Намудҳои компютерҳои фардӣ

img_pc2

Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд:

1.Стансияи корӣ «Work Station – Рабочая станция». Чунин компютерҳо компютери пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар баъзаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи дупротсессора буда, ғунҷоишашон максималӣ мебошад. Сураъти корӣ ва хотираи фавриашон бузург мебошад. Якчанд дискҳои сахти ғунxоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд. Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масаъла, барои ҳисобкуниҳои илмӣ, сохтани графикҳо ё ин ки дигар таъинотҳо истифода мешавад. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таxҳизотҳо дохил мешаванд: 3D- видеокартаи касбӣ, таxҳизоти қабулкунии мавҷҳои телевизионӣ ва радио, инчуни сканери баландсифат ва ғайра.

2. Компютерҳои рӯи мизӣ «Desktop». Чунин компютерҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд: оффисӣ, хонагӣ, дизайнерӣ ва барои бозиҳо. Онҳоро аз рӯи се сатҳ баҳо медиҳанд. Яъне сатҳи аввал «Easy PC», сатҳи миёна «Mainstream» ва сатҳи баланд «High End». Компютерҳои оффисӣ ба барномаҳои синфи оффисӣ алоқаманд буда, ба шабакаҳои локалӣ пайваст шуда аз ҷиҳати маҳсулнокӣ ва сифат аз компютерҳои дигар фарқ намекунанд. Компютерҳои хонагӣ. Одатан чунин компютерҳоро барои вақтхушиҳои хонагӣ ва барои иҷрои масалаҳои на он қадар вазнини таълимӣ истифода мебаранд. Онҳо дорои видеокартаҳои сифати миёна ва як қатор дигар таxҳизотҳо мебошанд. DVD – дискдонтҳо ва CD ROM – и суръати кориашон миёна пайваст карда шудааст. Инчунин видеокартаҳои дорои таxҳизоти хориxкунӣ, ки имконият медиҳад мониторро ба телевизор иваз кунанд. Ба ғайр аз ин имконияти ба шабакаи глобалӣ пайвастшавӣ ба воситаи модемро дорад. Таxҳизотҳои зерине, ки ба чунин компютерҳо метавонад илова шавад, чунинанд: Принтер, Сканер, ТВ-тюнер, Web-камера ва ғайра. Компютерҳои дизайнерӣ. Ин гуна компютерҳоро барои таҳрири кинофилмҳо, мусиқиҳо ва рекламаҳо истифода мебаранд. Чунин компютер қариб, ки бо компютери стансияи корӣ якхелаанд. Барои он, ки корҳои вазнини графикиро иҷро мекунад, онҳо дорои видеокартаҳои махсуси, суръати кориашон баланд мебошанд. Компютерҳои дизайнериро бисёртар дар студияҳои телевизионӣ барои таҳрири барномаҳои намоишӣ истифода мебаранд. Компютерҳо барои бозӣ. Чунин компютерҳо платаи системавии пурқуввати графикиро доро мебошанд. Барои ҳамин элементи асосии он видеокартаи графикӣ ба шумор меравад. Онҳо протсессори суръати баланддор ва хотираи фаврии калонро доро мебошанд. Компютер барои бозӣ метавонад дорои чунин таxҳизотҳои иловагӣ бошад: ҷойстик, рулҳои мошинӣ, педалҳои мошинӣ, каскаҳо, айнакҳо ва дастпӯшакҳо.

3. Ноутбук «Notebook». Чунин компютер компютери фардӣ-дастӣ ба шумор меравад ва аз як ҷой ба ҷои дигар буда мешаванд ё ин, ки дар дохили автомашинаҳо истифода мекунанд. Ба ғайр аз оне, ки ноутбук камҳаҷм аст, инчунин бо аккумулятор низ кор мекунад. Одатан дар ноутбукҳо микропротсессори махсусро истифода мебаранд. Ноутбукҳо чипсетҳои хурди графикӣ барои кор кардан бо меъёри графикиро доранд. Дар чунин компютерҳо DVD-RW – пайваст карда шуда ва дар қатори клавиатура муш ҷойгир карда шудааст.

4. Ноутбукҳои рӯи мизи «DeskNote». Ин синфи компютерҳо соли 2002 ба миён омад. Ин компютери номбурда аз ноутбук ягон фарқияте надорад ба ғайр аз он, ки аккумулятор надошта ба тарзи автономӣ кор намекунанд. Инчунин дар ин навъи компютер протсесорҳои оддӣ истифода карда мешаванд.

5. Компютерҳои фардӣи планшетӣ «Tablet PC». Чунин компютерҳоро барои кашидани нақшаҳои муҳандисӣ истифода мебаранд. Ин гуна компютерҳо монитори калони алоҳида дошта, имконияти дохил кардани матнҳои дастнавис ва қалам барои кашидани расму графикҳоро доранд. Баъзе моделҳо клавиатура, трекбол, шинаҳо барои CD-ROM ва дискҳои чандирӣ доранд.

6. Компютерҳои фардии киссагии «Personal Digital Assistant, PDA». Чунин компютерҳо ба гурӯҳи компютерҳои синфи паст дохил мешаванд. Истифодабарии ноқулай дошта, барномаҳои камро қабул менамоянд. Аммо бисёр КФК имконияти пайвастшавӣ ба компютерҳои рӯи мизӣ, барои кӯчонидани маълумотҳо (монанди китоби рақамҳои телефонҳо, китобчаи қайди информатсияҳо) ва ғайрарро дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *