Як рӯз аз кор барвақттар бар гардед

Рӯзе баъди шом ба хона омадам. Духтарчаи чор солаам маро пешвоз гирифта, пурсид:
— Падарҷон, Шумо дар як рӯзи кориатон чӣ қадар маблағ мегиред?
Ман, ки аз кор монда шуда омада будам, асабӣ шуда ба ӯ гуфтам:
— Корат чӣ?
— Не, ҳамту пурсидам падарҷон
— Хайр бахшиш каме мондаам барои ҳамин зуд асабӣ шудам, дар як рӯзи кориам ман 100 сомонӣ маблағ мегирам – ҷавоб додам.
Боз духтарчаам аз ман пурсид:
— Падарҷон ба ман 60 сомонӣ намедиҳед?
Аз ин суханаш боз асабӣ шуда ба сараш баланд дод зада гуфтам:
— Ҳар чизе, ки хостаи ба ту харида додаам, боз пулро чӣ кор мекунӣ? Рав, зуд хоб кун.
Духтарчаам сар хам карда хапу хомӯш ба утоқи худаш даромад.
Ба хона даромадам ва баъди 20 дақиқа, ки ором шудам, фикр кардам, ки мумкин ба ӯ ягон чизи дигар лозим аст, шояд беҳуда ба сараш баланд овоз баровардам. Хайр меравам аз ӯ бахшиш пурсида ба ӯ маблағи хостаашро медиҳам гуфта, бо ҳамин фикр ба утоқи духтарчаам даромадам.
— Духтарҷон, ту хоб нестӣ?
— Не падарҷон, хоб нестам.
— Духтарҷонам, бахшиш, ки ба ту садо баланд кардам, ана маблағи хостаатро гир — гуфта ба у 60 сомонӣ додам.
— Оооо, ташаккур падарҷон – гуфта духтарчаам пулро гирифт ва боз аз байни китобаш 40 сомонӣ дигарро баровард.
Ман ин пулҳояшро дида, бори саввум асабонӣ шуда боз ба сараш садо баланд кардам?
— О пул дорӣ-ку, боз чӣ аз ман пул талабидӣ?
Духтарчаам пулҳоро якҷоя карда ба ман дароз карда гуфт:
— Падарҷон, ана 100 сомон – як рӯза маблағи кории Шумо, ана инҳоро гирифта, наметавонед, ки пагоҳ аз кор барвақттар оед, то хӯроки шомро якҷоя хӯрем — гуфта, хоҳиш намуд.
Ман ин сухани духтарчаамро шунидам ва аз чашмҳоям ашк ҷорӣ мешуд. Сипас ӯро ба оғӯш гирифта бӯсидам, ва аз ҳамон рӯз иборат аз кор пеш аз шом ҳозир мешудагӣ шудам.

  1. РАВШАН:

    ахсан ба Шумо барои чунин киссахо

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *