Усулҳои хомӯш кардани компютер дар Windows 8.1

img_off

Мавзӯи имрӯзаи мо шояд ба касе хандаовар бошад, лекин гап сари он меравад, ки алъон чандин нафар аз ман ин суолро карданд: «Дар Windows 8.1 компютер чӣ хел хомӯш карда мешавад?» Бинобар ин, хостам ҷавоб гардонам.

Як чанд усули хомӯш кардани компютер вуҷуд дорад:

Усули 1: ҳангоми дар мизи корӣ қарор доштан, курсори мушакро ба қисми рости болоӣ ё қисми рости поёнии кунҷи экран бурда, онро таи як сония дар он ҷо қарор диҳед. Баъд аз ин чунин панел тасвир хоҳад ёфт:

Болои аломати ба шашгоник монанд («Параметры») пахш кунед. Пас аз он тугмаи “Выключение” – “Завершение работы” -ро интихоб кунед:

Усули 2: худи ҳамон «Параметры» -ро метавонед бо ёрии пахш кардани тугмаҳои дар клавиатура буда, Win+I даъват кунед. Пас аз он тугмаи “Выключение” – “Завершение работы” -ро пахш кунед.

Усули 3: тугмаи рости мушакро болои тугмаи «Пуск» пахш кунед, он дар тарафи чапи кунҷи экран қарор дорад. Аз он ҷо сатри “Завершение работы или выход из системы” – “Завершение работы” -ро интихоб кунед:

Усули 4: инак боз як варианти кӯҳнаи дигари хомӯш кардан низ вуҷуд дорад, ки ман онро ҳанӯз аз давраи Windows XP истифода мебурдам. Аввал бо мушак ба ҷои холигии мизи кори пахш мекунем ё болои сатри вазифаҳо, баъд аз он дар якҷоягӣ тугмаҳои Alt+F4 -ро дар клавиатура пахш карда, “Завершение работы” – “ОК” -ро интихоб мекунем.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *