Забони тоҷикӣ Синфи 7

1. Ибораҳои гули сари сабад, соя аз девор тарошидан, дил бой додан чӣ хел ибораанд?
А) озод; Б) фразеологӣ;
В) ҷуфт; Г) такрор;
2. Калимаҳои амир, амлокдор, элликбошӣ аз ҷиҳати истеъмол чӣ хел калимаанд?
А) нав; Б) маҷоз;
В) наввожа; Г) таърихан маҳдудшуда;
3. Ифодаҳои таркибан ва мазмунан рехтаву устуворро дар илми забоншиносӣ чӣ меноманд?
А) ибораи озод; Б) ибораи фразеологӣ;
В) таркибӣ; Г) ҷумла;
4. Калимаҳое, ки дар истеъмол хоси ягон маҳал ҳастанд, чӣ ном доранд?
А) лаҳҷавӣ; Б) адабӣ;
В) соҳавӣ; Г) архаистӣ;
5. Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои аслан тоҷикиро муайян кунед:
А) хона, об, замин; Б) қишлоқ, қаймоқ;
В) чароғ, кулоҷ; Г) бензин, каросин, мошин;
6. Дар намунаҳои зерин калимаҳои маъмул дар кадом қатор оварда шудаанд?
А) аскар, лашкар; Б) кирм, арз, стадион;
В) роҳ, хондан, дидан; Г) сабақ, харита, килк;
7. Ибораҳои фразеологӣ бештар барои кадом услубҳои забон хосанд?
А) оммавӣ; Б) гуфтугӯйӣ;
В) бадеӣ ва гуфтугӯйи; Г) китобӣ;
8. Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои соҳавиро муайян кунед:
А) хона, об, замин, ҳаво; Б) дӯст, душман, зебо, хуб;
В) абрешим, пилла, тор, нах; Г) хондан, омадан, гирифтан;
9. Калимаи то кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) нидо; Б) пешоянд;
В) пешоянду пайвандак; Г) ҳиссача;
10. Калимаи ҳама ба кадом хели ҷонишин мансуб аст?
А) шахсӣ; Б) таъинӣ;
В) шуморагӣ; Г) саволӣ;
11. Категорияи шумора ва номуайянӣ хоси кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм; Б) сифат;
В)феъл; Г) зарф;
12. Калимаҳои чунки, гар, гарчи, азбаски, лекин ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд; Б) пасоянд;
В) зарф; Г) пайвандак;
13. Калимаҳои сеяк, чоряк, шашяк, ҳафтяк ба кадом навъи шумора таалуқ доранд?
А) аслӣ; Б) таркибӣ;
В) касрӣ; Г) тахминӣ;
14. Бандакҳои феълии -ам, -и, -ем, -ед, -анд ба кадом ҳиссаҳои нутқ хос меоянд?
А) бо асосҳои феъл; Б) бо исмҳо;
В) бо ҳиссаҳои номии нутқ; Г) бо ҳамаи ҳиссаҳои нутқ;
15. Ҷамъбандӣ категорияи кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат; Б) исм;
В) шумора; Г) зарф;
16. Шумораҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
А) ду; Б) се;
В) чор; Г) якчанд хел;
17. Калимаҳои нафар, дона, сар дар мисолҳои ду нафар талаба, як дона қалам, панҷ сар гӯсфанд чӣ вазифаҳоро адо кардаанд?
А) нумератив; Б) мубтадо;
В) вазифа надорад; Г) пуркунанда;
18. Ҷонишинҳои ман, ту, шумо кадом навъи ҷонишинҳоянд?
А) соҳибӣ; Б) ишоратӣ;
В) шахсӣ; Г) таъинӣ;
19. Аз мисолҳои зерин феълҳои гузарандаро нишон диҳед:
А) пурсидан, гирифтан; Б) хобидан, истодан;
В) гуфтан, додан; Г) рафтан, омадан;
20. Кадом зарфҳо аз зарфҳои зерин дараҷаи қиёсӣ доранд?
А) ҳамаи зарфҳо; Б) миқдору дараҷа;
В) замону макон; Г) тарзи амал;
21. Кадоме аз ин феълҳо, феълҳои замони гузаштаи дурро далолат мекунад?
А) омада монд, рафтааст; Б) омадааст, мерафт;
В) рафта буд, рафта будааст; Г) меомад, омада буд;
22. Дар ин мисраи устод Рӯдакӣ калимаи гар кадом ҳиссаи нутқ аст?
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…
А) ҳиссача, Б) пайвандак;
В) нидо; Г) исм;
23. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ аст?
А) 8; Б) 12;
В) 9; Г) 10;
24. Калимаҳои навъи хондан, дидан, сӯҳбат кардан мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) исм; Б) зарф;
В) феъл; Г) сифат;
25. Калимаҳои мисли, монанди, ҳамчун мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) зарф; Б) сифат;
В) пешоянд; Г) пайвандак;
26. Ҳиссаҳои нутқ дар кадом қисмати забоншиносӣ омӯхта мешавад?
А) лексикология; Б) фонетика;
В) синтаксис; Г) морфология;
27. Калимаҳои ки, то, зеро, ва, аммо бо кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд; Б) пайвандак;
В) ҳиссача; Г) исм;
28. Ҳиссаҳои номустақили нутқ чандтоянд?
А) 4; Б) 8;
В) 2; Г) 5;
29. Феъл дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?
А) мубтадо; Б) муайянкунанда;
В) хабар; Г) ҳол;
30. Феъл чанд шахс дорад?
А) панҷ; Б) ду;
В) се; Г) як;
Ҷавобҳо:
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
Б | Г | Б | А | А | В | В | В | В | Б | А | Г | В | А | Б | В | А | В |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
А | В | В | Б | Г | В | В | Г | Б | А | В | В |
Назари худро бинависед