Хуриш “Ангуштарини тиллоӣ”

Маҳсулоти лозима барои 2 -3 нафар:

Картошка -2 дона
Помидор —2 дона
Бодиринг- 2 дона
Тухми дар об ҷӯшонидашуда яъне пухтагӣ 2 -3 дона
Пиёз -1 дона ҳаҷман хурд
Каме кабудӣ

Тарзи тайёр намудан:

Картошкаро тоза карда ҳаҷман хурд ва дарозрӯя борик реза карда каме намак карда дар равған бирён мекунем.
Бодирингро чоркунҷа реза карда ба лаълӣ мегузорем аз болои бодиринг помидорро низ чоркунҷа реза карда меузорем каме намак мепошем. Тухмҳоро пӯст карда чоркунҷа реза карда ба болои бодирингу помдор мечинем каме кабудӣ мепошем. Пиёзро майда реза карда, дар об шуста мегирем то тезиашро нобуд созем, баъдан ба болои дигар маҳсулотҳо мегузорем. Қабати болоии хуришро бо картошкаҳои бирён карда оро медиҳем.
Хуриши мо омода шуд бо иштиҳои том.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *