Ҳангоми равшан кардани ноутбук, хатогии Missing operating system мебарояд.

img_msg

Имрӯз ба ман як рафиқам дар ҳолати тарсу ваҳм занг зада гуфт: «бародар, дирӯз СО Windows 10 установка карда буданд, имрӯз бошад, дар экран ошибкаи Missing operating system мебарояд. Windows загрузка намешавад, чӣ кор кунам?»

Ман дар ҳол ӯро ором кардам, чунки аз рӯи таҷрибаам медонам, ки сабаби чунин хатогӣ дар бархе ҳолатҳо оддӣ ва соддаанд.

Дар тарҷума аз забони англисӣ навиштаҷоти Missing operating system маънои «Набудани системи омил» -ро дорад. Яъне, агар содда карда гӯем, систем намедонад аз куҷо загрузка шавад, ё ин ки таҷҳизоти он (масалан, диски сахт) — осеб дидааст. 

Аввал ман аз рафиқам пурсон шудам: «шояд дар ноутбук ягон намуди флешка ё ин ки диски иловагӣ васл карда шудааст

Ман ҳақ баромадам: дар вақти равшан кардани (ба кор даровардани) ноутбук, дар он флешка пайваст будааст.

Рафиқам флешкаро берун овард ва ноутбукро «перезагрузка» дод — баъд аз ин, Windows бе ягон мушкилӣ загрузка шуд.

Барои он ки дар оянда ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ нашавем, мо бояд ба BIOS -и ноутбук даромада, онро ба танзим дарорем ва загрузкашавиро аз диски сахт (Hard Disk) нишон дода, онро дар ҷои аввал гузорем.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *