Хари зирак

 Буд, набуд, деҳқоне буд, вай ду барзагову як хар дошт. Деҳқон ҳар рӯз саҳарии барвақт ба хар гандум бор карда, барзаговонро пеш андохта, ба саҳро ҷӯфтронӣ мерафт. Як бегоҳ, як барзагов ба хар, ки паҳлӯяш бо ҳаловати тамом ёзида мехобид, рӯ оварда, шикоят кард:

   -Эй ҷура, –  гуфт, -ту хушбахтӣ, аз соҳибон зулм намебинӣ: ба саҳро гандум мебарию аз он ҷо ҳезум меоварӣ, бо ҳамин ҷонат халос. Қисмати барзаговӣ ба гур равад, азоби мо хеле зиёд аст! Ҳар рӯз хӯҷаин моро ба ҷуфт андохта, аз пагоҳ то бегоҳ меронад, каме сустӣ кунем, калтаккорӣ мекунад, ки мағз-мағзи устухонам ба дард медарояд. Аҳволам хеле вазнин аст.

Хар фикр карда гуфт:

   -Ман ба ту як роҳ нишон медиҳам, агар гуфтаи маро кунӣ, ҷонат аз азоб халос.

   -Гӯй ҷӯраҷон, он чӣ роҳ будааст?-гуфта барзагов илтимос кард.

   Хар гуфт:

   -Имшаб ба саҳари хӯрок нахӯр, худро ба беморӣ андозу нолиш кардан гир. Хӯҷаин гумон мекунад, ки бемор шудаӣ, ба саҳро намебарад. Ин гап ба барзагов маъқул шуд. Деҳқон омада, ба охурҳо каҳу алаф партофта, дид, ки як хару як барзагов бо майли тамом ба хӯрдан сар карданду барзагови дигар бетоб барин ба хӯрок нигоҳ намекунад.

   Деҳқон саҳарӣ низ ин ҳодисаро мушоҳида карда, боварӣ ҳосил кард, ки барзагов бемор шудааст. Вай “акнун чӣ кор мекунам, бо як барзагов ҷуфт ронда нашавад”, гуфта истода буд, ки ногаҳон чашмаш ба хар афтод.

   Хар хеле фарбеҳу лӯнда шуда буд. Деҳқон хеле хурсанд шуда, “илоҷашро ёфтам” гуфту хару як барзаговро ба саҳро бурд ва ҳар дуро ҷуфт андохта замин ронд. Хар то бегоҳ кор карда беҳол шуд. Тамоми баданаш ба дард даромад. “Офарин ба барзагов, ки ба чунин ҳол тоқат мекунад!” -мегуфт худ ба худ ва рӯзи дигарро ба хотир оварда “худкардаро даво не, вовайлои пинҳонӣ” гӯён, чанд рӯз тоқат кард.

   Як бегоҳ нохост як тадбире ба ёдаш омаду аз хурсандӣ бо тамоми овозаш ҳангос зад ва ба барзагови  “бемор” рӯ оварда гуфт:

-Ҷӯра, ман имрӯз гуфтугӯи соҳибамонро бо занаш шунидам. Хӯҷаин мегуфт, ки агар барзагов сиҳат шуда, ба иштиҳо наоояд, кушта гӯшташро мефурӯшему ба ҷояш барзагови дигар мехарем. Маслиҳати ман ин аст, ки ту акнун ба рағбати тамом хӯрок хӯру сиҳат буданатро маълум кун, ки набошад ҳолат хароб мешавад.

   Барзагов, ки чунин ранг гирифтани ҳодисаро ҳеҷ интизор набуд, аз хари ғамхор миннатдор шуда, фавран ба иҷрои маслиҳати ӯ кӯшид. Вақте ки деҳқон хӯрок овард, худро саломату бардам нишон дода, бо завқи тамом ба хӯрдан сар кард. Хӯҷаин ин ҳолро дида, шод шуду саҳарӣ онро ба ҷуфт даровард.

Омодакунанда: Искандар Шарипов, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин