Хар ва шутур

Буд — набуд, корвоне буд. Дашту саҳрову кӯҳу биёбон тай карда, мерафту мерафт. Маълум набуд, ки кай ба ҷое мерасаду боз меистад. Дар ин сафар як шутуру як хар хеле монда шуданду тадбире ҷуста, ақиб монданд. Баъд “ҷонамон халос шуд” гуфта, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Рафтанд, рафтанд, ба марғзоре расиданд. Бӯйи алафи тару тозаю гулҳои хушрӯй ба машомашон расид. Шод шуданду шикамсерӣ алаф хӯрданд ва дар сояи дарахти азим ёзида дам гирифтанд.

  • Ба рӯзи нек расидем, — гуфт шутур.
  • Гапат рост, — гуфт хар.
  • Лекин хӯриву роҳат кунӣ ва фарбеҳ шавиву аз кайфи сурудхонӣ маҳрум бошӣ, ин ҳам азоб будааст!

Шутур ин гапро шунида, хавотир шуду ба хар гӯшрас кард:

  • Ҷӯраҷон, ин фикрро аз сарат дур кун!
  • Гапат дуруст, ман ҳам то метавонам зӯр зада, худамро нигоҳ дошта гаштаам. Аммо, ба хаёлам, ягон рӯз тоқатам тоқ мешаваду худамро дошта наметавонам. Худат фикр кун, ҷӯраҷон, вай хар чӣ хар аст, агар ҳангос назанад. Ҳангос барои ҳар ин изҳори ишқ, изҳори муддаои дил, ҳангос ин суруди бо тантанаест, ки лаззати зиндагиро ифода мекунад. Шутур зорӣ карда гуфт:
  • Ҳақ ба ҷониби ту, ҷӯраҷон, лекин ақлатро кор фармо, мо инҷо оромем барои он ки касе аз мо хабар надорад. Тоқат кун ва фаромӯш накун, ки бетоқатӣ метавонад ба сари мо бало орад. Хар қабул кард. Чанд рӯз ором гузашт. Хар як рӯз бедор шуд ва дар куҷо буданашро фаромӯш кард. Азбаски хеле вақт ҳангос назада буд, худро нигоҳ дошта натавонисту ҳангос зад. Ҳангоси хар ба гирду атроф танин андохт, ба кӯҳҳо акси садо дод ва ба гӯши корвоне расида, ки аз ҳамон наздикиҳо мегузашт.
  • Дар ин ҷойҳои бе касу кӯй хар аз куҷо пайдо шуда бошад? – гӯён корвонбошӣ ду нафарро ба ҷустуҷӯи хар фиристонд. Омада, хару шутурро ёфта, дошта гирифтанду назди корвон бурданд.
  • Ин ҷонварҳо фарбеҳу тоза, нағзакак истироҳат карда, пурқувват шудаанд, — гуфта ба шутур чизу чораи зиёд бор карданду ду кас ба хар савор шуда, ба роҳ баромаданд. Корвон мерафту мерафт. Шутуру хар зери бори гарон хаставу бемадор қадам мезаданд.
  • Аз барф гурехта, ба жола дучор шудем, — гуфт хар. Шутур, ки аз хар сахт ранҷида буд, чизе нагуфт. Хар, ногаҳон гӯё бемор шуда бошад, ба замин афтод. Корвониён ҳарчанд кӯшиш карданд, онро хезонида натавонистанд, хезонданд пояш меларзиду боз меафтод. Аввал партофта рафтанӣ шуданд, баъд гуфтанд, ки ин хари хубу зебо. Ҳайф аст, ин ҷо монаду нобуд шавад, бо худ баранд, шояд баъди ду-се руз сиҳат шавад. Ҳамин хел, маслиҳат карданду борро аз болои шутур гирифта, харро ба он бор карданд. Бори шутур ду баробар афзуд, бо азоб роҳ мерафт, қасд гирифтагӣ барин корвон ба пайроҳаи кӯҳӣ баромад: як тараф – кӯҳи баланд, як тараф нишебии болои ҷар.
  • Хар, ӯй, хар, — гуфт шутур. – Ҳамон рӯз аҷаб суруде хондӣ, акнун рақсиданӣ будам, ки корвониён омаданду ману туро дошта гирифтан. Ҳоло ҳамон суруди дилнавозатон дар гӯшам садо медиҳад, дил мехоҳад бирақсаму шодӣ кунаму бозӣ. Хар ба воҳима афтода гуфт:
  • Ҷӯраҷон! Худро нигаҳ дор, ки агар бирақсӣ, ман аз болоят меафтаму ба ҷаҳаннам меравам. Шутур худро сабук ҷунбонда гуфт:
  • Ту чӣ хел ба ман ҷӯра, ки бо гуноҳи ту ба дасти корвониён афтодам? Озод будам, асир шудам! Ту чӣ хел ба ман дӯст, ки худро ба беморӣ задию ба ман савор шуда, як азобамро сад азоб кардӣ?! Маро дигар тоқати туро бардошта бурдан намондааст, — гуфта шутур ба оҳанги рақс пушташро ба ҳаракат овард. Хар ҳамон дам аз болои шутур парида, ба қаъри ҷарӣ афтод. Оби тези дарёи кӯҳӣ ҷасади ӯро ба харсангҳо зада, гирифта бурд…

Омодакунанда: Мирзоев Фазлиддин ва Ҷӯраев Хуршед, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *