Коммутатор Ethernet

img_com

Коммутатор Ethernet — ин яке аз таҷҳизотҳои шабакавӣ барои тақсим намудани ноқилҳои шабакавӣ ба компютерҳо буда, инчунин барои идора намудани кори шабака истифода бурда мешавад.

Коммутаторҳо якчанд намуд ва дорои иқтидорҳои гуногун мебошанд. Аз рӯи иқтидори тақсим намудани ноқилҳо ва хуб идора намудани шабака комутаторҳо 8-порта, 16-порта, 24-порта, 36-порта ва 64 порта мешаванд. Дар ҳар яке аз ин портҳои таҷҳизот мо метавонем ноқилҳои шабакавиро пайваст намуда, тарзи кори ҳар яке аз ин компютерҳое, ки ба шабака пайвастанд идора намоем ё ин ки таҷҳизоти дигари шабаквӣ яъне коммутатори дигарро низ ба яке аз портҳои ин таҷҳизот пайваст намуда, миқдори компютерҳое, ки ба шабака пайваст мешаванд зиёд намоем.

Коммутатор метавонад ҳар як компютере, ки ба он пайваст аст, тарзи суръати кори онро, яъне кори шабакаро тағйир диҳад. Ин таҷҳизот ҳар яке аз компютерҳоро аз рӯи рамзи махфии корти шабакавӣ, яъне аз рӯи (MAC-нишонӣ) муайян намуда, ба IP-суроғаи он маълумот равон ё қабул менамояд ва ҳангоми равон намудани маълумот он аниқ ва ба ҳамон компютере, ки дархост равон карда буд, маълумотро мефиристад. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *