Зарурият ва роҳу воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон

Зиндагӣ ва ҳадаф аз он дар чист? Барои посух гуфтан ба ин суол пеш аз ҳама бояд фаҳмид, ки ҳар як мавҷудоти зиндаи табиатро дар ин олам рисолате бар дӯш аст. Масалан, агар вазифаи дарахтони сояфкан, қабл аз ҳама тоза кардани атмосфера аз гази карбон ва дар навбати худ бой сохтани он бо оксиген бошад ва ё ба ҳамин монанд, агар вазифаи паррандагон аз кам кардан ва ё несту нобут сохтани ҳашаротҳои зараррасон иборат бошад, пас вазифаи инсон дар чист? Мақсади омадани ҳар яки мо дар ин дунё аз чӣ иборат аст? Оё мо бо омадани хеш ба ин дунё рисолате бар дӯш дорем ва ё на? Албатта, дорем ва он ҳам бошад, бешубҳа саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа ва мусоидат кардан баҳри рушду нумӯи ҷаҳони муосир аст. Агар чунин аст, пас чаро ёфт мешаванд нафароне, ки дидаву дониста ҷои он, ки ҷиҳати анҷом додани вазифаи инсонии хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ё ба ҷои он, ки лоақал барои ободии диёри худ заррае ҳиссагузорӣ намоянд, баръакс даст ба содир кардани ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар аъмоли нанговар мезананд, ки ин амали онҳо ба ҷуз аз зиён овардан ба пешрафти ҷомеа ва халалдор сохтани амнияту субботи давлат чизе беш нест.

Ин ҷо мавриди зикр аст, ки на ҳамаи одамон, ба хусус наврасон, ки дар давраи синнусолии басо душвору ҳассос қарор доранд ва бинобар ин, тавре аз тадқиқотҳои сотсиологӣ бар меояд, қисмати зиёди ҷиноятҳо маҳз бо айбдории онҳо содир мегарданд, на ҳамеша қасдан ҷиноят содир мекунанд. Дар ҳамин замина лозим ба таъкид аст, ки агар қисме аз наврасон бо таъсири бади ҳамсолони ҷиноятпешаи худ ва ё бо ҷалби калонсолон ҷиноят содир намоянд, қисми дигари онҳо дар заминаи тағйиротҳои куллие, ки дар ин давраи синнусолӣ дар ниҳоди эшон ба вуҷуд меоянд, бо иллати надонистани меъёрҳои ҳуқуқу қонунгузориҳо ва ё ба ибораи дигар, аз сабаби дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани фарҳанги ҳуқуқиашон даст ба ҷиноят мезананд.

Ба хотири боз ҳам возеҳтар гаштани суханони боло бояд гуфт, ки наврасон дар ин давраи синнусолӣ мувофиқи тадқиқоти олимон аксар вақт майли донистани ҳуқуқҳои худро мекунанд, на ӯҳдадориҳоро, ки ин ба хусусиятҳои психологии ҳамин давра асос меёбад. Зеро мувофиқи таълимоти илми психологияи синнусолӣ дар ин зинаи синну сол наврасон бештар кӯшиши васеъ намудани доираи ҳуқуқҳои худро намуда, бад-ин васила мехоҳанд худро бо калонсолон дар як радиф қарор бидиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки надонистан ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои хеш аз ҷониби наврасон метавонад аксар маврид боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани онҳо гардад.

Масалан, дар ҳолати аз нақшаи тарҳрезӣ намудаи ҷинояткорон бевосита огаҳӣ пайдо кардан ва ё дар сурати шоҳиди бевоситаи амали ҷиноӣ гаштану вале дар ин асно сари вақт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ё ба намояндаи он хабар надодани наврас метавонад ҳамчун амали саркашӣ намудан аз қарзи шаҳрвандии хеш муаррифӣ гардад ва нисбати ӯ чораҳои ҳатмии тарбиявӣ ва ё дигар намуди ҷавобгарӣ татбиқ карда шавад.

Ба ҳамин монанд дар давраи калони наврасӣ, яъне дар синни 14-16 солагӣ, махсусан дар писарон боз ҳам тибқи таълимоти илми психологияи синнусолӣ ҳирси ниҳоят баланди шаҳвонӣ (гиперсексуальность) мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ, хавфи содир гаштани ҷиноятҳои харатери шаҳвонӣ дошта низ аз ҷониби онҳо меафзояд ва ин ҳолат дар сурати надоштани маълумоти кофӣ оид ба соҳаҳои қонунгузорӣ аз тарафи наврасон боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Дар робита ба ин лозим ба таъкид аст, ки бино ба маълумоти омории пешниҳод намудаи шӯъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғони ХПХНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2009 аз тарафи ноболиғон дар миқёси ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 147 адад зиёд ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Масалан, барои қиёс, агар дар 8 моҳи соли 2008 дар миқёси ҷумҳурӣ 289 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2009 ба 436 адад мерасад.

Боз ҳам барои мисол, агар ба вазъи ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди пойтахт, яъне шаҳри Душанбе назар афканем мебинем, ки дар 8 моҳи соли 2008 теъдоди ҷиноятҳое, ки бо айбдории ноболиғон содир гаштаанд, 70 ададро ташкил мекунад, вале ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2009 ба 163 адад мерасад, ки нисбати соли гузашта 93 адад зиёд ба шумор меравад. Сабаби торафт баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро дар қаламрави кишвар кормандони муассисаи болотар ишорашуда дар нисбатан суст роҳандозӣ шудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, ташкили вохӯриҳо дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, гузаронидани маҷлиси сайёр дар ҷамоатҳо аз ҷониби комиссияҳо, кормандони соҳаи маориф, муттасадиён ва масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ мекунанд.

Албатта, ташкилу гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои мазкур беш аз пеш ба баланд бардоштани савияи донишу фарҳанги ҳуқуқии наврасону ноболиғон, бешак бо мақсади пешгирӣ намудани содир гаштани ҳар гуна ҷиноят аз тарафи онҳо нигаронида шудаанд. Воқеан ҳам, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ бо роҳи боло бардоштани маданияту маърифати ҳуқуқии ноболиғон, махсусан дар давраи хурди наврасӣ аҳамияту арзиши дучанд пайдо намуда, дар оянда он метавонад на танҳо ба кам гаштани миқдори ҷиноятҳое, ки аз сӯи ноболиғон содир мешаванд, мусоидат кунад, балки дар синнусоли камолот ҳам қисме аз онҳоеро, ки ақлу ҳуши солим доранд, аз содир кардани ин амали нанговар фарсахҳо дур хоҳад дошт. Ва ин ҳолат дар умум ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар миқёси мамлакат мусоидат хоҳад кард. Роҷеъ ба ин гуфтаҳо, ин ҷо овардани андешаи як тан аз олимони тоҷик – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муллоев Мансур хеле ҷолиби диққат аст: «Агар ҷамъият хоҳад, ки ҷинояткорӣ кам шавад, бояд пеш аз ҳама ҷинояткории ноболиғонро пешгирӣ кунад».

Ғайр аз ин, дар ин давраи синнусолӣ дар заминаи ба вуҷуд омадани як қатор тағйиротҳои анатомию физиологӣ ва аз ин ҳисоб хеле асабонӣ шудани наврасон табиист, ки дар онҳо бар асари ангезандаҳои ҳатто ночизи ба табъу рӯҳашон нофорам ҳар лаҳзаву ҳар соат чӣ дар мактабу оила ва чӣ дар кӯча ба вуҷуд омадани ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ, аз ҷумла аффект, агрессия (қаҳру ғазаб) ва дигар ҳолатҳои пуршиддати ҳиссиёт мушоҳида мегардад, ки дар мавриди гирифтор шудан ба ин гуна ҳолатҳо эҳтимолияти даст задан ба ҷиноятҳои дараҷаи ҳархела, ба монанди расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, алалхусус ба ҳамсолони хеш бо истифода кардани воситаҳои мухталиф аз тарафи наврасон дучанд меафзояд. Аммо дар сурати васеъ гардонидани тасаввуроти наврасон оид ба ҷанбаҳои гуногуни соҳаҳои қонунгузорӣ хавфи ба ҷиноят даст задани онҳо то ҳадде пешгирӣ карда мешавад. Чунки дар ин маврид наврасон қобилияти аз лиҳози ҳуқуқӣ шуурона идора кардани ҳар амалу рафтори худро пайдо карда, дар лаҳзаҳои муайян метавонанд худро аз содир намудани ин ё он амали ҷиноӣ шуурона боз доранд.

Илова бар ин, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии наврасон на танҳо дар онҳо ҳиссиёти оштинопазириро нисбати амалҳои зиддиҷамъиятӣ тарбия мекунад, балки онҳоро дар мубориза бар зидди поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои хеш дар ҷомеа, ҳамчунин зоҳир гаштани ҳодисаи дискриминатсия нисбати онҳо фаъол хоҳад кард.

Бар замми ин, тавре аз иттилои васоити ахбори омма ва расонаҳои хабарӣ бар меояд, таи солҳои охир бадбахтона, дар ақсои олам новобаста аз он, ки зуд-зуд аз ҷониби СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ қарору қонунҳои гуногун оид ба ҳифзи ҳуқуқу манофеи ноболиғон қабулу ба тасвиб мерасанд, аммо дучори амали зӯроварӣ гаштани кӯдакону наврасон бармало ба чашм мехӯрад. Дар ин миён Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои дунё аз ин ҳодисаи номатлуб, ки ба он бештар кӯдакону наврасон ҳам дар хонавода ва ҳам дар муассисаҳои таълиму тарбиявӣ мувоҷҷеҳ мешаванд, дар канор нест. Мутаассифона, ин ҳолат ҳамасола дар ҳоли густаришёбӣ буда, кӯдакону наврасони кишварҳои зиёд аз он азият мекашанд.

Дар воқеъ имрӯзҳо, ҳарчанд ки дар асоси Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, (он моҳи ноябри с. 1989 аз тарафи СММ қабул гардидаасту ҶТ низ онро 26-уми сентябри с. 1993 эътироф кардааст) ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон ҳамчун арзиши воло дониста шудаасту  бар асоси он расонидани ҳар гуна амали зӯроварӣ, ба хусус зоҳир кардани зӯроварии ҷисмонӣ, ки нисбатан шакли паҳншудатарини он ба шумор меравад, нисбати онҳо манъ аст, вале бо вуҷуди ин кам нестанд оилаҳое,   ки зоҳир гаштани намудҳои мухталифи зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии ҷисмонӣ, психологӣ, ҷинсӣ ва ғайра дар онҳо мушоҳида нагардад.

«Дар корхонаву муассисаҳо, донишкадаву мактабҳои миёна, хулоса дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа омӯхтани Конститутсияи Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии давлат бояд боиси тарбияи инсони наве гардад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дифоъ карда метавонад. Зеро маҳз чунин инсон қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад».

Чӣ хеле, ки бори дигар аён гардид, ба хотири мусоидат намудан аз як тараф ҷиҳати кам кардани ҳодисаи гирифтори амалҳои зӯроварӣ гаштани наврасон ва аз сӯи дигар баҳри пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон танҳо як роҳ боқӣ мемонад, ин ҳам бошад, дар заминаи ташаккул додани донишҳои ахлоқӣ таҳким бахшидани донишу тасаввуроти наврасон атрофи меъёрҳои ҳуқуқу қонунгузориҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Умуман, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна бадбахтиҳо ва ҳамзамон баҳри ноил гаштан ба комёбиву муваффақиятҳо  дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ дар ҳар давру замон новобаста аз синну сол баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ, хоса дар айёми наврасӣ ногузир ба ҳисоб меравад. Зеро доштани дониш дар ҳама бобат на танҳо наврасонро аз нохушиҳо эмин нигоҳ медорад, балки қалби онҳоро мунаввар сохта, эшонро аз содир кардани ҳар гуна аъмоли ношоям ва гаравидан  ба роҳи бад боз медорад. Бар ҳақ дар ин хусус ҳанӯз 1150 сол муқаддам султони шоирони форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ басо олӣ фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки баланд бардоштани маданияту фарҳанги ҳуқуқии наврасонро мақсади асосии таълиму тарбия дар мактаб, ки аз таъмини рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон иборат аст, тақозо мекунад.

Боиси тазаккур аст, ки зарурат ва аҳамияти густариш додани тасаввуроти ҳуқуқии наврасон пеш аз ҳама аз тарафи аъзоёни институтҳои асосии иҷтимоишавӣ (сотсиализатсия), яъне оила ва мактаб торафт ҷоннок кардани кори таълиму тарбияро дар ин самт зарур шуморида, ҳамзамон бо ин мақсад пайваста ҷустану ёфтани роҳу воситаҳои самарабахшу замонавӣ ва сифатан нави тарбияи ҳуқуқиву баланд бардоштани шуури ҳуқуқии наврасонро ҳанӯз аз лаҳзаҳои ба остонаи мактаб қадам ниҳодани онҳо талаб мекунад.

Мӯҳтавои суханони мазкур, инчунин дар моддаи 42-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», ки ба ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модар дар соҳаи маориф бахшида шудааст, ба таври хеле мушаххас дарҷ ёфтааст: «Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) вазифадоранд: фарзандонро дар рӯҳи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд».

Ташаккул ёфтани шуури ҳуқуқӣ, агар зимни тарбияи ахлоқӣ пеш аз ҳама аз   оила сарчашма гирад, минбаъд он ҳангоми таҳсили хонанда дар мактаб дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ бо як низоми муайян таҳти таъсири мақсадноки муаллимон чӣ дар ҷараёни шакли асосии таълим дар мактаб, яъне дарс ва чӣ дар раванди корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ идома меёбад.

Зеро «мақсади тарбияи ҳуқуқӣ ташаккул додани шуури ҳуқуқии хонандагон, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо, бедор кардани ҳисси эҳтиром нисбат ба қонунгузориҳои ҷумҳурӣ, огоҳӣ аз содир кардани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ мебошад».  Вале мақсади ниҳоии тарбияи ҳуқуқиро боз ҳам ташаккули фарҳанги ҳуқуқии хонандагон ташкил мекунад.

Айни замон бештари ҷиноятҳову ҳуқуқвайронкуниҳо асосан решаи иҷтимоӣ дошта, асоси онҳоро пеш аз ҳама надонистан ва огоҳ набудан аз талаботи қонунҳо ташкил медиҳад. Чунин ҳолат аз он сабаб ба амал меояд, ки таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои мактабӣ аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам бурда намешавад.  «Дар кори тарғибу ташвиқ ва маънидод кардани моҳияти қонуну санадҳои ҳуқуқӣ воситаҳои ахбори омма: телевизион, радио, рӯзномаю маҷалла, инчунин вохӯриҳои инфиродии кормандони роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ бо аҳли ҷомеа ва дигар роҳу воситаҳо» васеъ истифода намегарданд.

Дар ҳамин асно тарбияи ҳуқуқӣ вазифаҳои худро дорад, ки онҳоро Консепсияи Миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати кишвар аз 3 марти соли 2006 таҳти рақами 94 тасдиқ гардидааст, чунин муайян кардааст: «Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд».

Ғайр аз ин, васеъ гаштани тасаввуроти ҳуқуқии наврасон, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғон мебошад, на танҳо зимни тарбияи ҳуқуқӣ сурат мегирад, балки дар ҷараёни дигар намудҳои тарбия, ба монанди тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, ақлию зеҳнӣ ва ғайра, бо вуҷуди он ки дар ин миён тарбияи ҳуқуқӣ афзалияти бештарро соҳиб аст, таъмин мегардад. Чунки дар маҷмӯъ ин намудҳои тарбия таъмингари рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон буда, дар баробари ин ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо ва бад-ин васила пешгирӣ шудани содир гаштани ҳар гуна қонуншиканӣ аз сӯи ноболиғон нақши басо массир доранд. Зеро маҳз туфайли онҳо ҷаҳонбиниву тасаввуроти наврасон атрофи ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ густурда мегардад, ки ин раванд аз бар кардани меъёрҳои ҳуқуқиро барои эшон то андозае дастрас ва саҳл месозад.

Дар ҳамин робита лозим ба таъкид аст, ки маҳз дар давраи наврасӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи маърифати ҳуқуқии хонандагон бо мақсади пешгирӣ ва кам намудани эҳтимолияти ба ҷиноят даст задани онҳо тавваҷӯҳи хоса зоҳир кардан созгор аст. Ҳатто ҳанӯз аз синни хурди наврасӣ бо онон бурдани корҳо оиди пешгирии вайронкунии қонуни ахлоқӣ-ҳуқуқӣ зарурат дорад.  Зеро ин давра назар ба дигар зинаҳои синнусолӣ ҷиҳати ба таври амиқ аз худ кардани меъёрҳои ҳуқуқу паҳлӯҳои гуногуни қонунгузориҳо аз тарафи хонандагон ҳамчун давраи сензитивӣ —

басо мувофиқ барои омӯзиш баромад мекунад, ки ин бештар ба хусусиятҳои психологии онҳо асос меёбад. Чунки дар ин давраи синнусолӣ дар баробари характери абстрактиро касб кардани протсессҳои психикӣ майлу хоҳиши наврасон нисбат ба омӯзиши ҳодисаҳои мухталифи ҷамъиятӣ тадриҷан меафзояд. Ҳамчунин бо эҳсос гаштани ҳисси калонсолӣ дар наврасон торафт дохил шудани онҳо ба доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ зиёд мегардад.

Аз ин рӯ, бо дарназардошти ҳамаи ин хусусиятҳои психологии наврасон баҳри ҳарчӣ бештар омӯзонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба эшон дар ин давраи басо қулай кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим аст, то ин ки ин фурсати муносиб беҳуда сипарӣ нагардаду наврасон бидуни сарфи саъю талоши зиёдатӣ донишҳои ҳуқуқиро ба осонӣ аз худ карда бошанд.

Доштани донишҳои ҳуқуқӣ ба наврасон имкон медиҳад, то ин ки эшон дониста бошанд, ки кадом амал қонунӣ асту кадоми он ғайриқонунӣ, шаҳрванд соҳиби кадом ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аст ва чӣ гуна аз онҳо метавонад дифоъ намояд, ҳамчунин фаъолияти мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз чӣ иборату ба чӣ асос меёбад, ки ҳамаи ин наврасонро барои шуурона идора кардани рафтору кирдори хеш қодир месозад.

Мушоҳидаҳои чандинсола, таҳлили нақшаи кори тарбиявии омӯзгорон-роҳбарони синфҳо, ҷонишинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ нишон медиҳанд, ки роҳу усулҳои маъмули корҳои тарбиявӣ на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Қисмати махсус оид ба тарбияи ҳуқуқии наврасон хеле кам мушоҳида мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки асри XXI асри рушди компютер, Интернет, видео ва аудио… аст.

Бо ин мақсад ҷиҳати татбиқи амалии суханони боло дар ин давраи синнусолӣ метавон аз роҳу воситаҳои мухталифи баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии наврасон истифода кард. Яке аз чунин роҳҳои дар ин самт ниҳоят муфиду арзишманд ва хеле самарабахш ин ҷоннок кардану вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни оммаи васеъи мардум ва махсусан наврасон ба шумор меравад. Бисёр хуб мешуд, агар ин кор на танҳо тариқи китобу дастурҳои илмӣ, балки таввасути воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ сурат мегирифт. Чунки  воситаҳои ахбори омма пеш аз ҳама телевизион, шабакаи ҷаҳонии Интернет ва рӯзномаву маҷаллаҳо дар баробари он, ки бо хусусияти услуби публисистиро доро буданашон ҳамчун воситаҳои хуби тарғибгари донишҳои ҳуқуқӣ дар байни дигар васоити бо ин ҳадаф истифодашаванда мавқеи нисбатан устуворро ишғол мекунанд, ҳамзамон ба сифати воситаи созгори аёнӣ ҷиҳати боз ҳам баландтар бардоштани шуури ҳуқуқии наврасон баромад мекунанд. Мусаллам аст, ки дар давраи хурди наврасӣ хонандагон ҳанӯз ҳам ҷиҳати ба хубӣ аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ба васоити аёнӣ эҳтиёҷ дошта, бо мақсади ба таври васеъ омӯхтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи наврасон истифода шудани воситаҳои дар боло зикр гашта ниҳоят   судманд хоҳад буд.

Зеро на ҳар наврас, хоса наврасони «душвор» ва аз назари педагогӣ қафомонда, ки аксар маврид маҳз ана ҳамин қабил наврасон ҷиноят содир мекунанд, хоҳиши хондани китобро доранд ва дар ҳамин замина онҳо ҷои китобро бо воситаҳои ахбори омма иваз намуда, талаботи маънавии хешро низ бештар аз ин ҳисоб қонеъ мегардонанд ва дар ин миён нақши тамошои намоишномаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ дар ҳаёти наврасон асосӣ буда, мавқеи муҳимро касб мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мутахассисону масъулини соҳаи телекоммуникатсияи кишварро низ зарур аст, ки ҷиҳати мусоидат кардан ба суръат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва педагогон барномаҳои телевизиониро дар шакли жанрҳои гуногуни он, ба мисоли: шоу-барномаҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ, роликҳои таблиғотӣ ва ғайра, ки дар онҳо вазъиятҳои мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мегарданд, бештар таҳия ва пахш намоянд. Ҳамчунин аз сӯи дигар корро дар самти созмон додани сомонаҳои интернетӣ, ки дорои мазмуну мӯҳтавои баррасикунандаи вазъиятҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, мебояд тақвият бахшид.

Умуман, ногузирии татбиқи амалии гуфтаҳои боло бо он тақвият бахшида мешавад, ки дар мавриди иҷро гаштани ҳамаи онҳо на танҳо дараҷаи шуури ҳуқуқии наврасон то ҳаде боло меравад, балки боло бурдани савияи дониши калонсолон, яъне худи падару модарон ва омӯзгорон низ аз лиҳози ҳуқуқӣ то андозае таъмин хоҳад гашт, ки ин ҳолат барои аз тарафи волидайн ва омӯзгорон таъсири амиқ бахшидан ба наврасон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мусоидат хоҳад кард. Зеро дар ташаккул додани шуури ҳуқуқии наврасон пеш аз ҳама васеъ гардонидани доираи тасаввуроти худи калонсолон атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ шарт ва зарур мебошад, ки дар ин ҷода нақши васоити ахбори омма бағоят бузург ва ивазнашуданӣ аст.

Хуллас, набояд фаромӯш сохт, ки васоити ахбори омма дар қиёс ба дигар воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон бо дарназардошти он, ки вазъиятҳои гуногуни ҳуқуқиро ба таври хеле возеҳу равшан ва соддаву оммафаҳм баён мекунанд, беҳтарин ва хубтарин восита ба шумор мераванд.

Ғайр аз ин, бо мақсади таъсири амиқ бахшидан ба ташаккули шуури ҳуқуқии наврасон ҳангоми таҳсили онҳо дар мактаб метавон аз китобчаву дафтарчаҳои кассагӣ (буклету брошюраҳо), ки дар онҳо маводҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти синнусоли онҳо дарҷ гаштаанд, ба таври фаровон истифода намуд.

Ҳарчанд ки дар ташаккули симои ҳуқуқӣ дониш нақши бағоят калон мебозад, вале дар амал татбиқ карда тавонистани он аз ҷониби наврасон паҳлӯи дигари масъала ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, омӯзгорон ва тарбиятгаронро лозим аст, ки дар заминаи донишҳо дар наврасон маҳорати дар амал, дар ҳолатҳои мураккаби ҳуқуқӣ бомуваффақият истифода карда тавонистани донишҳои ҳуқуқиро бо ҳар роҳу восита ҳосил намоянд. Зеро ҳадафи асосии таълиму тарбия ҳам дар мактаб аз ҳосил кунонидани маҳорату малакаҳои зарурӣ дар хонандагон иборат буда, донишҳои ба таври стихиявӣ дар майнаи сари онҳо ҷой гирифта на ҳамеша манфиатовар ҳастанд.

Дар ин самт истифода кардани шаклу усулҳои ташкили тарбияи ҳуқуқӣ  хеле судманд буда, бо ин мақсад барои мулоҳизаву муҳокима  ба хонандагон пешниҳод кардани лаҳзаҳои проблемавӣ  ва ҳалли супоришҳои мутааллиқ ба масоили ҳуқуқӣ аз фоида холӣ нест. Чунки наврасон дар ҷараёни ин гуна корҳо на танҳо имкони ҷамъбаст намудану ба як низоми муайян даровардани донишҳои атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ доштаи хешро пайдо мекунанд, балки аз ӯҳдаи ҳалли шуурона ва бомуваффақияти ин ё он вазъиятҳои мураккаби ҳуқуқии баамаломада ва маҳорати дар ин гуна лаҳзаҳо қарори қатъии саҳеҳ қабул карданро ҳосил мекунанд.

Омӯзгор – роҳбари синф, ки субъекти асосии ташкили ин раванд бо хонандагон ба ҳисоб меравад, бо ин мақсад метавонад маводҳоро аз саҳифаҳои гуногуни матбуоти даврие, ки аз ҳаёту фаъолияти проблемавии худи наврасон мақолаҳо ба табъ мерасонанд, ба таври фаровон интихоб намояд. Ё худ, дар ҳолатҳои истисно метавон ин гуна лаҳзаҳоро аз ҳаёти ин ё он хонанда, ки иштирокчии бевоситаи ҳамин ҷараён аст, албатта бо дар назардошти хоҳиши худи ӯ интихоб намуд. Шубҳае нест, ки дар ин гуна ҳолатҳо шавқу ҳаваси хонандагон ба хотири кӯмак кардан ба рафиқи худ ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳалли ҳуқуқии вазъияти баамломада дар ҳаёти ӯ боз ҳам дучанд хоҳад шуд. Зеро ҳар он чизе, ки бевосита аз ҳаёти худи наврасон гирифта мешавад, майлу хоҳиш ва таваҷҷӯҳи онҳоро бештар ба худ ҷалб мекунад. Чӣ хеле, ки чанд сатр болотар афзалияти бештар доштани истифодаи воситаҳои техникӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ин гуна корҳо ва умуман дар ҳаёти наврасон нақши босазоро соҳиб будани онҳо таъкид гардид, аз ин лиҳоз беҳтараш он аст, ки ҳамин лаҳзаи проблемавӣ албатта, бо дар назардошти базаи моддӣ-техникӣ ва имкониятҳои мавҷудаи мактаб тариқи экран дар шакли навор ба хонандагон манзур карда шавад.

Барои мисол, чунин як вазъияти проблемавиро метавон аз маҷмӯае бо номи «Твой адвокат», ки бо дастгирии методии Комиссияи миллӣ оид ба Ҳуқуқи Кӯдак дар ҶТ ва Марказ оид ба Ҳуқуқи Кӯдак, инчунин бо дастгирии молиявии Хазинаи Кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) бо мақсади мусоидат намудан ба рушди фарҳанги ҳуқуқии кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ нашр гардидааст, ба хонандагон пешниҳод кард. Бояд гуфт, ки ин дастур дар асоси назарпурсии гузаронидашуда миёни ноболиғони кишвар оид ба масоили онҳоро нигаронкунанда мураттаб ва таҳия шудааст. Аз ҷумлаи чунин як масъалаи ҳуқуқие, ки барои як тан аз ноболиғ муаммо пеш овардаасту дар ин дастур инъикос ёфтааст, чунин аст: «Баъди марги падар таъмини оила барои модарам душвор гашт. Ғайр аз ман модарам боз ду кӯдаки хурдсол дорад. Ман 14 сол дорам ва мехоҳам бо меҳнати хеш соҳиби маблағ гардаму ба модарам кӯмак кунам. Оё дар ин синну сол кас ҳуқуқи меҳнат карданро дорад?» Ҳамин гуна муаммову масъалаҳои ҳалталаби ҳуқуқӣ, ки бевосита аз ҳаёти наврасону ноболиғон нақл мекунанд, дар дастури номбурда зиёда аз 10 ҳодиса буда, маводи хубест барои ташкили вазъиятҳои проблемавӣ бо хонандагон. Ҳамчунин ҷиҳати хуби ин дастур боз дар он равшан аён мегардад, ки дар охири ҳар як масъалаи пешниҳодшуда посухи мушаххаси адвокат (ҳимоячӣ) оварда шудааст, ки ин ҳолат ба ҳар як омӯзгор – роҳбари синф аз як тараф ҷиҳати дар ҳалли масъала ба гумроҳӣ роҳ надодану аз ҷониби дигар ба хонандагон тавсия кардани роҳи ҳалли аниқи он кӯмакрасон хоҳад буд.

Пас аз пешниҳоди вазъияти проблемавӣ муаллим мутобиқи қоидаи истифодабарии методи проблемавӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамаи иштирокчиёни ин равандро ба доир кардани баҳсу мубодилаи афкори судманд даъват мекунад. Муаллим дар ин ҷараён суханони ҳар як хонандаро перомуни роҳи ҳалли ин ё он масъалаи ҳуқуқӣ бодиққат шунида, фарзияву андешаҳои пешниҳод намудаи эшонро дар мавридҳои зарурӣ рад ва ё тасдиқ мекунад.

Дар охир ҳамроҳи хонандагон ба як хулосаи муайян омада, роҳи ҳалли дурусти онро мушаххас мекунад. Инчунин муаллимро зарур аст, ки дар мавриди истифодаи методи проблемавӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади таъмини бештари натиҷабахшии он равобитро бо методҳои алоҳидаи ташаккули шуури шахсият, ба монанди фаҳмондан, маслиҳат ва сӯҳбат барқарор намояд.

Умуман, истифодаи методи проблемавӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди маърифати ҳуқуқии хонандагон дар замони кунунӣ, ки замони пешрафти соҳаи маориф аст, басо сермаҳсул буда, истифодаи он дар охири давраи хурд ва ибтидои давраи калони наврасӣ, ки донишҳои хонандагон атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳанӯз ноустувор аст, айни муддаост.

Зеро зарурати истифодаи методи проблемавӣ аз донишҳои ноустувори хонандагон ба вуҷуд меояд, ки наврасон дар ин зинаи синнусолӣ ҳанӯз ба омӯзиши фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» напардохтаанд, чунки омӯзиши он тибқи нишондоди нақшаи таълимии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз синфи 9 пешбинӣ шудааст ва ин ба охири давраи наврасӣ рост меояд. Вале хонандагон то ин дам дар ҷараёни корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва ҳар гуна чорабиниҳои ба рушди шуури ҳуқуқии хонандагон нигаронидашуда ишитирок карда, атрофи меъёрҳои ҳуқуқу қонунгузориҳои ҷумҳурӣ то андозае донишу тасаввуроти зарурӣ ҳосил менамоянд.

Илова бар ин, дар ин ҷода ҷалби ҳамешагии наврасон ба фаъолияти худидории хонандагони мактаб ва фаъолияти созмони талабагии «Ворисони Сомониён» нақши барҷаста дорад.

Ҳамчунин роҷеъ ба ҳалли ин масъала дар дохили ҳар як мактаб фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, яъне муҳите, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқӣ пайваста аз ҷониби бошандагонаш риоя гардаду орӣ аз зуҳуроти ҳар гуна қонуншиканӣ бошад ва умуман поймол гаштани ҳуқуқҳои як шахс аз ҷониби шахси дигар ба назар нарасад, зарур аст. Ҷиҳати хуби ин кор қабл аз ҳама дар он аст, ки фароҳам овардани ин гуна муҳит дар тамоми давраи таҳсили хонанда дар мактаб сабаби дар наврасон ба вуҷуд омадани одати ҳамвора ва бидуни маҷбуркунӣ риоя кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад.

Ҳамчунин боз ҳам бо мақсади таъмини рушди фарҳанги ҳуқуқии наврасон ҳангоми ташкили ҳар гуна чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ истифодаи самарабахши воситаҳои ҷадиди техникӣ дар мактабҳо тавсия карда мешавад, ки он сифату суръати азбаркунии меъёрҳои ҳуқуқиро аз тарафи наврасон боз ҳам дучанд хоҳад афзуд, аммо бар хилофи ин гуфтаҳо мутаассифона, шароити имрӯзаи макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ имкон намедиҳад, ки ҳангоми ташкили ҷараёни кори таълиму тарбия дастовардҳои муосири техникӣ ба таври бояду шояд истифода гарданд, чаро ки ҳанӯз ҳам базаи моддӣ-техникии аксари мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии кишвар нокифоя буда, аз ин сабаб сифати таълиму тарбия низ дар онҳо начандон ҷавобгӯи талабот аст. Вале бо эълон гаштани соли 2010 ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ, ҳамзамон соҳаи маорифро дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асосӣ ва стратегӣ эълон кардани раиси ҷумҳур умед аст, ки дар ин самт солҳои наздик дастоварду комёбиҳои назаррас ба даст хоҳанд омад.  Ба ҷуз аз ин, рӯз аз рӯз бо боло рафтани сатҳу сифати зиндагонии мардум ва ба муваффақияти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан ноил гаштани кишвар дараҷаи кори таълиму тарбия низ дар мактабҳо боло хоҳад рафт ва ба ин васила теъдоди ҷиноятҳои аз тарафи наврасон содиршаванда ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Дар охир як нуқтаи хеле муҳимро махсус мебояд қайд кард, ки солҳои охир аз сӯи олимон бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти муайян кардани роҳу усулҳои нави баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии наврасону хонандагон дар давоми таҳсили онҳо дар мактаб қариб, ки умуман ба чашм намерасад. Дар ҳамин робита набояд фаромӯш кард, ки масъалаи мазкур қазияи басо фарроху густурдадоман буда, бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотиро на ин, ки дар доираи як илм, балки аз ҷониби олимони дигар илмҳо низ тақозо менамояд. Аз ҷумлаи чунин илмҳое, ки перомуни масъалаи мазкур метавонанд тадқиқотҳои нав ба навро муҳаққиқони онҳо анҷом диҳанд ин: педагогика, ҳуқуқшиносӣ, психология, криминология, сотсиология ва ҳоказо мебошанд. Бояд гуфт, ки танҳо дар сурати бо ин ҳадаф барқарор намудани робитаи наздики илмҳои номбурда ва таъмин гаштани ҳамоҳангии амиқи онҳо метавон дар ин ҷода муваффақиятҳои беназирро ба даст овард.

Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *