Компютерҳои фардӣ ва қисмҳои таркибии он

img_pc

Компютер — ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқиро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори рӯи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда шуданашон мумкин аст. Ҳоло бошад дар лабораторияҳои махсус мутахассисон суръати кории компютерҳоро дар як сония аз миллиард ба триллионҳо амал расонданианд.

Компютер чун инсон дорои системаи хос мебошад, ки ба таври ҳайратангез «ҷисм»-у «ҷон»-ро бо ҳам мепайвандад. «Ҷисми» — «Hardware» сахтафзор – компютер ин қисми таҷҳизотии оҳанин аст. Васоити таҷҳизотии компютерҳои ҳозиразамон дорои механизми электронӣ, электромеханикӣ ва оптикӣ-электронӣ мебошанд. Ҳар як механизми он вазифаи муайян дорад. Дар мавриди зарурӣ кадом амалиётро иҷро намудани он аз фаъолияти барориши сигналҳои идоракунандаи электрикӣ бармеояд. Чунин фаъолият фармон номида мешавад.

«Ҷон» — «Software» нормафзор — ин системаи барномаҳои амалиест, ки тӯдаи оҳанинро рӯҳ мебахшад. Компютерҳои фардӣ аз се қисми асосӣ иборат аст :

 Монитор;

 Клавиатура;

 Блоки системавӣ.  

Инчунин ба компютерҳои фардӣ чунин таxҳизотҳо метавонанд илова шаванд:

 Муш ё ин ки манипулятор;

 Принтер;

 Сканер;

 Садобарор (динамик) ;

 Микрофон;

 Веб-камера;

 Суратгираки ададӣ;

 UPS;

 Модем;

 Факс, модем ва ғайра.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *