Забони тоҷикӣ — тести №1

Тести мазкур аз 10 савол иборат буда, ба ҳар кадом ҷавоби дуруст 10 хол пешбинӣ шудааст. Яъне агар ба ҳама саволҳои пешниҳодшуда ҷавоби дуруст диҳед, пас ҷамъи холҳои гирифтаи шумо ба 100 хол баробар хоҳад шуд.

Хуш омадед ба бахши тести Забони тоҷикӣ_1

Таърифи зерин ба кадом ҳодисаи нутқ мансуб аст?  “Он ҳиссаи нутқе, ки замону аломати амал ва аломатро ифода мекунад.”
Зарфҳои якзайл, чорзону, рӯболо, умрбод, дучанд, дилпурона, навозишкорона аз рӯӣ сохт кадом гурӯҳи зарфҳоро ташкил медиҳад?
Калимаҳои чолокона пай дар пай, ботафсил, якбора, якзайл, оҳиста ду зону, пуштнокӣ ба кадом гурӯҳи зарф таалуқ дорад?
Калимаҳои басе, андак хеле бисёр, беҳад, барзиёд, бағоят, кам, бениҳоят ба кадом гурӯҳи зарф таалуқ доранд?
Калимаҳои қасдан, пешакӣ, пуштнокӣ, шервор, хомӯшона, дар ҳол, ноилоҷ,  бемадорона аз ҷиҳати сохт ба кадом гурӯҳи зарфҳо мансубанд?
Зарфҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
Калимаҳои фардо, ҳамеша, ҳанӯз, андак, бисёр, мардонавор, хомӯшона, дарҳол, умрбод, ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
Зарф дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?
Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи номустақил ҳаст?
Калимаҳои сол аз сол, сол то сол,  худ ба худ, худ аз худ, дам ба дам, як ба як, қадам ба қадам аз ҷиҳати сохт кадом зарфҳоро ташкил медиҳад?

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин