Чаро «Windows 7» дар менюи «Пуск» барномаҳои истифидашударо намоиш намедиҳад?

img_start

Як рафиқам ба ман бо суоле муроҷиат кард: Чаро дар «Windows 7»-и компютери ман меню «Пуск» холӣ аст? Даромада дидам, дар ҳақиқат рӯйхати барномаҳои истифодашуда холист:

Ба болои менюи «Пуск» тугмаи рости мушро пахш карда аз рӯйхат «Свойства» -ро интихоб намоед. Дар равзанаи кушодашуда хатчӯби Меню «Пуск» -ро интихоб кунед. Мебинед, ки дар бахши “Конфиденциальность”  аломатҳои қайдӣ гузоштагӣ нестанд. 

Агар аломаҳоро гузорем, пас дар «Пуск» рӯйхати барномаҳои истифодашуда пайдо хоҳанд шуд. 

Ва дар охир гуфтаниям, ки агар мехоҳед, ки кадом яке аз барномаҳои дар компютер буда, дар рӯйхати барномаҳои доимо истифодашаванда пайдо шавад, пас метавонед аз рӯйхати барномаҳо ярлыки (суроға) ин барномаро пайдо карда, болои он тугмаи рости мушакро пахш кунед ва аз он фармони “Закрепить в меню “Пуск” -ро интихоб намоед. Акнун барномаи ба шумо лозим буда, дар менюи «Пуск» ҷойгир карда шуд.  

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *