Робитаи байни компютерҳоро дар шабакаи маҳаллӣ (аз фармони Ping) месанҷем.

img_ping

Робитаи байни компютерҳоро дар шабакаи маҳаллӣ бо истифода аз фармони Ping метавонед бисанҷед. Фармони Ping барои фиристодани бастаҳои иттилоотӣ ба компютери фосилавӣ ва ҷавоб гирифтан аз он хизмат мекунад.

Барои гузаронидани тест дар шабака, бояд ворид шавед ба: «Пуск» — «Выполнить» – командаи cmd ворид сохта, тугмаи «ОК» -ро пахш кунед. Пас аз ин дар равзанаи фармони интерпретаторӣ фармони: ping 192.168.0.X дохил созед, дар ин ҷо Х -рақами компютер мебошад, ки шумо онро мехоҳед бисанҷед.

Масалан, шумо назди компютери IP-нишониаш: 192.168.0.3 қарор доред ва мехоҳед, ки пайвандии ин компютерро бо компютери IP-нишониаш: 192.168.0.5 бисанҷед, пас дар равзанаи фармони интерпретаторӣ фармони: ping 192.168.0.5 дохил сохта, тугмаи Enter -ро дар клавиатура пахш кунед. 

Ин фармони қабулшударо компютери IP-нишониаш: 192.168.0.3 ба компютери IP-нишониаш: 192.168.0.5 бастаҳоро мефиристад. Агар он ҷавоб гардонад, ин маънои онро дорад, ки пайвастшавӣ ба шабака хуб ҷараён дорад:

Агар бастаҳо гум шаванд ва ба шумо чунин посух ояд: “Превышен интервал ожидания для запроса”, ин аз набудани пайвастшавӣ шаҳодат медиҳад.

Агар як чанд бастаҳо гум шаванд, ин ифодагари он аст, ки сифати алоқаи байни ин компютерҳо хеле бад аст.

Сабаби талафоти бастаҳои иттилоотӣ метавонад дар ин бошад:

  • ба сӯрохии корти шабакавӣ ё коммутатор пурра (то ба охир) ҷойгир нашудани коннектор;
  • осеб ёфтани кабел ё изолятсияи он;
  • ба кабел нодуруст пайваст кардани коннектор;
  • қат шудани кабел ё печутоб хӯрдани он;
  • танзими нодурусти компютерҳо.

Шумо ҳамаи ин сабабҳоро як ба як санҷеда бароед. Агар баъд аз ин ҳам мушкилӣ ҳалли худро пайдо накунад, он гоҳ дар компютери пингшаванда брандмауэраш бояд хомӯш гардонида шавад. Дар ҳалли ҳама гуна мушкилот бароятон комёбиҳо хоҳонам.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *