Чӣ тавр метавон фаҳмид, ки кай «Windows» ба компютер насб карда шудааст?

img_cmd

Агар фаҳмидан хоҳед, ки кадом вақту соат  «Windows» ба компютер насб карда шудааст, пас бояд ин корро анҷом дод:

Медароем ба “Пуск” – “Выполнить”. Дар равзанаи кушодашуда командаи зеринро менависем cmd – ва “ОК” пахш мекунем:

Баъд, ин командаро: systeminfo менависем ва тугмаи Enter дар клавиатура пахш мекунем:

Як чанд сония мунтазир мешавем – баъди ин дар экран иттилооти гуногун оид ба системаи шумо пайдо мешавад. Аз рӯйхати пайдошуда сатри “Дата установки” -ро меёбем:

Дар ин ҷо шумо вақту соати насб шудани системи омилро дар компюетр мебинед. Дар ҳолати ман Windows дар таърихи 5.07.2014 насб карда шудааст.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *