Вайроншавии оилаҳо — мушкили доғ

Дар ҳаёт гоҳ-гоҳ ҳодисаву воқеаҳое рух медиҳанд, ки барои инсон ҳолати тақдирсоз ба шумор мераванд. Яке аз ин воқеаҳо бунёди оила аст. Агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд доштани онро фаромўш набояд кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомўзад. Аз ин рў, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мекунад.
Оила дар ислом ҷойгоҳи хоса дошта, муассисаи муқаддасе маҳсуб меёбад. Аз нигоҳи дини ислом оила василаи идомаи насл ва идора намудани шаҳват аст. Бунёди оила ва идома додани насли солеҳ дар аҳодиси набавӣ ташвиқ шудааст ва чунин насл мояи ифтихор дониста мешавад: «Издивоҷ кунед, зиёд шавед. Ба таҳқиқ, ки ман дар рўзи қиёмат бо зиёдии уммати худ ифтихор мекунам». Дар баробари ин, устувор нигоҳ доштани оила таъкид ва барҳам додани он накўҳиш мегардад: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, зеро Арши илоҳӣ аз вуқӯи талоқ ба ларза медарояд». Дар ҳадиси дигар, ҷудошавӣ аз ҳамсар ва талоқ, ки василаи барҳамёбии оила мебошад, чунин шарҳ меёбад: «Нописандитарин амали ҳалол назди Худованд, талоқ аст ва ҳеҷ кори ҳалоле назди Худо нописанд аз ин нест». Албатта, ҷудошавиро умуман бемаврид донистан ва онро манъ кардан ба табиати инсон мувофиқ намеояд. Зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки инсон маҷбур мешавад, ба ин васила зиндагии худ ва дигаронро сабуктар созад. Вале гуфтан зарур аст, ки чунин ҳолатҳо ба нудрат воқеъ шуда, шарту шароитҳои хос дорад. Асли мавзуъ аз он иборат аст, ки оила дар заминаи қоидаҳои мустаҳкам бунёд гардида, бо вуҷуди пастиву баландиҳои зиндагӣ пойдории он нигоҳ дошта шавад.

Бояд таъкид дошт, ки аксаран дар натиҷаи ҷудошавӣ на танҳо ҳамсарон зарар мебинанд, балки агар дар ин миён фарзандҳо ба дунё омада бошанд, дар ин ҳолат аз байн рафтани оила маънии бепарастор мондани фарзандонро хоҳад дошт. Дар шароити Тоҷикистон дар ҳоле ки таҳдидҳои зиёде устувории оилаҳоро ба таҳлука андохтааст, барои мустаҳкамии ин ниҳоди арзишманд бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд ва оилаҳо дар заминаи арзишҳои бунёдӣ барпо гарданд. Гуфтан мумкин аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксарияти ҷавонон ва мардони оиладор, бетаълим ва бетарбият мондани насли наврас, вуҷуд надоштани қонуни муайяне доир ба танзими хушунатҳои хонаводагӣ, надонистани ҳуқуқҳои зану шавҳар, набудани китобҳо ва курсҳои омўзишӣ доир ба ахлоқи оиладорӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки пойдории оилаҳоро таҳдид мекунанд.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи Ҷумҳурӣ шумораи талоқи оилаҳо ба 5 ҳазору 736 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 747 адад зиёд мебошад. Коршиносон сабаби зиёд ҷудо шудани оилаҳоро дар муҳоҷирати мардони тоҷик, телефонҳои мобилӣ, ақида ва ҷаҳонбинии духтарони ҳозираи тоҷик медонад. Аммо иддае аз коршиносон бар он ақидаанд, ки сабаби аслии зиёд шудани ҷудошавӣ сатҳи пасти вазъи иқтисодӣ ва шароити сангини зиндагӣ мебошад. Сабаби дигари вайрон шудани оилаҳо дар он аст, ки волидон фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Зеро оилаҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани духтари бегона ҳамчун духтари худ тайёр нестанд. Ҳамчунин баъзе духтароне ҳастанд, ки дар хонаи шавҳар он гуна рафтор мекунад, ки гўё дар хонаи волидони худ бошанд ва ба мушкилиҳо рў ба рў мешаванд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арус қабл аз хонадоршавӣ чи тавр муносибат кардани онҳоро бо хушдоман ва аҳли оилаи «нав» хуб фаҳмонанд.

Ба ақидаи бархе аз мутахассисон, сабаби аз ҳам ҷудо шудани ҷавонон дар паст будани маърифати оиладорӣ ва нафаҳмидани муқаддасоти оила мебошад. Масъулин дар дарсҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ ба ин масъалаи доғ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва бояд арзишҳои хонаводагиро ба ҷавонон фаҳмонанд, то онҳо оиларо муқаддас шуморанд. Мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро пеш баранд. Зеро аксари муроҷиаткунандагоне, ки барои аз ҳам ҷудо шудан ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд, чи марду чи зан, аз мафҳум ва ҳадафи ташкили оила бархурдор нестанд ва қудсияти онро дарк накардаанд.

Дахолати ноҷои баъзе волидон низ ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Олимони амрикоӣ дар тадқиқоти худ, ки муддати 8 сол дар 30 кишвари олам андешаҳои 620 ҳазор мардони аз 15 то 59-соларо омӯхтанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки мардони мусалмон назар ба пайравони динҳои дигар ба ҳамсарони худ содиқанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки дар қиёс ба пайравони динҳои дигар мусалмонон бештар пойбанди риояи аҳкоми динӣ дар мавриди оила ва хонавода ҳастанд. Ҳамзамон бо ин, мусалмонон зиёдтар аз дигарон дар синну соли ҷавонӣ оила барпо мекунанд. Мувофиқи ҳадиси набавӣ ҳар он касе, ки қудрат ва тавоноӣ дорад метавонад оиладор шавад, зеро зан ними имон аст. Агар нафаре, ки қудрат ва тавоноӣ барои оиладор шудан надошта бошад, метавонад рўза дорад, зеро рўза ҳисси шаҳвонии инсонро то дараҷае паст мекунад. Аммо мушоҳида мешавад, ки вайроншавии оила бисёртар дар байни ҷавонон роиҷ аст, яъне ҷавонон то ҳол барои барпо кардани оила омода нестанд.

Аслан нафаре, ки оиладор мешавад набояд оиларо ҳамчун воситаи татмини нафс бинад, балки дарк кунад, ки оила муассисаи муқаддас буда, дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст. Пеш аз ташкил кардани оила тарафайн бояд хислату характери якдигарро донанд ва ҳамеша дар нишебу фарози зиндагӣ дастгирӣ ҳамдигар бошанд. Барои бунёд кардани оила мукаммал, бешубҳа, падару модар нақши муҳим дошта, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд фидокор бошанд, ҳамеша дар фикри дигарон бошанд, худпардаст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлўи хуби воқеаро бинанд, сабур бошанд ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шўҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедорад. Дар баробари ин, волидайн бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ, қиморбозӣ, зинокорӣ ва дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки ин гуна аъмоли зишту гуноҳ мавҷуд бошад, он ҷо ҳузур, садоқат ва эътмод дида намешавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайвандии оила ва рафоқату дўстии аҳли оила мегардад.

Донистани ҳақу ҳуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст. Зану мард гуногун офарида шудаанд ва дар ҳаёт низ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Дар Қурони Карим дар Сураи Нисо омадааст, ки мард сардори оила ва ҳокими оила аст. Аз ҳама ҷиҳат таъмин кардани оила ба гардани ўст. Аммо сардор ва ҳокими оила, яъне мард набояд ҳуқуқҳои занро поймол кунад, зеро зан низ дар оила ҳақ ва ҳуқуҳои худро дорад. Зану мард дар мавриди ҳимоя кардани иффату номуси ҳамдигар дар назди Худо ҷавобгў мебошанд.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *