Кабели шабакавӣ — тарзи сохтан ва пайвасткунии он

img_lan

Имрӯз ман мехоҳам ба шумо оиб ба тарзи дуруст пайваст кардани кабели шабакавии (сетевой кабель) ҷуфти каҷ (витая пара) нақл кунам, инчунин барои ин кор аз кадом асбобҳо истифода мебаранд, бароятон бигӯям. Албатта ҳастанд нафароне, ки бо истифода аз корду «отвертка» метавонанд, ин корро анҷом диҳанд, лекин маъмури системӣ бояд бо худ асбобҳои зарурӣ дошта бошад, то ки ин гуна корҳоро бо сифати баланд анҷом диҳад.

Инак, мо барои пайваст кардани кабели шабакавӣ омода ҳастем. Барои ин ба мо чӣ лозим аст?

1. Кабели навъаш «витая пара» -и категориаш 5-ум.

2. Коннекторҳои RJ-45 (ду адад). Сарпӯшаки коннектор — барои аз чангу об нигоҳдоштани майдони контактии коннекторҳо истифода бурда мешавад (лекин ҳатмӣ нест).

 

3. Асбоби пайвасткунанда (онро боз кримпер ном мебаранд) Ба воситаи кримпер одатан коннекторҳои шабакавии RJ-45 ва нокили телефонии RJ-11 пайваст карда мешавад. Ғайр аз ин он дорои дандонаҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо ноқилҳоро мебуранд.

 

4. Cтриппер — ин асбоб асосан барои бурида гирифтани рӯйпӯши кабел истифода бурда мешавад. Доштани ин асбоб ҳатмӣ нест, чунки ба воситаи асбоби болоӣ — кримпер, ки дандонаҳои махсус дорад, аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд.

Акнун моро зарур аст, ки нақшаи пайвасткунии кабелро дида бароем. Хуб, инак ду намуди пайвасткунии коннектор ба ноқилҳо «витая пара» вуҷуд дорад:

— кабели рост — барои компютерр бо коммутатор пайваст кардан хизмат мекунад.

— кабели салибмонанд (кроссовер ном мебаранд) — барои пайвастшавиии ду компютер ба ҳамдигар бе истифодаи коммутатор хизмат мекунад, инчунин барои пайваст кардани коммутаторҳои пештара (кӯҳна) истифода бурда мешавад.

Ҳангоми сохтани кабели рост ва ҷуфт кардани ноқилҳои рангоранги даруни он, метавон аз ду стандарт истифода бурд: T568A ва T568B. Ҳардуи ин стандартҳо комилан ба ҳамдигар баробар буда, ҳамчун пайвасткунандаи компютер ба коммутатор истифода бурда мешаванд. Вале стандарти T568B нисбатан маъмул аст.

Ман ба шумо тарзи пайваст кардани кабели ростро аз рӯи ин ду стандарт намоиш медиҳам, аммо шумо донед, ки дар амал бештар нақшаи T568B истифода бурда мешавад. (ман онро нисбатан наздиктар намоиш медиҳам).

Вариант аз рӯи стандарти T568A

Вариант аз рӯи стандарти T568B

Тарзи сохтани кабели салибмонандро (crossover) пайдарпай мебинем:

Инак, ҳамаи асбобҳои зарурӣ ва нақшаи пайвасткуниро дар даст дорем, ба пайвасткунии кабели шабака шурӯъ мекунем. Пайдарпаии амалҳои зеринро бояд иҷро кард:

1. Бо эҳтиёт нӯги кабелро буред. Барои ин аз корди насбкардашудаи кримпер истифода баред.

 2. Рӯйпӯши кабелро ҷудо кунед. Ин корро ҳам ба воситаи кримпер ва ё стриппер метавонед анҷом диҳед.

 

3. Ноқилҳои пайдошударо аз ҳам рост карда, ҷудо кунед. Дар як қатор ҳамаи онҳоро баробар кунед. Шумо бояд ноқилҳоро тавре гузоред, ки рангҳошон ба стандарти T568B мувофиқ ояд.

4. Дарозии ноқилҳоро тахминан аз 1 см зиёдтар гузошта, кӯтоҳ кунед.

5. Ноқилҳоро ба сӯрохии RJ-45 дохил кунед.

6. Санҷида бинед, ки пайдарпаии ноқилҳоро дуруст гузоштед.

7. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи ноқилҳо дуруст ва то ба охир дар ҷояшон мустаҳкам даромадаанд.

8. Кабели ноқилҳояш дар коннектор бударо ба сӯрохии кримпер дароварда, ба он сахт (бо қувваи зиёд) фишор оред.

Кор дар ҳамин ҷо ба охир расид. Ҳарчанд ҳаракат кардам ҳарчӣ васеву равшан бароятон оид ба раванди ин кор нақл карда бошам, аммо чуноне дар урфиятмегӯянд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Барори кор! 😉

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

  1. Умед:

    БЕХТАРИН

  2. ээЭ Рахмат !!! Мехнат кардед !
    Хамин хел энсилопедхо бисёртар лозим !!! Бисёр ки шуд харакат мекунем шабакаи шуморо тез-тез пайгири кунем !!!

  3. Рахмат. Ахсан ба шумо

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *