Ватанам – Тоҷикистон

      Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

      Ба бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустаъқили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

      Мо – тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

     Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри “Таърих гувоҳ аст” ин матлабро воқеъбинона ба риштаи назм кашидааст:

Торих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамлаю дамдама лашкар накашидаст …

Торих басо дида, ки андар раҳи паймон,

Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.

Ҷон канда басо, лек

З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст …

      Сафари шуарои дурандеши мо,мисли Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хӯҷандӣ, Аҳмади Дониш, далели андешаи болост. Онҳоро аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

      Бо фарорасии фазои мустаъқили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад.Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, забондонӣ, робита бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.

     Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло хитоб мекунад:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.

Модареро чун тавон қисмат намуд,

Пора – пора байни фарзандон?

      Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем истиқлолияти давлатии худро ҳифз наоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд. Бояд зикр намуд,ки муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад.

Дар ғарибӣ зарраи хоки диёр,

Ҳамчу ганҷи сина дорад эътибор.

Қатраи оби Ватан нӯшида кас,

Бишканад гӯӣ хумор аз чашмасор.

      Мурод аз офаридани порчаҳои дар боло зикршуда бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ аст. Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Тавре, ки устод Лоиқ гуфтааст:

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,

Бо Рӯдакию бо Ҳофизи Шерозӣ.

Вақт аст, ки сари минбари озоди сухан,

Саъдии дигар, Ҳофизи дигар созӣ.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин