Умари Хайём (1048 -1131)

Гар бар фалакам даст буди чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии санъати Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии Умари Хайём дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шӯҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баъдан таҳсили худро дар Балх, Самарқанд ва Бухоро давом додааст.

Умари Хайём илмҳои дақиқ аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайъат, астрономия ва фалсафаро ба хубӣ омӯхтааст. Қуръон, таьрих, хуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро ба хубӣ медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омӯхта, аз нозукиҳои санъати мусиқӣ низ огаҳӣ доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст.

Хайём Қуръонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои математикӣ зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарқанд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шӯҳрат бахшид.

Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хокон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон аст, даъват карда шуда буд.

Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо ҳамроҳии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва моҳи марти соли 1079 тақвими нав ихтироъ карданд, ки аз тақвими пешина 7 сония аниқтар буд.

Дар Исфаҳон дар дарбори шоҳ Малик, Умари Хайём бо математика шуғл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба моҳияти умр ва ҳаёт таълиф гардид.

Соли 1092 баъди фавти шоҳ Малик лаҳзаҳои осоиштаи умри Умари Хайём ҳам ба охир расид.

Дар дарбори Турканхотун зани шоҳ Малик, Умари Хайём ягон дастгирӣ намедид. Обсерватория пӯшида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шаҳри Марв кӯчонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он ҷо то охири умри худ зиндагонӣ кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машғули мударриси гардид. Дар он ҷо ҳам корҳои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо»-ро навиштааст. Солҳои охири ҳаёти Умари Хайём бисёр ҳам вазнин буданд. Умари Хаём на танҳо чун олим ва файласуфи тавоно, балки ҳамчун шоири озодандеш ва дақиқбаён дар миёни мардум ва аҳли сухан шӯҳрат ёфта буд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Умари Хайём дар пиронсолагӣ ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз Ҳаҷ дар яке аз деҳаҳои Нишопур ҷой гирифта, то охири умр он ҷо мондааст.

Аз рӯи маълумоти маъҳазҳои адабии асрҳои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии фақирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад.

Ҳоло марқади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъҳо дар Нишопур ба ҳисоб рафта, зиёратгоҳи аҳли хунар ва дӯстдорону алоқамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари қабри шоир мақбарае барҷост, ки ҳамеша гулафшону озода аст.

Рубоиҳои зебои Умари Хайём

Афсус ки номаи ҷавони тай шуд
Вон тоза баҳори зиндагои ди шуд
Вон мурғи тараб ки номи ӯ буд шабоб
Фарёд надонам кай омаду кай шуд

Як умр ба кудаки ба устод шудем
Як умр зи устодии худ шод шудем
Афсус надонем ки моро чи расид
Аз хок баромадему бар бод шудем

Дар коргаҳи кузагаре будам душ
Дидам ду ҳазор куза гуёву хамуш
Ҳар як ба забони ҳол бо ман гуфтанд
Ку кузагару кузахару куза фуруш

Асрори азалиро на ту дониву на ман
Вин ҳарфи муаммо на ту дониву на ман
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи туву ман
Чун парда барафтад на ту мониву на ман

Шайхе ба зани фоҳиша гуфто масти
Ҳар лаҳза ба доми дигаре по басти
Гуфто шайхо ҳар ончи гуи ҳастам
Оё ту чунон ки менамои ҳасти

Он ба ки дар ин замона кам гири дуст
Бо аҳли замона суҳбат аз дур накуст
Он кас ки ба ҷумаги туро такя бар ӯст
Чун чашми хирад боз куни душмани туст

Дар ҳар даште ки лола зоре буда аст
Он лола зи хуни шаҳриёре буда аст
Чу барги бунафша каз замин меруяд
Холест ки бар рухи нигоре буда аст

Чун об ба ҷуйбору чун бод ба дашт
Рӯзи дигар аз навбати умрам бугзашт
Ҳаргиз 0ами ду рӯз маро ёд нагашт
Рӯзе ки наёмадасту рӯзе ки гузашт

Эй дил зи замона расми эҳсон маталаб
Ваз гардиши даврон сару сомон маталаб
Дармон талаби дарди ту афзун гардад
Бо дард бисозу ҳеҷ дармон маталаб

То кай ғами он хурам ки дорам ё не
Вин умр ба хушдиди гузорам ё не
Пур кун қадаҳи бода ки маълумам нест
Кин дам ки фуру барам барорам ё не

Аз манзили куфр то ба дин як қадам аст
Ваз олами шак то яқин як нафас аст
Ин як нафаси азизро хуш медор
Каз ҳосили умри мо ҳамин як нафас аст

Некиву бади ки дар ниҳоди башар аст
Шодиву ғами ки дар қазову қадар аст
Бо чарх макун ҳавола кандар раҳи ақл
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст

Соқи, гулу сабза бас тарабнок шудаст
Дарёб ки ҳафтаи дигар хок шудаст
Май нушу гуле бичин ки то дарнигари
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст

Афсус ки сармоя зи каф берун шуд
Дар пойи аҷал басе ҷигарҳо хун шуд
Кас номад аз он ҷаҳон пурсам аз вай
Каҳволи мусофирони дунё чун шуд

Умрат то кай ба худпарасти гузарад
Ёдар пайи нестиву масти гузарад
Май хур ки чунин умр ки ғам дар пайи ӯст
Он беҳ ки ба хоб ё ба масти гузарад

Эй бас ки набошему ҷаҳон хоҳад буд
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд
Зин пеш набудему набуд ҳеҷ халал
Зин пас чу набошем ҳамон хоҳад буд

Дидам ба сари иморате марде фард
Ку гил билагад мезаду хораш мекард
Вон гил бо забони ҳол бо ӯ мегуфт
Сокин, ки чун ман басе лагад хоҳи кард

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад
Дарёб даме ки бо тараб мегузарад
Соқи ғами фардои ҳарифон чи хури
Пеш ор пиёларо ки шаб мегузарад

Як қатраи об буду бо дарё шуд
Як зарраи хоку бо замин якто шуд
Омад шудани ту андарин олам чист?
Омад магасе падиду нопайдо шуд

Аз ҷумлаи рафтагон ин роҳи дароз
Боз омадаи ку ки ба мо гуяд боз
Ҳон бар сари ин ду роҳа аз сӯи ниёз
Чизе нагзори ки намеои боз

Эй соҳиби фатво зи ту парҳезкортарем
Бо ин ҳама масти зи ту ҳушёртарем
Ту хуни касон хуриву мо хуни разон
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем?

Бархезу махур ғами ҷаҳони гузарон
Хуш бошу даме ба шодмони гузарон
Дар табъи ҷаҳон агар вафое буди
Навбат ба ту худ наёмади аз дигарон

Дар коргаҳи кузагаре кардам рой
Бар пиллаи чарх дидам устод ба пой
Мекард далери кузаро даставу сар
Аз каллаи подшоҳу аз дасти гадой

Ҳангоми сапеда дам хуруси саҳари
Дони ки чаро ҳаме кунад навҳагари
Яъне ки намуданд дари оинаи субҳ
Каз умр шабе гузашту ту бехабарӣ

 

2+

3
Назари худро бинависед

avatar
3 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
3 Муаллифони тавзеҳҳо
MuhammadMuhammadjonMuhammadjon Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Muhammadjon
Меҳмон
Muhammadjon

Як чахон ташакур

Muhammadjon
Меҳмон

Муҳтарам маориф!! Лутфан ба ма гӯд,ки чи тавр тарҷумаи ҳол ва асарҳои ин шоирро харидори карда лозим аст??????

Muhammad
Меҳмон

Рахмати калон ба хамин инсоне ки амин сайтро кушодааст ва навистааст сад чахон ташакур