Зоғак ва канарӣ

Будааст набудааст, як зоғак будааст. Вай як рӯз канариро дида гуфтааст:

-Ҳа ҳаминқарчаи беқарор, ана ба дастам афтодӣ! Акнун гӯй, ки ман чӣ тавр туро хӯрам?

-Эй зоғаки сиёҳ мушкини хушгуфтор!-гуфтааст канарӣ. Хайрат ман ба дасти ту афтодаам. Ту ҳамҷинси худам ҳастӣ, як канарӣ не, даҳ канарӣ Қурбони ту. Хоҳу нохоҳ имрӯз не, пагоҳ ба дасти ягон гурба меафтодаму бефоида нобуд мешудам. Маро акнун чӣ хел хоҳӣ ҳамон тавр хӯр, ихтиёрат. Лекин навакак бо нӯлат саргин тит мекардӣ, нӯлат ҳаром шудааст, гӯшти ман ҳалол. Рав, нӯлатро шуста биё, ман то омадани ту парамро канда тайёр мешавам. Зоғак ин гапро шунида, ба лаби ҷӯй рафта нӯлашро шустанӣ шудааст, ки оби ҷӯй паст шуда гуфтааст:

-Ман тозаю озода, аз ман мардуми як шаҳр об мехӯранд. Минқори ту ҳаром, бӯйи саргин мекунад, кӯза биёру аз обам гирифта, ба канор рафта шӯй.

Чӣ илоҷ, зоғак рафта, ба болои дӯкони кулол нишастаасту гуфтааст:

-Кулол-ака, ҳой кулол-ака, кӯзача диҳед, об гирам, нӯламро шӯям, канариро хӯрам. Кулол гуфтааст:-Ман ба ту кӯза медодам, лекин кӯзаи тайёр надорам. Рав аз Сурхтеппа хок биёр, як кӯзачаи нағз сохта медиҳам. Зоғ рафта, сари Сурхтеппа нишаста гуфтааст:

-Сурхтеппа, ҳой Сурхтеппа, ба ман хок бидеҳ, ба кулол барам, кӯза кунад, барам аз ҷӯй об гирам, минқорамро шӯям, канариро хӯрам.

-Ман ба ту хок медодам, лекин хоки ман сахт, гирифта намешавад. Рафта бузи кӯҳиро гӯй, ки як шохашро ба ту диҳад. Биё, бо шох канда гир.

Зоғак парида рафта ба қуллаи кӯҳ нишасту бузи кӯҳии шохкалонро дида гуфт:

-Бузак, бузак, як шох бидеҳ, барам аз Сурхтеппа хок гирам, ба кулол диҳам, кӯза кунад. Кӯзаро бурда, аз ҷӯй об гирифта минҷорамро шӯяму канариро хӯрам.

Бузи кӯҳии шохкалон гуфтааст:

-Ман бисёр гуруснаам, аввал рафта, ба ман алаф биёр, хӯрда сер шавам, баъд шохамро медиҳам.

Зоғак аз қуллаи кӯҳ парида ба марғзор рафта нишасту гуфтааст:

-Марғзор, ҳо марғзор, ба ман алаф бидеҳ, пеши буз барам, вай шох диҳад. Аз Сурхтеппа хок гирифта, ба кулол барам. Кулол кӯза мекунад, бурда аз ҷӯй об мегирам, минқорамро мешӯям ва канариро мехӯрам.

Марғзор гуфтааст:

-Банди алафи ман бисёр сахт, рав дос биёру даравида гир!

Зоғак парида ба деҳа рафта болои дари оҳангар нишаста:

-Усто-амак, ҳой усто-амак, як дос бидеҳ, алаф даравам, бурда ба бузак диҳам, бузак ба ман шох бидиҳад, аз теппа хок мегирам, кулол ба ман кӯза мекунад, об мегирам, минқорамро мешӯям, канариро мехӯрам.

Охангар гуфт:

-Ман ба ту дос медиҳам, лекин ҳамин рӯз ангиштам тамом шуд, рав аз кӯҳи сиёҳ ангишт биёр, ба кӯрра меандозам оҳан сурх карда, ба рӯи кӯба гирифта, як доси нағз сохта медиҳам.

Зоғак сӯйи кӯҳи Сиёҳ рафта гуфтааст:

-Кӯҳи сиёҳ, ҳой кӯҳи сиёх, ангишт бидеҳ, ба оҳангар барам, дос карда медиҳад. Досро ба марғзор мебарам, алаф даравида ба бузак медиҳам, бузак шох медиҳад. Ба шох аз теппа хок мегирам, бурда ба кулол медиҳам, кулол кӯза мекунад, кӯзаро бурда аз ҷӯй об мегирам, минқорамро мешӯям ва канариро мехӯрам.

Кӯҳ гуфтааст:

-Эй зоғ ангишт надорам, рав аз беша кунда биёр, ман кундаро сӯхта, ангишт тайёр мекунам, гирифта меравӣ.

Зоғак ба беша рафта, ба шохи як чинори калон нишаста мегӯяд:

-Беша, беша кунда бидеҳ, бурда ба  кӯҳи сиёҳ медиҳам. Кундаро сӯхта ангишт карда медиҳад. Ангиштро ба оҳангар мебарам, ба кӯрра меандозаду дос карда медиҳад. Досро ба марғзор мебарам, алаф медаравам, алафро ба бузак мебарам, бузак шох медиҳад. Бо шох аз теппа хок мегирам, ба кулол медиҳам. Кулол кӯза мекунад,бурда об мегирам, минқорамро мешӯям ва канариро мехӯрам.

Беша ба зоғак як кунда додааст. Зоғак гирифта ба кӯҳи сиёҳ бурдааст. Кӯҳи сиёҳ кундаро гирифта, ангишт карда додааст. Ангиштро бурда ба оҳангар додааст. Оҳангар ангиштро гирифта, як доси тез сохта додааст. Зоғак аз марғзор алаф даравида, бурда ба бузак додааст. Бузак ба вай шох додааст. Бо шох аз теппа хок гирифта, ба кулол бурда додааст. Кулол як кӯзаи хушрӯяк сохта додааст. Зоғак кӯзачаро дида, чунон хурсанд шудааст, ки ба гуфтан рост намеояд. Кӯзачаро гирифта ба лаби ҷӯй рафтаасту:

-Ҷӯяк, ҳой ҷӯяк мана кӯза овардам, об деҳ – гуфтааст.

-Пештар биё худат гир, – гуфтааст ҷӯй.

Зоғак ба кӯзача об гирифта минқорашро шустааст. Накҳати фораме ба машомаш расида хушҳол шуда, ба худ гуфтааст: “Дармони дарди ман будааст ин кӯзача, онро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳам ва ҳар бор об гирифта минқорамро мешӯям”. Аз ин фикр дилаш сабук шуда, шодикунон пеши канарӣ омада ба ӯ гуфааст:

-Канарӣ аҷаб маслиҳати хубе ба ман додӣ. Ташшакур ба ту! Ба подоши ин некиат ман ҳеҷ гоҳ туро нахоҳам хӯрд.

Омодакунанда: Марҳамадзода Рухшона, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 57

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин