Ботаника

1.  Афзоиши растаниҳо дар чӣ мебошад?

А) дар зиёдшавии микдори баргҳои растаниҳо мебошад;  В) дар зиёд шудани ҳуҷайра дар таркиби растаниҳо; С) дар нест кардани растаниҳои зараровар мебошад; D) дар тағйирёбии обу ҳаво мебошад;

2.  Пардаи  тунуки  пиёзро  барои  он  бофта  меноманд, ки он:

А) хеле тунук аст; В) аз ҳуҷайраҳои  аз  ҷиҳати  сохт  якхела ва иҷрокунандаи  вазифаи  муҳофизатӣ  иборат  мебошад;  С) дар таркибаш равғани эфир дорад; D) аз якчанд қабат иборат аст;

3.  Кадоме аз узвҳои номбаршуда қисми навдаи тани растаниҳоро ташкил медиҳанд:

А) реша ва баргҳо;  В) муғҷа  ва  баргҳо;   С) пӯст;   D) гул;

4.  Мева аз чӣ ташаккул меёбад:

А) аз муғҷаҳои калон ташаккул меёбад;     В) аз танаи навда ташаккул меёбад; С) аз гураи  тухмдон  ташаккул  меёбад;     D) аз витаминҳои организми растанӣ;

5.  Мева  аз  тухмҳои  дорои  патҳои  сафед, парашутчаҳо  ва  болҳо  ба  воситаи: А) ба воситаи ҳашаротҳо паҳн мешаванд;  В) ба воситаи барфу борон паҳн мешаванд; С) ба воситаи шамол (бод) паҳн  мешаванд; D) ба воситаи растаниҳои атроф паҳн мешаванд;

6.  Лунда – ин:

А) муғҷаҳои калони сабз ба шумор меравад;   В) шакли дигаргуншудаи навда ба шумор меравад;   С) баргҳои лундашакли хурд ба шумор меравад;  D) гули растанӣ ба шумор меравад;

7.  Лундачаҳое, ки хокро хосилхез мегардонанд, дар кадоме аз оилаҳои номбаршуда ҳосил мешаванд:

А) дар настаранҳо ҳосил мешаванд;  В)дар лубиёгиҳо ҳосил мешаванд;   С) дар буттаҳо ҳосил мешаванд;   D) дар растаниҳои якпалла ҳосил мешаванд;

8.  Муғча – ин:

А) ҳуҷайраҳои пухтаи растанӣ мебошад;   В) навдаи ҳанӯз инкишофёфтаи ҷанинӣ мебошад;  С) меваи инкишофнаёфта мебошад;   D) навдаи хушкшуда аст;

9.  Аввалин ихтироъкори микроскоп кист ва он микроскоп ашёро чанд маротиба калон нишон медод:

А) Ч. Дарвин, 150 маротиба;  В) А. Арасту, 270 маротиба;    С)  А. Сино, 300 маротиба;   D)А. Левенгук, 270 маротиба;

10.  Нуқтаи  сабзиши  муғҷа аз  чӣ иборат аст?

А) аз бофтаи бавучудоваранда,(хосилкунанда) иборат аст;  В) аз бофтаи мевадиҳанда иборат аст;    С) аз бофтаи сабзиш иборат аст;  D) аз бофтаи муғҷабарор;

11.  Вазифаи пояи растаниҳо дар чист?

А) хокро нарм ва ҳосилхез мекунанд;    В) моддаҳои химиявиро нест карда моддаҳои органикиро ба растанӣ мефиристонанд;  С)  маҳлули  модаҳои  ғизоиро  мегузаронанд, моддаҳои  органикиро  ҳосил  мекунанд;   D) растаниро аз ҳашаротҳои дар зери хок буда эмин медоранд;

12.  Кадом узви растаниро гул меноманд:

А) узви генеративии растаниро;   В) узви хромотофории растаниро;  С) узви бордоршавандаи растаниро;     D) узви сапрофитии растаниро;

13.  Барои  аксариятҳои  биогеосензҳои табиӣ ба  сифати манбаи  энергия чӣ  баромад  мекунад?

А) поя;     В) барг;        С) хлорофилл;        D) мӯякрешаҳо;

14.  Барои чӣ занбурӯғхо кобилияти  гузаронидани  раванди  фотосинтезро доро нестанд?

А) чунки онҳо фотосинтезро қабул наменамоянд;    В) чунки онҳо хлорофил  надоранд;     С) чунки дар ҳуҷайраи онҳо вакуола вуҷуд надорад;    D) чунки нури офтоб ба онҳо намерасад;

15.  Сохти  ҳуҷайравии  тамоми  растаниҳо чиро тасдиқ мекунанд:

А) пайдоиши  онҳоро аз  пешгузаштагони умумиро тасдиқ мекунанд;    В) ранги сабзашонро тасдиқ мекунанд;    С) ҷиҳати сохт ва шаклашонро;   D) макони сабзишро тасдиқ мекунанд;

16.  Санавбар барои чӣ дар чангалзор табақаи болоиро ишғол намудааст?

А) чунки пояи дароз дорад;    В) чунки иқлими хушкиро дӯст медорад;  С) чунки равшанидӯст аст;    D) чунки дар онҳо барг намесабзад;

17.  Ситоплазма дар  ҳуҷайра чиро таъмин менамояд:

А)  ранги гуногунро вобаста ба иқлимро таъмин менамояд;  В) ҳифзи қисмҳои дигари ҳуҷайраро таъмин менамояд;   С) аз пӯсидан ва нест шудани организм эмин медорад; D)алоқамандии  қисмҳои  гуногуни ҳуҷайраро таъмин  менамояд;

18.  Кадоме аз шохаҳои илми  биология сохти растаниҳоро меомӯзад:

А) Зоология;    В)  Экология;    С) Ботаника;     D) Биологияи умумӣ;

19.  Системаи реша таркиб ёфтааст аз:

А) аз мӯякрешаҳо;   В) аз патакрешаҳо;    С) аз тиррешаҳо; D)аз  тамоми  хелҳои  решаҳои растанӣ;

20.  Тухм аз чӣ таркиб ёфтааст:

А) аз ҳуҷайраҳои нав инкишофёфта;   В) аз реша, поя, барг ва гул;  С) аз ҷанин  ва  моддаҳои  ғизоӣ  таркиб  ёфтааст;   D) аз моддаҳои органикӣ;

21.  Кадом намуди растанӣ тавассути лундаҳо афзоиш меёбанд:

А) себ;    B) картошка;    С) гандум;   D) меваҳои тропикӣ (банан, ананас, …);

22.  Ботаника чиро меомӯзад:

А) узвҳои растаниҳоро;  В)фаъолияти ҳаёти растанӣ ва сохти берунию дарунии растаниҳоро;  С) растаниҳои нестшударо;    D) тамоми организми зиндаро;

23.  Барои чӣ танаи растании дарҷаи  олӣ  организми том дониста шудааст?

А) барои он ки онҳо аз хок ғизо мегиранд;   В) барои он ки онҳо организми зиндаанд;   С) барои он ки ҳамаи  узвҳои он  аз  ҳуҷайра  таркиб  ёфтаанд;   D) танаи растании дараҷаи олӣ организми том дониста нашудааст;

24.  Таснифот (систематика) – илмест, ки:

А) растаниҳои қадимаи дар вақти ҳафриёт ёфташударо меомӯзад;  В) рӯшноӣ ва ғизогирии растаниҳоро меомӯзад;  С) аломатҳои умумии гурӯҳҳои растанҳои хешро меомӯзад;   D) ба воситаи ҳайвонҳо гардолуд шудани растаниҳоро меомӯзад;

25.  Растаниҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?

А) ба ду гурӯҳ: якпалла ва дупалла;    В) ба ду гурӯҳ: тропикӣ ва субтропикӣ;   С) ба гурӯҳҳо тақсим намешавад;   D) ба се гурӯҳ: соядиҳанда, мевадиҳанда ва буттагӣ;

26.  Тухми растаниҳои лубиёгӣ аз миқдори зиёди:

А) моддаҳои химиявӣ таркиб ёфтааст;  В)сафедаҳо таркиб ёфтааст;    С) мӯякрешаҳо таркиб ёфтааст;  D) крахмал таркиб ёфтааст;

27.  Такомул (эволюсия) гуфта чиро меноманд?

А) аломатҳои умумии растанҳоро меноманд;  В) аз нав эҳё шавии қисмҳои зараровари растаниро; С)инкишофи таърихии олами растаниҳоро меноманд;  D) вобаста ба шакл, намуд, оила ҷудо намудани растаниҳоро меноманд;

28.  Дар кадом намуди организми растаниҳо, ҳуҷайраҳои гуногун вазифаҳои ҳархеларо иҷро мекунанд;

А) растаниҳои бисёрҳуҷайра;    В) растаниҳое, ки якранга нестанд;  С) растаниҳои рӯшноидӯст;   D) растаниҳои гулкунанда;

29.  Тани гулсангҳо аз кадом организмҳо таркиб ёфтаанд:

А) пӯст ва мӯякчаҳо;   В) занбуруғ ва обсабз;    С) барг;  D) решачаҳои зиёдатӣ;

30.  Вакуолаҳо бештар дар ҳуҷайраҳои кадом растанӣ хуб намоёнанд?

А) дар ҳуҷайраҳои растаниҳои пир  ва  тарбузи  пӯхта;   В) дар растаниҳои тропикӣ аз ҷумла банан, ананас, афлесун ва ғ.   С) дар растаниҳои хушкшуда, ки аллакай қобилияти нестшавиро дороянд;   D) дар ҳеҷ растанӣ вакуолаҳоро хуб дида намешавад;

31.  Вазифаи ситоплазма дар ҳуҷайра аз чӣ иборат аст?

А) алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар;    В) таъмин намудани органоидҳои ҳуҷайра аз моддаҳои фоидаовар;    С) қабул намудани фотосинтез аз нурҳои офтоб;   D) зиёд кардани узвҳои растанӣ;

32.  Аз рӯйи аломатҳои систематикӣ (таснифотӣ) номи дуюми растаниҳои пушидатухм чигуна муаррифӣ карда шудааст:

А) растаниҳои буттагӣ;   В) растаниҳои гулдор;   С) растаниҳои якпалла;   D) растаниҳои дупалла;

33.  Растаниҳои гулдор ба олами кадом намуди организмҳо дохил кардаанд:

А) ба организмҳои зинда дохил кардаанд;    В) ба организмхои ядродор дохил кардаанд;    С) ба организмҳои серҳуҷайра;   D) ба организмҳои ғайризинда;

34.  Муҳитеро номбар кунед, ки барои растании дараҷаи олӣ ба сифати манбаи аз худ намудани нитрогене, ки барои онҳо аз ҷиҳати синтез намудани пайвастагии органикӣ зарур аст, баромад кунад?

А) об;        В) офтоб;      С) хок;      D) ҳаво;

35.  Тассавур   кунед,  ки   мавҷудотҳои  зиндаи дар поён   овардашуда   ба   ҳайати   як  занҷири   ғизоӣ  дохил  мешаванд. Гӯед, ки кадоме аз онҳо дар занҷири ғизоӣ мавқеи аввалинро ишғол намудааст?

А) одам;     В) ҳайвонҳо;    С) растаниҳо;      D) ҳама баробаранд;

36.  Вазифаи ядро дар ҳуҷайра:

А) дар рафти алоқаманд гардонидани органоидҳои ҳуҷайравӣ байни ҳамдигар иштирок мекунанд; В) дар рафти нестшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;   С) дар рафти тақсимшавии ҳуҷайра иштирок мекунанд;   D) дар рафти фиристодани моддаҳо ба дигар органоидҳои ҳуҷайра иштирок мекунанд;

37.  Ҷузъҳои асосии гулро номбар кунед?

А) ғӯрак ва тухмдон;  В) гардбарг ва  тухмдон;   С) косабарг ва гулбарг;   D) гулбарг ва ғӯрак;

38.  Навда  гуфта чиро меноманд?

А) муғҷаеро меноманд, ки қобилияти навдабарориро доранд;  В) пояеро меноманд, ки дар он гулҳо мерӯянд;  С) пояеро меноманд, ки дар он муғҷаҳо ва баргҳо инкишоф меёбанд; D) пояе, қобилияти мевадиҳиро дорад, навда меноманд;

39.  Вазифаи селексионерҳо дар чист?

А) рӯёнидани навъҳои нави растаниҳо;  В) ҳифзи растанӣ аз ҳашаротҳои зараррасон;   С) инкишофи ҷузъҳои растанӣ;   D) тағйир додани шакли растанӣ;

40.  Нафаскашӣ гуфта чиро меноманд:

А) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо гази карбонат аз худ мешавад ва оксиген хориҷ мегардад;  В) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо моддаҳои химиявӣ аз худ карда мешавад ва газҳои оксигену карбон хориҷ мешавад;  С) Маҷмӯи равандҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи онҳо оксиген аз худ карда мешавад, гази карбонат хориҷ мегардад, энергия ҷудо мешавад;  D) Нафаскашӣ гуфта, сеякӣ узвҳои нафасбарорро меноманд;

41.  Ба гурӯҳи организмҳои автотрофӣ кадом гурӯҳи организмҳо дохил мешаванд? А) танҳо растаниҳои гармидӯст, ки бе об зиндагӣ карда метавонанд;   В) растаниҳое, ки қобилияти мевадиҳиро надоранд;    С)тамоми растаниҳо, сианобактерияҳо (обсабзҳои кабуду сабз) ва бактерияҳои хемосинтезкунанда; D) растаниҳое, ки энергияи (нурӯи) офтобро дӯст медоранд;

42.  Дар куҷои картошка оҳар захира мешавад?

А) дар решаҳо;    В) дар эндосперми тухмаш;   С) дар баргҳояш;  D) дар даруни лундаҳо;

43.  Аломати асосии синфи растаниҳои дупалла – ин доштани:

А) Доштани пӯсти ғафс;      В) Дар онҳо системаи шохаронӣ дида намешавад;   С) Системаи типи тирреша, ҷанини дорои ду тухмпалла;  D) дар фаъолияти ҳаёташон як бор гул кардан;

44.  Растаниҳои пушидатухм аз растаниҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки:

А) онҳо мева ва тухм ҳосил мекунанд;   В) решаи онҳо то 10 метр қад мекашад;

С) онҳо қобилияти мева ҳосил карданро надоранд;  D) тамоми узвҳои растанӣ бо мӯякрешаҳо пӯшонида шудааст;

45.  Навъи растаниҳо гуфта:

А) гурӯҳи растаниҳои нисбатан ҳархела ва дорои аломатҳои гуногунро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;   В) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як синфанд ва тарзи инкишофёбиашон якхелаанд;  С) гурӯҳи растаниҳоеро меноманд, ки аз як навъи растанианд ва бо хосияти пайвандкунӣ зиёд мешаванд;  D) гурӯҳи растаниҳои нисбатан якхела ва дорои аломатҳои муайянро меноманд, ки аз ҷониби инсон ба даст оварда шудаанд;

46.  Кадом узви номбаршудаи растаниҳоро мева гуфтан дуруст нест:

А) решамева ва лундаро;     В)гул ва реша;    С) муғҷа ва тухм;   D) мева ва тухм;

47.  Растаниҳои  алафи  аз  растаниҳои  буттагию  дарахтӣ  бо  доштани:

А) рангашон фарқ мекунанд;   В) баргҳои дарозрӯяашон фарқ мекунанд;   С) ранги пӯст ва миқдори паҳнияшон;  D)пояи  сабзи  сероб  фарқ  мекунанд;

48.  Ҳуҷайраи растанӣ ба воситаи кадом пигмент энергияи нурҳои офтобро аз худ намуда, онро ба энергияи, бандҳои  химиявӣ дар таркиби молекулаҳои пайвастагиҳои органикӣ захирашуда, табдил медиҳад:

А) крахмал;    В) сафедаҳо;     С) фотосинтез;    D)хлорофилл;

49.  Ранги баланд барои гулҳои растаниҳое хос мебошад, ки онҳо:

А) қади баланд дошта дар тарафи нурҳои офтобанд; В) ба воситаи хашарот гардолуд мешаванд;  С) хоки заминашон аз моддаҳои органикӣ бой аст;  D) решаи дароз доранд;

50.  Растаниҳои дараҷаи олиро барои он ба ин ё он синф дохил мекунанд, чунки онҳо:

А) аз як синф ва оилаанд;   В) узвҳои бо ҳам монанд доранд;   С) аз ҷиҳати хосияташон (яъне соядиҳанда ва мевадиҳанда);   D) дорои типи якхелаи реша мебошанд;

Ҷавобҳо:

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
A B B C C B B B D A C A D B A C D C
19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36
D C B B C C A B C A B A A B B C C C
37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50
B C A C C D C A D A D D B D
1+

3
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
2 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
3 Муаллифони тавзеҳҳо
Назаров КурбоналиМаъмуриятრყиიჟტი Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
რყиიჟტი
Меҳмон

Салом бародаро китобҳои синфҳои 2,3.4 кай монда мешавад

Маъмурият
Администратор

Салом, რყиიჟტი. Ҳоло маълум нест.

Назаров Курбонали
Меҳмон
Назаров Курбонали

тестхои техналогияи итилооти хастай моноен гирем