Хуруси зирак

Шағоле гуруснаю ғамгин шуда, дар фикри сайде афтод. Хурӯсакеро дид, ки дон чида гаштааст. Вай оҳиставу боэҳтиёт ва бесадо сӯйи хурӯсак қадам зад. Хурӯсаки хушёр пай бурд, ки шағол меояд, фиррӣ париду ба сари девор нишаст.

Шағол пеши девор омада гуфт:

– Дӯсти азиз, хурӯсак, магар тарсидӣ ё ҳазар кардӣ, ки маро дида, парида ба сари девор нишастӣ?

– Аз кай боз ту шағол, ба ман дӯсти азиз шудаӣ?!  Тамоми олам медонад, ки

ҷинси ту ҳамеша дар фикри шикори ҷинси мурғон аст. Барои мо мурғон қаттолтар аз ту душмане нест.

–  Тамоми олам мегуйию худ аз корҳои олам бехабарӣ, – гуфт шағол.

– Чӣ корҳое будаанд, ки ман аз онҳо бехабар мондаам? – ҳайрон шуд хурӯсак.

– Ин пагоҳ ҷонварон ҷамъ шуда, маҷлис оростанд. Пешниҳод шуд, ки байни ҷонварон, хоҳ вай дарранда бошад ё паранда, хазанда бошад ё чаранда, душманӣ барҳам хӯраду сулҳу дӯстӣ барқарор шавад: гург ҳамроҳи гӯсфандон гардад, гурба ҳамроҳи муш, саг ҳамроҳи гурба, рӯбоҳ ҳамроҳи мурғ. Фаҳмидӣ? Ту бошӣ, аз дунё бехабар маро дидию ҳаросида гурехтӣ?

– Ман аз қарори маҷлис огоҳ нестам, то ба гӯши худ нашунавам, бовар намекунам, – гуфт хурӯсак.

– Ман ба ту гуфтам-ку! – оташин шуд шағол.

– Кадом хурӯс ба шағол бовар кардааст, ки ман ба ту бовар кунам?!

– Бовар намекунӣ, фаро, ман ба ту даст намезанам, – гуфт шағол.

– Пеши ту фароям?

Ман ба пеши ту мефуроям, лекин аз боло мебинам, ки ба ин тараф як тӯда сагҳо меоянд.

Аз саги газанда кӣ наметарсад? Ба онҳо бовар кунам? – гуфт хурӯс.

Шағол номи сагро шунида, шитобон роҳи гурезро пеш гирифт.

– Ҳо шағол кучо мегурезӣ? – пурсид хурӯсак – Магар байни паррандаю хайвонот сулҳ эълон нашудааст?

– Ба хайёлам, сагҳо дар бораи сулҳ хабаре надоранд, – гуфт шағол ва дар як замон аз назар ғоиб шуд.

Хурӯсак бо ҳамин тадбир худро аз чанголи шағоли маккор халос кард.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин