Хуриш бо биринҷ

Маҳсулоти лозима:

Биринҷ – 1,5- 2 стакан (дар об пухташуда)
Тухм -3 дона (обпазшуда)
Ҷуворимаккаи консервонидашуда – ним қуттӣ
Панҷаҳои харчанг (крабовые палочки) -1 пачка
Майонез
Каме намак

Тарзи тайёр намудан:

Биринҷамонро ба зарф мегирем, тухмҳоро чоркунҷа реза карда, ба болои биринҷ мерезем. Панҷаҳои харчангро низ реза карда, илова мекунем. Ба болои дигар маҳсулотҳоямон ҷуворимаккаи консервонидашударо бо каме намаку майонез илова мекунем хуб аралаш мекунем. Хуриши мо омода шуд. Бо иштиҳои том.

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин