Чӣ тавр Num Lock-ро ҳангоми загрузка ба таври худкор фурӯзон кард?

img_key

Тугмаи Num Lock блоки ададии клавиатураро фаъол мекунад, ки он дар қисми рост ҷойгир  аст (дар ноутбукҳо блоки ададӣ одатан вуҷуд надорад). Аз онҳо аксаран одамоне истифода мебаранд, ки ба ҷорӣ намудани бисёр рақамҳо сару кор доранд. Клавиатураи ададӣ метавонад дар ду реҷа фаъолият кунад:

— Вақте ки Num Lock фурӯзон бошад, дар клавиатура индикатори дахлдори он равшан мегардад ва тугмаҳо барои ворид кардани рақамҳо истифода бурда мешаванд.
— Вақте ки Num Lock хомӯш бошад, индикатор хомӯш аст ва тугмаҳо барои идоракунии курсор истифода бурда мешаванд.

Агар хоҳем, ки Num Lock худаш ҳангоми загрузкаи компютер фурӯзон шавад, бояд ин амалҳоро иҷро кунем:

  1. Агар он дар Биос хомӯш нашуда бошад (дар BIOS сарти BootUp NumLock Status — Enable\Disable нигаред), баъд аз якчанд маротиба загрузка кардан Num Lock ба таври дастӣ, система онро дар хотирааш мегирад ва дар оянда онро ба таври худкор ба кор медарорад.
  2. Дар реестр бо нишонии: HKEY_USERS\DEFAULT\Control Panel\Keyboard калиди Initial Keyboard Indicators ёфта, қиммати онро аз 0 ба 2 иваз мекунем.
    1. Файл месозем: numlock.reg (ҳатмист, ки файл мо дорои васегии .reg бошад (метавон файли матнии.txt бошад, ва баъд онро ба васегии .reg иваз кунем))
    2. Дар файл чунин навиштаҷотро ворид месозем:
      REGEDIT4
      [HKEY_USERS\.Default\Control Panel\Keyboard]
      "InitialKeyboardIndicators"="2"
    3. Файли сохтаи numlock.reg -ро мекушоем, тақрибан 3 сония интизор мешавем, баъд «Ок»-ро пахш мекунем.
    4. Баъд аз «перезагрузка»-и компьютер, ба Num Lock менигем, ки он фурӯзон шудааст.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *