. Вай дар баробари ҳосил шудани ҳуҷайраи нав ба амал меояд. Дар ҳуҷайраҳои меристемавӣ вакуола хеле хурд буда, онҳоро провакуола меноманд. Дар ҳучайраи пурраташаккулёфта фақат як вакуола дида мешавад, ки қариб 90% ҳаҷми онро иҷро мекунад.

Тонопласт.

Тонопласт-мембранае мебошад, ки ситоплазмаро аз шираи вакуолавӣ ҷудо мекунад. Тонопласт хеле тунук (15нм) буда, фақат дар зери заррабини электронӣ дида мешавад. Тонопласт аз се қабати молекулаҳо: аз берун ва дарун аз қабати сафедавӣ ва дар мобайн аз қабати липидӣ иборат аст. Тонопласт қобилияти гузаронандагии интихоби дошта дар интиқоли моддаҳои ба ҳуҷайра ва аз он ба берун вазифаи муҳимро иҷро мекунад.

Рибосомаҳо.

Ҷисмҳои дойрашакле, ки аз заррачаҳои рибонуклеопротеидӣ иборатанд. Онҳо асосан аз сафеда ва туршии рибонуклении махсус, ки рибосомалӣ (р-ТРН) номида мешавад, сохта шудаанд. Андозаи рибосомаҳо 19х15нм буда, диаметрашон ба 150-200 Ао баробар мебошад.

Митохондрия.

Митохондрия манбаи қувватдиҳандаи (энергетикии) ҳуҷайра мебошад. Дар он ҷараёни нафаскашӣ мегузарад. Таркиби асосии митохондрияҳо асосан аз липопротеидҳо иборат аст, ки онҳо аз 60-65% сафеда иборат мебошад.

Пластидҳо.

Хусусияти фарқкунандаи ҳуҷайраи растанӣ аз ҳайвон дар он аст, ки онҳо пластидҳо доранд. Пластидҳо се хел мешаванд: хлоропластҳо (сабз), хромопласт (сурху зарду норинҷӣ), лейкопластҳо (беранг).

Системаи мембранавии ҳуҷайра.

Дар ҳуҷайра мавҷуд будани мембранаро дар асри XIX пешгӯӣ мекарданд. Якум об дар тамоми табиат паҳн шудааст. Дар он намакҳо, қандҳо, спиртҳои содда, алдегидҳо, ккетонҳо ҳал мешаванд.

Саҳми зарабинии электронӣ дар омӯзиши мембрана хеле калон аст. Ба ғайр аз мушоҳидаҳо дар зери заррабинии электронӣ барои ҷудо кардани мембрана аз ҳуҷайра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамин тавр мембранаҳои митохондрия, ки чин (кристалҳо) ҳосил мекунанд то 17-80% сафеда ва 20-25% липидҳо доранд.

Липидҳо – моддаҳои молекулаашон хурд буда ба равғанҳо тааллуқ доранд. Молекулаашон аз ду қисм: қисми заряди барқӣ дошта, ки на кам аз 1/4  ҳиссаи дарозии молекулаи онро ташкил мекунад; дуюмаш аз ду думчаи ангиштобии дарози безаряд иборат аст.

Сафедаҳо. Пайвастагиҳои калонмолекула буда вазни молекулавии онҳо аз якчанд ҳазор миллион ва аз ин ҳам зиёдтарро ташки медиҳанд. Лекин дар зери таъсири туршиҳо ҳамаи онҳо пайвастагии молекулаашон хурдтуршиҳои аминӣ таҷзия мешаванд. Ҳар як сафеда қобилият дорад, ки аз боқимондаи туршиҳои аминӣ дар пайдарҳамии муайян ва такрорнашаванда ҷойгир шавад.

Омодакунанда: Ҳусейнова Симин, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи стоматалогия, гурӯҳи 3

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин