Чӣ тавр навъи BIOS -ро фаҳмидан мумкин аст?

img_bios

Баъзан вақт ба мо донистани истеҳсолкунандаи компютерамон ва навъи BIOS -аш барои навсозии барномаи он ё барои муайян кардани кадом як хатогӣ аз рӯи сигналҳои овозиаш ё танҳо ба хотири кунҷковиамон лозим мешавад. Барои ин метавонем аз якчанд роҳҳо истифода барем:

1. Дарҳол баъд аз рӯшан шудани компютер дар ҳолати боршавии ситема, дар экрани компютер метавонед онро бубинед. Дар сатри аз ҳама боло истеҳсолкунандаи компютер ва навъи BIOS -ро дидан мумкин аст. Вале ин сатрҳо метавонанд ба зуддӣ аз байн раванд ва шумо аз диданаш бенасиб хоҳед монд, бинобар ин барои дарҳол гум нашуданаш аз тугмаи дар клавиатура будаи Pause (Break) истифода баред.

Метавонад, ба ҷои сатрҳои ба мо зарур тасвири дигар, яъне истеҳсолкунандаи тахтаи модарӣ (материнская плата) пайдо шавад. Дар ин вақт тугмаи Tab -ро пахш кунед.

2. Воситаи “Сведения о системе” -ро истифода баред. Барои ин медароем ба «Пуск» – «Выполнить» ва msinfo32 – ро дохил карда, «ОК» -ро пахш мекунем. (Ё ин ки “Пуск” – “Все программы” – “Стандартные” – “Служебные” – “Сведения о системе”). Равзанае пайдо хоҳад шуд, ки дар қисми рости он навъи BIOS -ро дидан мумкин аст.

3.Инчунин метавонед аз барномаҳои беруна истифода баред. Масалан, CPU-Z ё AIDA64. CPU-Z -ро фаъол мекунем, дар гӯшаи «Плата» тамоми иттилооти заруриро оид ба BIOS мебинем.

Дар барномаи AIDA64 (пештара Everest) бояд ба бахши “Системная плата” – “BIOS” гузарем. Дар тарафи рости он иттилооти ба мо лозим дарҷ мегардад.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *